Асосӣ Мақолаҳо Қаноат саодати дунёву охират аст

Қаноат саодати дунёву охират аст

Қаноат саодати дунёву охират аст
2017-02-03
6429

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Яке аз сифатҳои фозила ва ахлоқи ҳасанаи инсонӣ қаноат аст, ки ҷумла фазоил вобастаи он аст, балки қаноат роҳат дар дунё ва охират аст. Сифати қаноат мисли маркабест, ки одамиро ба манзили мақсуд мерасонад, инчунин василаест, ки саодати абадиро ба ҷониби одамӣ мекашонад, зеро ҳар ки қаноат пеша намояд, ҳамеша фориғбол ва мутмаин хоҳад буд. Инсони қаноатпеша ҳамеша хотирҷамъ аст ва ноил шудан ба комёбии охират ҳам барои ӯ осон хоҳад буд. Баръакси он, касе, ки аз ин сифат маҳрум аст ва тамаъу орзуҳои зиёди баде дорад, ба дунё фурӯ меравад ва ҳамеша хотирпарешон мегардад. Чунонки бузургон фармудаанд:

Қаноат сар афрозад эй марди ҳуш,

Сарири тамаъ бар наёяд зи душ.

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: «Хушо ба ҳоли касе, ки ҳидоят ба дини ислом ёбад ва ба қадри кафоф ба ӯ бирасад ва қаноат пеша кунад».

Инчунин дар ҳадиси дигар фармудаанд: «Эй мардумон чандон саъй дар талаби дунё накунед, зеро ки ба ҳеч кас намерасад, магар он чи барои ӯ муқаддар шудааст ва ҳеч бандае аз дунё намеравад, магар ин ки рӯзие, ки барои ӯ муқаддар аст, ба вай бирасад».

Косаи чашми ҳарисон пур нашуд,

То садаф қонеъ нашуд пурдур нашуд.

Ривоят аст, ки ҳазрати Мусо (алайҳиссалом) аз Ҳақ таъоло савол карданд, ки кадом як аз бандагон ғанитаранд? Фармуд: «Ҳар касе, ки қонеътар аст».

Илоҷи бемории ҳирс қаноат аст ва ҳосил кардани қаноат ин аст, ки худ биандешад, ки мол бо чӣ заҳмате ба даст меояд ва чӣ дарди сарҳое ва офатҳои дунявие дар пай дорад, агар бо роҳи ғайри қонунӣ ва шаръӣ бошад.

Шаҳнаи ин роҳ чу ғоратгар аст,

Муфлисӣ аз муҳташамӣ беҳтар аст.

Инсон бояд биандешад, ки моли зиёдтар аз қадри зарурат чӣ самару фоидае дорад. Агар аз барои фарзандон захира мекунад, бояд бидонад, ки Худои ӯ ва Худои фарзандонаш якест.  Чун ба ӯ рӯзӣ додааст, ба фарзандон низ хоҳад дод. Бояд биандешад, ки ӯ ғами фарзанд мехӯрад, чун аз ӯ зода шудааст. Чигуна Худое, ки ӯро офаридааст, ғами ӯро намехӯрад? Ӯ аз падару модар меҳрубонтар ва қуввати Ӯ бештар аст. Агар Худо тақдири касеро чунин офаридааст, ки бояд ба тангӣ рӯз бигзаронад, агар оламро аз барои ӯ захира бигзорӣ, аз дасти ӯ берун хоҳад рафт.

Нигорандаи кӯдак андар шикам,

Нигорандаи умру рӯзист ҳам.

Худовандгоре, ки абде харид,

Бидорад, факайф он ки абд офарид.

Инсон бояд дар зиндагӣ миёнаравӣ ва иқтисодро пешаи худ гардонад ва махориҷи зиндагиро ба қадри имкон маҳдуд намояд, ҳарчи зарурӣ нест ва зиндагӣ бе он ҳам мегузарад аз худ дур кунад, зеро ки бо вуҷуди хароҷоти бисёр қаноат имконпазир нест.

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Муҳтоҷ нашуд, ҳар ки миёнаравӣ кард».

Боз фармуданд: «Тадбири кор, худ нисфи маъишат аст».

Инчунин фармуданд: «Ҳар ки қаноат кунад, Худо ӯро бениёз мекунад ва ҳар ки исроф кунад, Худо ӯро фақир мегардонад».

Бешубҳа ҳар ки қаноат кунад, аз муҳтоҷии мардум раҳо гардида, аз хушомади дигарон фориғ шавад ва дар назди халқу Холиқ азиз гардад.

Қаноат тавонгар кунад мардро,

Хабар кун ҳариси ҷаҳонгардро.

Қаноат кун эй нафс бар андаке,

Ки султону дарвеш бинӣ яке.

Чу сероб хоҳӣ шудан аз оби ҷӯй,

Чаро резӣ аз баҳри барф оби рӯй.

Аз миёни мавҷудот се офарида барои худ захира мекунанд: Инсон, муш ва мӯрча. Боқимонда махлуқот субҳгоҳон аз пай рӯзӣ мебароянд ва шомгоҳон бо шиками сер бармегарданд ва захирае надоранд.

Дар ҳадиси шариф аст, ки «Миёнаравӣ ва хомӯшии баҷо ва роҳнамоии накӯ ҷузъе аз аҷзои нубувватанд».

Худованди Мутаъол мефармояд: «Ҳар ки парҳезгорӣ кунад, Худо ӯро аз ҳар ғаме роҳи наҷот мубахшад ва рӯзии ӯро мерасонад аз ҷое, ки гумон надошта бошад».

Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: «Қарордоди Худо он аст, ки рӯзии бандаи муъминро нарасонад, магар аз ҷое, ки гумон надошта бошад».

Ҳар инсоне дар зиндагӣ бояд ба болотар аз худ назар накунад, балки ба пасттар аз худ назар намояд ва итоати шайтонро накунад, зеро он лаин назари ҳар касро дар корҳои дунявӣ ба болотар аз худ меандозад ва ба ӯ мегӯяд, ки фалон ва фалонро нигар, ки чигуна дар неъмат ғарқаанд, чӣ таомҳои лазизе мехӯранд ва чӣ либосҳои накӯе мепӯшанд. Худро аз онхо пасттар накун ва дар талаби дунё сустӣ нанамо. Дар кори дин чашми одамиро ба пасттар аз худ мекушояд ва мегӯяд: Чаро худро заҳмат медиҳӣ ва ранҷ мекашӣ ва ин қадар аз Худо метарсӣ, ки фалону фалон аз ту олимтаранд ва ин қадар наметарсанд.

Худованди таъоло мефармояд: «Ман чун бар бандаи мӯъмин танг мегирам, маҳзун мешавад ва ҳол он ки ин тангӣ ӯро ба ман наздиктар мекунад ва ҳаргоҳ ӯро маъишат медиҳам, фараҳманд мегардад, ҳол он ки ӯро аз ман дуртар мекунад».

Ахборе, ки дар фазилати қаноат расидааст, аз шумор берун аст ва ҳамин хабари машҳур кофист, ки ҳар ки қонеъ шуд, бар маснади иззат по ниҳод ва ҳар киро хори тамаъ дар доман овехт, ба чоҳи мазаллат афтод.

Ба қаноат касе, ки шод бувад,

То бувад муҳташамниҳод бувад.

В-он ки бо орзу кунад хешӣ,

Афтад аз хоҷагӣ ба дарвешӣ.

Худованди Мутаъол аз вуҷуди бандагони худ ҳирсу афзунталабиро дур гардонад ва ба онҳо неъмати қаноат ато фармояд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:10
Пешин12:40
Аср17:17
Шом19:15
Хуфтан20:46
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар