Асосӣ Мақолаҳо Сифатҳои мӯъмини комил

Сифатҳои мӯъмини комил

Сифатҳои мӯъмини комил
2017-04-01
4540

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

         Ҳамду сано Худованди якторо ва дуруду салом бар Расули ӯ (с) ва хонадону ёронаш бод.

Яке аз тавсияҳои асосии дини мубини Ислом пойбандӣ ба ахлоқи нек ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ аст ва ҳадафи аслӣ аз нузули Қуръон ҳам ҳамин матлаб мебошад. Ба таъбири Шайх Саъдӣ: «Ҳадаф аз нузули Қуръон таҳсили сирати хуб аст, на тартили сурати мактуб». Аз ин хотир, Худованд дар оятҳои зиёде муъминонро ба доштани хислатҳои волои инсонӣ дастур додааст. Чунончи ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) мегӯяд, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ба ман даҳ оят нозил шуд, ки шахсе ба он амал кунад, ба биҳишт дохил мешавад» (Ривояти Аҳмад).

Ин даҳ оят дар сураи «Муъминун» аз ояти 1-ум то ояти 11 омадааст: «Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон, онон, ки дар намозашон тарсу умед мекунанд ва онон, ки аз беҳуда рӯй мегардонанд ва онон, ки закотро мепардозанд ва онон, ки шармгоҳи худро нигоҳ медоранд, ҷуз ба ҳамсарон ё канизони хеш, ки дар наздикӣ бо онон мавриди маломат қарор намегиранд ва касоне, ки ғайр аз ин (ду роҳи машрӯъро) биҷӯянд, аз ҳадди хеш таҷовуз кардаанд. Онон, ки амонатҳо ва паймонҳои худ риоя мекунанд ва онон, ки бар намозҳои худ давомдиҳандаанд (пойдоранд), инҳо меросбарон ҳастанд, ки ҷаннатро, ки ҳамеша дар он ҷовидонанд, ба мерос мебаранд».

          Албатта тибқи ин оятҳо он мӯъминоне наҷот ёфтаанд, ки дар намоз худашонро бо хузуъ ва хушуъ нигоҳ медоранд. Баъзе аз муфассирин мегӯянд: «Мурод дар ин оят ин аст, ки бандаҳои мӯъмин дар аснои намоз аъзоҳои зоҳирии худро беҳуда ҳаракат намедиҳанд ва ором меистанд. Баъзе муфассирин мегӯянд, ки «дар қалби чунин ашхос тарс ва хавфи Худованд ҷо шудааст». Баъзе дигар мегӯянд, ки «бандаҳои муъмин аъзоҳои зоҳирӣ ва ботиниашонро дар намоз ором мегиранд, зеро агар дар қалб тарси Худо бошад, аъзоҳои зоҳирии инсон тобеъи он мегардад, чунки қалб подшоҳи аъзоҳои инсон аст». Шахсе намозашро бо тарсу хавф аз Худо адо нанамояд, намоз ӯро аз корҳои зишт намегардонад. Вақте ки инсон намозро бо тавозуъ ва оромӣ адо намояд, аз ибодати адонамудааш лаззат ва ҳаловат мебарад.

        Сифати дигар мӯъминони комил ин аст, ки аз суханҳои беҳуда, аз он  ҷумла аз ҳаром, макрӯҳ ва он корҳое, ки инсон ба он ҳоҷат надорад, рӯй мегардонад. Дурӯғ, лағв ва бӯҳтон аз ҷумлаи корҳои беҳуда ва ҳаром аст, ки бандаи муъмин аз он дӯрӣ меҷӯяд. Хулоса дар дини муқаддаси Ислом ҳамаи амалҳо ва суханҳои манъ кардашуда, корҳои беҳуда маҳсуб мешавад.

       Инчунин муъминони комил закотро адо мекунанд, яъне агар молҳояшон ба нисоб расанд, закоти онҳоро тибқи фармудаи шариат сарф мекунанд ва андоми худро аз ҳаром нигоҳ медоранд, магар аз ҳамсари ҳалоли худашон, ки дар онҳо маломат намешаванд, яъне онҳо ғайр аз ҳамсарони ҳалоли худ ба дигарон наздик намешаванд.

Ҳамчунин онҳо дар амонат хиёнат намекунанд ва аҳду паймонро риоят мекунанд. Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Аз ҳама хиёнати калон, комил накардани намоз аст». Боз Расули Худо (с) фармуданд: «Аввалин чизе, ки шумо дар дин гум мекунед, амонат ва охирин чизе, ки гум мекунед, намоз аст». (Байҳақӣ).

       Ваъда ва назр низ аҳд аст ва дар аҳд вафо кардан омили муҳими наҷот аст. Сифати дигари муъминони комил ин аст, ки намозҳоро дар вақти худ адо мекунанд. Чунонки мебинем, Худованд дар ин оёт сифати муъминони наҷотёфтаро бо намоз шуруъ карда ва боз бо намоз итмом намудааст. Пойбандӣ ба намоз аз ин иборат аст, ки муъмин ин фаризаи илоҳиро бо таҳорати комил дар вақташ адо намояд. Аз Расули Худо (с) пурсиданд, ки кадом аъмол маҳбубтар аст? Расули Худо (с) фармуданд: «Маҳбубтарин аъмол намозро дар вақташ адо намудан аст» (Бухорӣ).

Соҳибони ин сифатҳо ворисони ҳақиқии Ҷаннатул-фирдавс ҳастанд ва онҳо дар ҷаннат доим ва ҷовид мемонанд. Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар вақте ки аз Худованд ҷаннатро суол кунед, Ҷаннатул-фирдавсро талаб кунед, чунки Ҷаннатул-фирдавс дараҷаи баландтарин аст». (Бухорӣ)

Хулоса, ҳар муъмине, ки орзуи расидан ба ин мақоми волоро дошта бошад, бояд, ки ба ин дастури саодатовари Худованд ва Расулаш амал намуда, ахлоқи ҳамида ва шоистаро дар худ касб намояд, то ба ризои Парвардигори худ мушарраф гардад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар