Асосӣ Мақолаҳо УМЕДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАВОНОН УМЕД БА ОЯНДАИ НЕКИ ДАВЛАТ АСТ

УМЕДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАВОНОН УМЕД БА ОЯНДАИ НЕКИ ДАВЛАТ АСТ

УМЕДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАВОНОН  УМЕД БА ОЯНДАИ НЕКИ ДАВЛАТ АСТ
2017-04-01
4929

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Санои беҳад Худовандро, ки замину замон офарид ва инсонро халифаи хеш таъин кард ва дуруди бепоён ба Расули гиромии ӯ, ки беҳтарин намунаи маънавияти одамиро дар рӯи Замин густариш дод.

Мегӯянд, ки таърих беҳтарин омӯзгор аст, зеро марҳила ба марҳила барои ҷомеаҳо ва кишварҳо сабақи зиндагӣ ва роҳу усули расидан ба саодату некбахтиро падидор мекунад. Тоҷикистон бо вуҷуди тӯли ҳазор сол бидуни давлат зистанаш тамаддун ва фарҳанги оламшумуле офаридааст, ки аз ин ганҷинаи хираду маонӣ ҳама мардумони олам барои расидан ба пешрафтҳои давлатҳояшон пурсамар истифода мебаранд.

Расму анъана, роҳу равиши андеша ва одатҳои мардуми тоҷик, ки поя бар ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва тафаккури созанда доранд, аз ҷониби аксар мардумони олам ва пайравони адёни гуногун ситоиш мешаванд ва бисёре аз аносири он дар ҳаёт татбиқ мегарданд. Фаразан, тариқи тоҷикии бунёди оила, ғамхории волидон барои фарзандон ва дар навбати худ дар ғояти пирӣ масъул гардидани фарзандон барои нигоҳубини волидон беҳтарин меъёри ахлоқист, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи Ғарбро ба худ кашидааст. Зеро буҳрони асосии ҷомеаҳои ғарбӣ маҳз набудани меҳру шафқат миёни волидону фарзандон мебошад. Ё худ дар аксар давлатҳои ҷаҳони Ғарб низоми исломии бонкдориро ҷорӣ намуда истодаанд, ки боз ҳам поя ба аҳлоқи муомилаи поку беғараз миёни давлат ва мардум дорад.

Яке аз ин гуна арзишҳои неки мардумӣ дар Тоҷикистон – таълиму тарбияи насли ҷавон, дар ниҳоди онҳо устувор намудани анъанаҳои неки ахлоқии гузаштагон аст. Дар кишвари мо, ки беш аз 70 дарсади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳ намудан ба раванди омӯзишу парвариши онон аз масъалаҳои асосии давлатдорист. Бо назардошти ҳамин нуктаи муҳим Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд.  Бо эъломи “Соли ҷавонон” Пешвои миллат ба ҳама сохторҳои давлатдорӣ дастур доданд, ки нақшаву лоиҳаҳо ва барномаҳои муносибат бо ҷавононро таҳия ва дар амал татбиқ намоянд.

Ин ибтикори Сарвари давлат басо саривақтист, зеро бо назардошти пурталотум будани ҷаҳони муосир, сар задани буҳронҳо дар заминаи муаммоҳои иҷтимоӣ масъалаи пок нигоҳ доштани тафаккури ҷавонон, роҳнамои намудани онон ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дар ниҳоди ҷавонон тақвият додани он андеша, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост ва маҳз онҳо бояд аз имрӯз барои сохтани бинои ояндаи ҷомеа омода бошанд, хеле ҷиддӣ ва пурмасъулият ба назар мерасад.

Дар ҳақиқат ҷавонон дар зиндагӣ нақши муҳим мебозанд. Худованди карим барои ҷавонон як нерӯи ҷисмонӣ ва фикрие додааст, ки аз калонсолон хеле бартарӣ доранд. Агарчи калонсолон дар илму таҷриба аз онҳо пештаранд, вале ғолибан аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ирода қавӣ нестанд ва наметавонанд корҳоеро анҷом диҳанд, ки ҷавонон ба он метавонанд даст зананд. Ҳангоми эълони "Соли ҷавонон" Пешвои миллат ба ҷавонон муроҷиат карда изҳор намуданд, ки “ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд”.

Дини мубини Ислом низ нисбати ҷавонон эҳтироми хоса қоил аст ва дар Қуръони Карим ба ин эҳтиром ишораҳо рафтааст. Масалан, пурсиши Ҳазрати Иброҳим (а) аз писараш Исмоил (а) дар бобати забҳ карданаш, ки дар сураи “Соффот”, ояти 102 зикраш рафтааст, чунин аст: Чун бо падар ба ҷое расид, ки бояд ба кор бипардозанд, гуфт: «Эй писаракам, ҳаройна, дар хоб дидаам, ки туро, бешубҳа, забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ» Гуфт «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ, амал кун, ки агар Худо бихоҳад, маро аз собирон хоҳӣ ёфт».

Расули Акрам (с) низ дар таълим ва тарбия ҷавонон саҳми босазое гузоштааст, ки баъдан саҳобагони ҷавоне, чун Абдуллоҳ ибни Аббос (р), Абдуллоҳ ибни Умар (р), Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р), Муоз ибни Ҷабал (р), Зайд ибни Собит (р) ва садҳо ҷавонони дигар, ки аз мактаби Пайғамбари Худо (с) таълим гирифта буданд ва барои ин уммат хидматҳои босазое карда, барои наслҳои баъдӣ мероси гаронбаҳое гузоштаанд. Намунаи ин гуфтаҳо Зайд ибни Собит (р) аст, ки дар 10 ё 12-солагӣ ба хидмати Расули Акрам (с) расид ва дар як рӯз 17 сураи Қуръонро аз бар кард ва мавриди эътимоди Пайғамбари Худо (с) қарор гирифт. Ӯ забонҳои форсӣ, румӣ, қибтӣ, ҳабашӣ, сурёниро медонист. Мувофиқи сарчашмаҳо бо пешниҳоди Расули акрам (с) Зайд ибни Собит (р) ба омӯхтани забони ибрӣ шурӯъ кард ва дар 17 рӯз забони ибрӣ (яҳудӣ)-ро азхуд кард. Зеро мактубҳоеро, ки Пайғамбари Худо (с) ба қабоили яҳуд мефиристод, ибтидо як марди яҳудӣ менавишт. Баъдан он яҳудиро Зайд ибни Собит (р) иваз кард. Солҳои охири ҳаёти Пайғамбари Худо (с) котиби ваҳй буданд ва аз ҷумлаи қориёни саҳоба ба шумор мерафтанд.

Баъди вафоти Расули Акрам (с) дар замони хилофати Абӯбакри Сиддиқ (р) бо машварати Абӯбакру Умар (р) Зайд ибни Собит (р), ки он вақт 21 сол дошт, ба ҷамъоварии Қуръони карим шурӯъ кард. Зайд (р) бо вуҷуди ҷавонӣ дар миёни акобири саҳоба, аз бузургони фиқҳ ва раъй буд. Дар қазовату фатво, дар қироату фароиз ва дар замони хилофати хулафои рошидин ва панҷ соли баъди вафоти Ҳазрати Алӣ (р) раёсати шаҳри Мадина бар уҳдаи ӯ буд. Болотару волотар аз инҳо ба ақлу фаросат, шиддати парҳезгорӣ, амонат, ҳусну хулқ ва покии имон маъруф буд. Аз ин ҷост, ки Абӯбакри Сиддиқ (р) вақте масъулияти ҷамъоварии Қуръонро ба уҳдаи ӯ супорид, гуфт: “Мо туро муттаҳам намешиносем”.

Доктор Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал дар китоби “Ас-Сиддиқу Абӯбакр” чунин менависад: “Аз он ҷо Зайд (р) барои ҷамъоварии Қуръон интихоб шуд, ки ҷавон буд, нерӯяш беш аз дигарон. Бо диққату оромӣ ба бузургони саҳоба гӯш мекард ва дар такя бар зеҳни худ иктифо намекард ба изофаи он ки охирин котиби ваҳйӣ буд”.

Бузургони мову шумо низ аз саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи ҷомеа умедҳои зиёде доштаанд. Аллома Иқболи Лоҳурӣ намунаи ин гуфтаҳост, ки ҷавононро нерӯи созанда ва аслӣ дар ҷомеа медонад ва мегӯяд:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,

Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо.

Аллома Иқбол аз рафтори нохуби ҷавонон ба шигифт омада менависад:

Навҷавонеро чу бинам беадаб,

Рӯзи ман торик мегардад чу шаб.

Пас, ҷавонони имрӯза меросбарандагони ҳамон насл мебошанд ва агар ба худ ва меҳани худ накӯӣ кунанду қадру манзалати худро дарёбанд ва амонати ватандориро бар дӯш гиранд, албатта, метавонанд ба монанди онҳо хидмате барои дину мазҳаб ва давлату миллати худ намоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҷавонони имрӯза гирифтори мушкилоти зиёде мебошанд, ки аз ҷумлаи ин мушкилот фирефта шудан ба равияҳои ифротии гуногун аст. Ҷавонони мо, ки имрӯзҳо дар қаламрави Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд, ба гурӯҳҳои ифротгаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб мешаванд. Ба муҳоҷирони мо мегӯянд, ки онҳоро дар давлатҳои хориҷ бо ҷойи кор таъмин мекунанд ва ҳатто чиптаи роҳ харида, онҳоро ба хориҷа мебаранд, вале чун ба он ҷо расиданд, шиносномаҳои онҳоро мегиранд ва муҳоҷирон намедонанд, ки минбаъд онҳоро ба куҷо мебаранд. Агар ҷавононро ба ҳоли худ гузорему онҳо ба ин равияҳо гароянд, бешак, ҳам ахлоқи онҳо вайрон мешавад, ҳам рафторашон ва ҳам ақидаашон. Равияҳое, ки онро даъватгарони ба ном исломӣ ривоҷ медиҳанд, дар зоҳир агарчи назаррабо намоянд ҳам, вале дар асл чун заҳри қотиле мебошанд, ки ҷавонони мо бе ин ки аз ҳақиқати он огоҳӣ дошта бошанд, ба он мепайванданд. Агар сари роҳи ин навъ равияҳо гирифта нашавад, бегумон, ҷавонони мо ба доми онҳо меафтанд ва оқибати кишвар ва ҷомеа зери хатар меравад.

Аз ин ҷост, ки ислом барои таълиму тарбияи насли ҷавон аҳамияти зиёд медиҳад, то волидайн дар дили фарзандони худ рӯҳияи имондориро ҷой диҳанд, то ки онҳо барои ҳифзи кишвар ва дини худ ба мисли қалъаи пурқуввате бошанд. Чунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ қайд карданд: “Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад”.

Эълон шудани Соли ҷавонон барои ҳама сохторҳо ва аз ҷумла рӯҳониёни кишвар масъулияти азиме ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ахлоқу рафтори неки инсонӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ ба пеш мегузорад. Дар ин самти фаъолият кор гирифтан аз таълимоти мазҳаби поки ҳанафӣ, ки мазҳаби инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат ва хайру эҳсон аст, хеле пурсамар хоҳад буд. 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар