Асосӣ Мақолаҳо Фазоили рӯза, даҳаи охир ва иди саиди Фитр

Фазоили рӯза, даҳаи охир ва иди саиди Фитр

Фазоили рӯза, даҳаи охир ва иди саиди Фитр
2017-06-22
362

Ҳамди беҳад Худои Маннонро, ки моҳи Рамазонро бартарӣ дод ва дар он Қуръонро ҳамчун роҳнамо барои мардум ва ҷудосозандаи ҳақ аз ботил фурӯ фиристод.

Моҳи Рамазон моҳест, ки мардум дар он бештар ба ибодати Худо мекӯшанд, то аз ин моҳи бахшиши гуноҳон баҳрае дошта бошанд ва сармояе барои олами боқӣ бо худ бигиранд. Пайғомбари гиромӣ (с) фармудаанд: “Эй бандагони Худо! Аз Худованд ба ваҷҳе, ки сазовори тарсидан аст, битарсед ва аз ин дори фонӣ бо неъмати имон биравед. Пас фармонбардории амри ӯро бикунед, то аз сарпечӣ ва зиёнкорӣ эмин бимонед. Дар ҳама ҳолатҳо ба зикри Худо машғул бошед, то аз ҷумлаи ғофилон нагардед. Шукргузори неъматҳои ӯ бошед, то аз ҷумлаи носипосон нашавед. Эй бандагони Худо! Огоҳ бошед, ки Парвардигор мову шуморо барои ибодат офаридааст ва ба яктопарастӣ ва итоат амр намудааст”.

Пас Худованд неъмати гаронқадре ба мо арзонӣ дошт, ки ба ин моҳи Рамазон расидем, зеро барпо доштани он бо тоату ибодат неъмати бузургест. Ин моҳ моҳи амалҳои нек ва пурбаракат аст, моҳи қабули дуоҳо ва дастгирии ҳоҷатмандон, моҳи озод шудани гарданҳо аз зери бори гарони гуноҳон аст. Моҳест, ки аз аввал то ба охир лаҳзаҳои гаронбаҳо дорад, моҳест, ки дар он шабе вуҷуд дорад, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Шахсе, ки аз хайру баракати он шаб маҳрум гардад, дар ҳақиқат аз нафъи бузургие маҳрум шудааст. Шахсе, ки як хислати некеро дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо анҷом диҳад, монанди касе аст, ки амали фарзро дар ғайри Рамазон анҷом додааст ва шахсе, ки амали фарзеро дар ин моҳ анҷом медиҳад, монанди касе аст, ки ҳафтод амали фарзро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.

Чи басо касоне ҳастанд, ки умрашон пеш аз қудуми ин моҳи шариф ба поён мерасад ва амалашон хотима меёбад. Пас зиндагон бояд неъмати ҳаёт ва расидан ба ин моҳи муборакро қадр кунанд ва ҳар лаҳзаи онро ғанимат шуморанд.

Ин моҳ моҳи сабр аст ва подоши сабр ҷаннат аст. Ин моҳ моҳи баробарӣ байни сарватмандон ва фақирон аст, чунки ҳама баробар гуруснагию ташнагӣ мекашанд. Дар ин моҳ ризқи мӯъмин меафзояд. Шахсе, ки дар ин моҳ рӯзадороеро ифтор медиҳад, Худованд гуноҳи ӯро мебахшад ва аз оташи дӯзах наҷоташ медиҳад, агарчи ифтори додаи ӯ ба миқдори ҷуръаи об ва ё пиёлаи шир бошад. Шахсе, ки рӯзадореро таом дода серо мекунад, рӯзи қиёмат Худованд ӯро аз ҳавзи Кавсар сероб мекунад.

Моҳи мубораки Рамазон моҳест, ки даҳ рӯзи аввали он раҳмат, даҳ рӯзи байнаш мағфират ва даҳ рӯзи охираш озодӣ аз оташи дӯзах аст. Даҳ рӯзи аввал раҳмат барои тамоми мӯъминон аст, ки Худованд ба фазлу карами бепоёнаш онҳоро раҳмат мекунад, чунки ӯ Раҳиму Карим аст. Даҳ рӯзи миёнаи ин моҳ мағфират ва бахшиши гуноҳон аст, яъне касоне, ки нофармонӣ ва хатое кардаанд, ҳангоме тавба намуда ба сӯӣ Парвардигори хеш рӯй меоранд, дар ин моҳи муборак Худованд гуноҳонашонро мебахшад ва тавбаашонро мепазирад. Дар даҳ рӯзи охири ин моҳ Худованд гунаҳгоронро аз дӯзах наҷот дода, барои дохил шудан ба ҷаннат омода месозад, ба шарте ки ба гуноҳони пешинашон барнагарданд.

Ривояте аст, ки Худованд дар ҳар шабе ба вақти ифтор ҳазор ҳазор (як миллион) бандаро аз оташи дӯзах озод менамояд, чун охири шаби Қадр фаро мерасад, Худованд ба миқдоре, ки аз аввали моҳ то охири моҳ озод намуда буд, ба ҳамон миқдор бандагонро озод мекунад.

Дар ҳар рӯзе аз рӯзҳои Рамазон нидокунандае нидо мекунад: “Эй ҷӯяндаи хайр, бишитоб ва эй ҷӯяндаи шарр, бозист”. Пас барои мусулмон лозим аст, ки тавба намуда, тавассути корҳои нек рӯй ба даргоҳи Худованд  орад.

Ин моҳи муборак барои мусулмонон инъому эҳсони бузурги Худои Маннон аст, агар қадри он дониста шавад. Моҳи Рамазон ва Қуръон бо якдигар робитаи хоссе доранд, зеро ҳамаи китобҳои Худованд дар ҳамин моҳ нозил шудаанд. Чунончи Қуръони карим ҳам аз Лавҳи маҳфуз ба осмони дунё ба таври комил дар ҳамин моҳи муборак нозил шудааст. Дар ин моҳ хондани калимаи тайиба ва истиғфору дуо, зикру тасбеҳот калиде барои даромадан ба ҷаннат ва раҳоӣ аз оташи дӯзах ва сабаби комёбии шахс дар дунву охират аст.

Шаби Қадр –султони шабҳо

Шаби Қадр волотарини шабҳост, аз ҳамин сабаб ин шабро “Султони шабҳо” номидаанд. Чунонки дар ҳадис омадааст: “Ҳар касе дар шаби Қадр шабзиндадорӣ кунад ва талаби савоб намояд, Худованд гуноҳҳои гузаштаи ӯро хоҳад омурзид”.

Шаби Қадр дар моҳи Рамазон пинҳон аст. Худованд шаш чизро дар шаш чиз пинҳон доштааст: Ризояшро дар ибодат, ғазабашро дар гуноҳ, Авлиёашро дар байни халқ, намози вусторо дар панҷ намоз, шаби Қадрро дар моҳи Рамазон, маргро дар ҳаёт.

Шаби Қадрро дар яке аз шабҳои тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон бояд ҷуст. Дар кадом шаб будани он муайян нест, шояд ҳикматаш дар ин бошад, ки бандаи мӯъмин тамоми он шабҳоро бо зикру ибодат паси сар намояд ва савоби бештаре ба даст орад.

Ҳазрати Оиша (р) мефармояд, ки аз Расули Худо (с) пурсидам: Эй Расули Худо (с), агар шаби Қадрро дарёфтам, чӣ бигӯям? Фармуданд: “Бигӯ: Худовандо! Ту бахшандаӣ ва афву бахшишро дӯст медорӣ , пас мавриди афву бахшиши худ қарор деҳ”.

Дар шаби Қадр сарнавишт ва тақдири яксолаи ояндаи тамоми халоиқ ва мавҷудот муайян крда мешавад. Худованд мефармояд: “Дар он шаб тамоми корҳои бузург тақсим ва аз ҳам ҷудо карда мешавад”. (Сураи “Духон”, ояти 4)

Ҳазрати Пайғомбар (с) фармудаанд: “Дар ин моҳ шаби Қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе аз хайру баракати ин шаб маҳрум гардад, маҳрум ва бадбахти ҳақиқӣ ҳамон кас аст”.

Инчунин фармудаанд: “Ҳар шахсе, ки шаби Қадрро бо намозу ибодат зинда кунад, ба шумораи ҳар мӯи вуҷудаш савоби ҳаҷу умра ва шаҳидро Худованд ба ӯ мебахшад ва аз шафоати Пайғамбар (с) маҳрум намемонад”.

Худованд ин шабро бо ин азамату бузургӣ, ки баъзан аз умри одамӣ низ бештар аст, (яъне 83 солу 4 моҳ) дар ихтиёри рӯзадорон қарор додааст, то аз он накӯ истифода намуда, ба саодату растагории дорайн ноил гарданд.

Он шаби Қадре, ки гӯянд аҳли хилват, имшаб аст,

Ё Раб, ин таъсири давлат дар кадомин кавкаб аст.

То ба гесӯи ту дасти носазоён кам расад,

Ҳар диле аз ҳалқае дар зикри “Ё Раб! Ё Раб!” аст.  

                                                                                                                      (Ҳофиз)

Иди Фитр

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,

Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.

Чун ҳар чизи хубе аз даст биравад, ҷои парешонӣ аст. Аммо Худованд ба фазли худ барои мӯъминон охири ин моҳро ид ва хурсандӣ гардонид. Чун Рамазони муборак интиҳо меёбад, якуми моҳи Шаввол иди Фитр аст.

Ба ин хотир ид гуфта мешавад, ки калимаи “ид” аз решаи “авд” гирифта шуда маънояш баргаштан мебошад. Яъне ҳамасола дар рӯзи ид ба мусулмонон шодию фараҳ бозмегардад.

Мусулмонони тамоми ҷаҳон дар ин рӯз садақаи фитри худро адо намуда, дар намозгоҳҳо ҷамъ омада дастаҷамъӣ бо шукру самимияту ихлос намози идро мегузоранд ва сар ба остонаи Парвардигор худ ба саҷда мебаранд, ба табрики якдигар мепардозанд ва ба зиёрату шодбошии хешону ҳамбастагон ва пайвандон мераванд.

Парвардигори олам рӯзи иди Рамазон ба намозгузорон хитоб карда мегӯяд: “Ҳар ҳоҷате аз дунёву охират доред, бипурсед, ба шумо медиҳам”. Пас мардум аз намози иди Рамазон бо ризои Худованд ва мағфирати ӯ шоду хуррам ба хонаҳо бармегарданд.

Чун иди саиди Фитр наздик меояд, рӯзадорони ин моҳи муборакро бо ин рӯзи саид, рӯзи ризои Худои субҳон табрик мегӯем ва барояшон хонаободӣ ва саодати дорайнро таманно дорем. Худо моро ба Рамазону идҳои зиёде бо имони комил расонад.

Иди Фитр омад омадаасту Рамазон гашт тамом,

Ба шумо ҳамсафарони сафари рӯза салом!

Рӯзаҳотон ҳама дар пеши Худованд қабул,

Рӯзгори хушатон мазҳари тавфиқ мудом.

Иззату ҳиммататон шоҳиди таъйиду зафар,

Идатон хурраму шириниятон бод ба ком!

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:36
Пешин13:00
Аср17:51
Шом19:51
Хуфтан21:21
Суханронии Президент
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми табрикии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

Паёми табрикии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

Муфассалтар