Асосӣ Мақолаҳо ФАЗИЛАТИ ШУКР ВА ШУКРГУЗОРӢ

ФАЗИЛАТИ ШУКР ВА ШУКРГУЗОРӢ

ФАЗИЛАТИ ШУКР ВА ШУКРГУЗОРӢ
2017-11-21
108

Шукр ин шинохти неъматҳои худодода ва иқрор ба он неъматҳое, ки  Худои меҳрубон аз некиҳои ин дунёву охират ба банда ато намуда ва далеле аст бар розӣ будани банда аз Парвардигори хеш ва далеле аст бар сафои нафс ва покии қалб ва саломатии дил ва камоли ақл.

“Ва Худоро шукр кунед, агар танҳо ӯро мепарастед”, сураи Бақара, ҷузъе аз ояти 172. Яъне,...шукргузори неъматҳои худодода бошед ва шукри неъмат ғизои руҳ аст.

“Ва маро шукр гузоред ва маро куфрон накунед”, сураи Бақара, ояти 152. Куфр:Дар ин ҷо ба маънои пӯшидани неъмат аст, носипосӣ.

“Ва агар сипос доред, онро барои шумо меписандад”, сураи Зумар, ҷузъе аз ояти 7. Яъне, Ҳақ таъоло шукр ва сипосро барои бандагони хеш меписандад, ин аст, ки шукр сабаби саъодат ва хушбахтӣ дар дунё ва охират аст. Аллоҳи бузург қадрдони бандагонаш дар қиболи шукргузорияшон ба эшон аҷри азиме медиҳад ва онро аз эшон мепазирад.

“Оё Худованд худ ба аҳволи шукргузорон огоҳтар нест?”. Сураи Анъом, ҷузъе аз ояти 53.  

Фазои озоду ороми кишвар, зиндагии осудаи мардум, дарҳои кушоди масҷидҳо, роҳҳои васеъи кушода ба ҳаҷҷи фарзиву умра ва роҳбаре, ки ғамхори халқ асту миллатро сарҷамъ намуда ва ҳамеша аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ дифоъ аз дину мазҳаб мекунад, тарҷимаи чанд садҳазорнусхаи  Қуръони карим ба забони тоҷикӣ ва тақсими ройгони он, тарҷимаи бисёр китобҳои мазҳабӣ ва дигар осори милливу фарҳангии миллати тоҷик ва дигар неъматҳои фаровоне, ки Парвардигори меҳрубон бар асоси Иститиқлолият ба миллати тоҷику тоҷикистониён арзонӣ фармуда, ки ҳамаи онро наметавон ҳисоб карду шуморид ва барои ҳар фарди огоҳ, солим, содиқу солеҳ дар шукргузориву қадрдонии ин неъматҳои бебаҳо қадамзадан воҷиб аст.

Ва барои побарҷо ва бардавомии ин неъматҳо бо шукргузориву муттаҳидӣ мубориза бурдан қарзи имонӣ ва ҷонии ҳар фарди мусалмону соҳибватан аст, зеро шукри неъмат ғизои руҳи инсон аст ва ин сабаб аст то неъмати илоҳӣ зиёда гардад ва дар акси он заволи неъмат асту пушаймонӣ, чунон чӣ, Худованди меҳрубон мефармояд:”Ва он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам ва агар носипосӣ кунед, ҳароина азоби ман сахт аст”. Сураи Иброҳим, ояти 7. Инчунин, ”...ва наздик аст, ки шукргузоронро подоши нек диҳем”. Сураи Оли Имрон, ҷузъе аз ояти 145.

Паёмбари гиромиқадр мефармоянд:”Шукргӯяндатарини мардумон барои Худованд, шукргӯяндатарини онҳо барои мардумон”. (Имом Аҳмад, Байҳақӣ).

Дар ҳадис омада:“Шукр намекунад Худоро шахсе, ки шукр намекунад мардумро”. (Бухорӣ, Аҳмад, Абудовуд). Яъне, шукр намекунад ба Худо ва шукргузорӣ намекунад ба неъматҳои худодода он инсоне, ки шукр намекунад ба мардум ва шукргузорӣ намекунад ба некиҳои мардум. Такя бар ин далелҳои овардашуда ин ҷо хизматҳои шоёни Пешвои миллатро қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин асос бо боварии комил метавон Ҷаноби Олиро дар баробари беҳтарин фарзандони миллат чун Анӯшервони Одилу Бузургмеҳр ва Исмоили Сомонию Абулфазли Балъамӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ гузошт. Дар асоси хизматҳои шоён дар назди Ватану Миллат ва корнамоиҳои беназире, ки дар барқарории сулҳ ва сарҷамъ намудани миллат ва вафо ба он ваъдае, ки дар баргардонидани охирон гуреза ба ватан ва афви тамоми мухолифин ва ба хотири сулҳ ва муттаҳидӣ қадам ба он ҷойҳое гузошта, ки кафолати бозгашт набуд, ки ин ҳама дуои некро дар ҳаққаш воҷиб мегардонад. Худованди мутаъол мефармояд:”Пас, неъматҳои Худоро ёд кунед, то шумо растагор шавед”. Сураи Аъроф, ҷузъе аз ояти 69. Китоби таърихи даврони истиқлолиятро то ба имрӯз чун варақгардон мекунему дар ҳар шоҳроҳу кӯчаҳои он қадам мезанем, дар ҳар нуқтаи он номи ин марди Худоро мебинем, ки дар дилу дидаи мардум ба як меҳри беандозае бо хаттҳои заррин китобат шуда. Худованди мутаъол дар марҳилае ин марди накӯномро ба арсаи сиёсат овард, ки миллат дар остонаи фано қарор дошт. Суханони ин марди Худо дар гӯшҳои дили мардум солҳои соли тӯлонӣ садо медиҳад, ки гуфта буд:”Ман ба шумо сулҳ меоварам” ва бо фазли илоҳӣ чунин ҳам шуд, ки имрӯз мардуми диёр дар сулҳу салоҳ ва тинҷиву оромӣ умр ба сар мебаранд.

Бояд ҳар яки мо бидонем, ки шукргузорӣ ба неъматҳои худодода бандаро соҳибқадр ва азизу мукарраму муаззам мегардонад ва он ризогии Худованди маннон  ва бақои неъмат аст, ки фардо аз он бандаро савол карда мешавад, чунончӣ, Худованди мутаъол мефармояд:”Сипас, албатта, дар он рӯз аз неъматҳо пурсида хоҳед шуд”. Сураи Такосур, ояти 8.

Имомхатиби масҷиди

ҷомеи Тезгузари шаҳри Конибодом   

Ҳидоятов Нурулло

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:54
Пешин13:00
Аср15:10
Шом17:11
Хуфтан18:41
Суханронии Президент
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар