Асосӣ Мақолаҳо МАН АЗ БЕГОНАГОН ҲАРГИЗ НАНОЛАМ …

МАН АЗ БЕГОНАГОН ҲАРГИЗ НАНОЛАМ …

МАН АЗ БЕГОНАГОН ҲАРГИЗ НАНОЛАМ …
2017-11-25
3645

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамд он Худоеро, ки неъмати осоиштагӣ ва саломатиро барои мову шумо фароҳам овард ва дуруд ба Паёмбари ислом, ки ҳаёту фаъолияти ӯ беҳтарин намуна барои дирӯзу имрӯз ва ояндагон аст.

Расули акрам (с) дар ҳадиси шариф фармудаанд, ки уммати ман ба ҳафтоду се гурӯҳ тақсим меёбад, ҳамаи онҳо дар ҷаҳаннаманд ва танҳо яке аз онҳо фирқаи ноҷия аст. ҳақиқатан баъд аз вафоти Паёмбари акрам (с) дини ислом ба чандин мазҳаб, равия, фирқа ва гурӯҳҳо қисмат карда шуд. Ибтидо аз пайдоиши гурӯҳи хавориҷу муътазила ва қадария то пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ, ки бо истифода аз номи дин ҳадафҳои худро амалӣ намудаанд ва боиси парокандагии уммат Ислом гардиданд.

Пешвоёни ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар ниқоби ислом ба корҳое даст мезананд, ки аз нигоҳи қуръону суннат ва аз рӯи ақли солим қобили қабул нест. Кас ба фикр фурӯ рафта, андеша мекунад, ки чаро мардуме, ки худро бо ном ҳомии ислому мазҳаб мепиндоранд, дар асл ба корҳои зишту ғайриинсонӣ ба мисли қатлу куштор даст мезананд. ҳол он ки таълимоти дини мубини Ислом қатлу куштор ва ғорати мардумро шадидан маҳкум мекунад. Акнун биёед бубинем, ки ин тоифа одамонро чи водор мекунад, ки ба чунин амалҳои ғайриинсонӣ даст зананд.

Худои бузург ҳаргиз ба куштани нафсе амр накардааст. Рехтани хуни ноҳақ дар пешгоҳи Парвардигор ҳаром аст, чунонки мефармояд: «Ва нафсеро, ки Худо (куштанашро) ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ макушед. Ва ҳар ки ба ситам кушта шавад, пас ба вориси ӯро қуввате додаем, пас бояд ки дар куштан зиёдаравӣ накунад. Ба дурустӣ ки вай ёрӣ дода шудааст» (Сураи Исро, ояти 33).

Дар ҳадиси қудсӣ меояд: «Эй бандагонам! ҳамоно ман зулмро бар худ ҳаром кардам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед…» (Саҳеҳи Муслим, 8/16).

Таҷрибаи 20- солаи гузаштаи кишвари мо нишон дод, ки ин тоифа бо ном «ҳимоятгарони ислом» на барои пойдориву пешрафти ислом кӯшиш карданд, балки дар байни мардуми тоҷик сабаби фитна ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ шудаанд. Барои мисол ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистонро метавон ёдовар шуд, ки ҳизбашон аз ҳизбҳои исломие ба шумор мерафт, ки асли вуҷудашон харобкорӣ ва расидан ба манофеи сиёсии худ буданд, ки ин рафторашон ба номи поки дини мубини Ислом ва мусулмонӣ доғи сиёҳро ба бор овард. ҳол он ки қуръони карим одамонро ба раҳму шафқат, меҳрубонӣ, сабр ва бурдборӣ, афв ва бахшиш, садоқат, ростӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташвиқ намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа наҳй менамояд.     

 Дини мубини Ислом поку муқаддас аст ва ҳадафаш таъмини некуаҳволии инсон ва созандагии дину дунё буда, ҳеҷ олудагие ба фасодсозию тахрибкориҳои даъвогарони бо ном исломӣ надорад. Чунонки Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш инро таъкид карда гуфтанд: «…номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. Тамоюли торафт қувватгирифтаистода ва сиёсӣ намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад».

Мардуми шарифи тоҷик яқин медонанд, ки Худованд золимро бар вартаи ҳалокат худаш меафканад: «Ва Худоро аз он чи ситамкорон мекунанд, бехабар мапиндор; ҷуз ин нест, ки онҳоро барои рӯзе мавқуф медорад, ки дар он чашмҳо хира шаванд». (Сураи Иброҳим, ояти 42).

Моро лозим аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ огоҳ созем. Бигзор ҳамагон бидонанд, ки дини ислом василае байни Худову бандааш мебошад, на равише баҳри вайронии ҷомеа ва бо роҳҳои рехтани хуни ноҳақ  ба даст овардани манфиатҳои сиёсӣ. Бояд фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, онҳоро хулқи ҳамида омӯзонем, то ин ки дар оянда номбардори аҷдодони хеш бошанд ва ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун макони тамаддуни олӣ, тоҷиконро дорои ахлоқи накӯ муаррифӣ намоянд.

Ҷонишини аввали Раиси

Шӯрои уламои Маркази исломӣ

Абдулбасир Саидов

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:59
Пешин12:40
Аср16:46
Шом18:45
Хуфтан20:15
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар