Асосӣ Мақолаҳо ПАРЧАМРО ГИРОМИЮ БЕГАЗАНД НИГОҲ ДОРЕМ!

ПАРЧАМРО ГИРОМИЮ БЕГАЗАНД НИГОҲ ДОРЕМ!

ПАРЧАМРО ГИРОМИЮ БЕГАЗАНД НИГОҲ ДОРЕМ!
2017-11-23
70

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24-уми ноябр дар мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, зодаи даврони соҳибистиқлолии Ватанамон буда, сол то сол ба иди умумимиллӣ табдил шуда истодааст. Парчам аз муқаддасоти миллат ва рамзи муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷои ифтихору сарфарозист, ки бо иқдом ва ибтикори шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони боѓи Парчами пойтахт зеботарин ва дилработарин парчам гузошта шудааст, ки он имрӯз ба сайргоҳи дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст. Дарвоқеъ, парафшонии ин Парчами миллӣ моро ифтихорманд аз соҳибистиқлолӣ ва боз ҳам худшиносу худогоҳтар намуд.   

Имрӯз дар олам 250 давлат вуҷуд дорад, ки дар баробари конститутсия соҳиби парчами худ ҳастанд. Агар мо ба парчами давлатҳои ҷаҳон назар афканем, ба хубӣ мебинем, ки илова ба рангҳо, хатҳо ва ситорачаҳо боз тасвирҳо ва шаклҳое ҳастанд, ки бозгӯи таъриху фарҳанги ҳамон миллатҳо мебошанд.

Таърих гувоҳ аст, ки ифтихори парчаму нишондорӣ ҳанӯз аз давраи аввалин давлатдории ниёгонамон- Давлати Сомониён насиби халқи тоҷик будааст. Маҳз аз ҳамон давр низоми давлатдорӣ шакл гирифт ва парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ қабул гардид.

Ҳарчанд ки тӯли садсолаҳо давлатдории тоҷикон аз байн рафт, вале муҳаббату самимият ва ифтихормандӣ аз ин муқаддасот дар дар дилу дида ва зеҳни мардуми фарҳангсолори тоҷик дур нашуд.

Бинобар ин, зарур аст, то муқаддасоти миллии худ, аз ҷумла парчамро гиромию бегазанд нигоҳ дорем.

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, барои таҳкими шохаҳои ҳокимият ва фаъол гардидани муқаддасоти миллӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Дар иҷлосия дар баробари Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ барои қабули Парчами давлатӣ санадҳои дахлдор қабул карда шуданд. Парчам чун муқаддасоти миллӣ аз нав эҳё шуд.

Парчами сулҳу амонӣ шуд баланд,

Бо нидои «Муждагонӣ» шуд баланд.

Фитрати аслии насли ориён,

Тоҷиконро кард аз нав арҷманд

Дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».

Хушбахтона имрӯз Парчами давлатӣ муаррифгари давлату миллати мо дар созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Дар тамоми ҳамоишу мулоқотҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ Парчами Тоҷикистон парафшонӣ менамояд.

Оре, маҳз ҳамин Парчам ифодакунандаи ҳастии миллате бо номи ТОҶИКОН буда, аз мавҷудияти давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон ва  қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будани халқи Тоҷикистон  шаҳодат медиҳад.

Басо рамзист, ки имрӯз Парчаи давлатии мо бо баландиву шаҳомати нотакрори худ дар маркази таваҷҷӯҳи аҳли башар қарор дорад. Ҳамагон вазифадорем, ки имрӯз  беш аз ҳарвақта онро азизу гиромӣ дорем, ба он арҷгузорӣ намоем.

Дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди баргузории иҷлосияи таърихии Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ва Рӯзи Парчами давлатӣ фазои Тоҷикистонро навиди рӯҳнавозе моломол намуд. Паҳлавони ҷавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия дар вазни 74 кило баъди интизории 42 сола дастоварди ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмуъмин Раҳимовро такрор намуда, сазовори ҷои якум ва унвони қаҳрамони ҷаҳон гардид. Ба ифтихори ин пирӯзии Беҳрӯз Парчами Тоҷикистон барафрошта шуд, ки рӯҳи мадуми тоҷикро болида намуд. Дастоварди беназири толибаҳои душанбегӣ Манижа Тошболтаева ва Ёсуман Усмонзода дар Олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ дар шаҳри Сочӣ, ки ба ифтихорашон Парчами Тоҷикистон барафрошта шуд, ҷомеаи ҷаҳонро ба шӯр овард.

Парчам аҳли ҷомеаи Тоҷикистон, хосса, ҷавонони шарафманду бо нангу ори  моро ба қуллаҳои боз ҳам баландтар ҳидоят мекунад.

Зикрулло Ҳомидов, имомхатиби масҷиди ҷомеи

«Ҳоҷӣ Саидалӣ»-и ноҳияи Шоҳмансур

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:54
Пешин13:00
Аср15:09
Шом17:10
Хуфтан18:40
Суханронии Президент
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар