Асосӣ Мақолаҳо ТАБИАТИ КАҶДУМӢ

ТАБИАТИ КАҶДУМӢ

ТАБИАТИ КАҶДУМӢ
2017-11-25
137

  (Дар ҳошияи мақолаи “Обрӯро аз беобрӯӣ ёфтаанд”)

        Табиати ҳар як чиз дар амалу рафтораш маълум мешавад, агарчи онро пинҳон мекунад, аммо рӯзе фош мегардад. Табиати ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ ҳам солҳои дароз зери парда бо кушишҳои сарваронашон  аз мардуми боихлоси Тољикистон пӯшида буд, аммо чи хеле ки дар урфият мегӯянд, давидани гӯсола то каҳдон аст. Имрӯз анқариб ҳамаи собиқ аъзои ҲНИТ аз узвияти худ ба ин созмони ифротӣ пушаймон ҳастанд. Онҳо кунун бо чашми сар диданд, ки ба чӣ ва бо кӣ пайваста буданд. Онҳоро бо номи Ислом, хидмат ба Ислом ба доми худ кашида буданд. Ин ҳизб ба мисли дигар аҳзоби сиёсии динӣ мақсадҳои дунявӣ дошта,  ба Исломи пок ҳељ алоқамандие надорад. Фақат барои расидан ба ин мақсадҳо аз ихлосу эътиқоди мардум истифода мебарад. Билохира чеҳраи хиёнаткоронаи ин гурӯҳи ифротӣ кушода шуд. Онҳо нияти нопок доштаанд, ки ҳокимиятро ғасб намоянд, ба сари қудрат биёянд ва мамлакатро ба  даргириҳову қатлу куштор оғушта намоянд.  Онҳо ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистонро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надоранд. Онҳо сулҳу салоҳро, ки асли Исломи ноб аст, намехоҳанд, вагарна чаро Ҳоҷи Ҳалим бо силоҳ зидди халқу миллат ва  давлати худ  хиёнат намуд? Чаро имрӯз сарварони ин ташкилот ба хориҷа гурехта зиндагӣ мекунанд? Агар бегуноҳанд, чаро ватани худро тарк карданд?

      Саҳифаҳои аввали ин гурӯҳи ифротиро таърих кушодааст ва ҳама аз қатлу куштору хунрезӣ иборатанд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маҳз бо ибтикору иштироки мустақими ТЭТ ҲНИТ ба вуқӯъ пайваста буд. Хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ рехтаву ҳазорон гурезаву ҳазорон хонавайрону ҳазорон ятимон, албатта бар дӯши онҳоест, ки сабабгори ин фоҷиаи миллату кишвар шуданд.

      Дар мақолаи “Обрӯро аз беобрӯӣ ёфтаанд” далелу ҳуҷҷатҳое оварда шудаанд, ки симои ваҳшатбори наҳзатиёнро ифшо мекунад. Мисол, гурӯҳи дувоздаҳнафараи узви ТЭТ ҲНИТ Гадоев Полвон Ёрмаҳмадов дар таърихи 23 феврали соли 1995 ба кормандони беморхонаи ҳарбии гурӯҳи Қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Россия ҳамла мекунанд. Дар натиҷа ба кормандони беморхонаи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида мешавад.

           Агар ба баъзе аз нуқтаҳои ин воқеа  нуктасанҷона нигоҳ кунем, саволе пайдо мешавад, ки чаро барои ин амали ваҳшиёна  санаи 23 феврал, рӯзи ид интихоб шудааст? Чаро дидаву дониста кормандони тиб ва табибон террор  шуданд? Чаро намояндагони миллатҳои дигар ҳадафи онҳо қарор гирифтанд? Маълум аст, ки ҳамаи шохаҳои гурӯҳҳои ифротии сиёсии динӣ ба ғайр аз идҳои Рамазону Қурбон дигар идҳоро эътироф намекунанд ва ҷашни онҳоро ҳаром мешуморанд. Дар  асоси таълимоти ақидаи ботили худ, онҳо маҳз ҳамин рӯзро интихоб  кардаанд. Зиёда аз ин онҳо ҷашни Наврӯз, мавлуди пайғамбар, иди Меҳргон, иди Сада ва ҳамаи ҷашнҳои миллиро ҳаром мешуморанд.

    Аз тарафи дигар, кормандони тибро дар ҳоле зери ҳамлаи онҳо қарор гирифтанд, ки Пайғамбари Ислом дониши тибро ҳамсанг бо илми дин ва дар канори он қарор додаанд ва  талошгарони арсаи саломатии ҷомеаро ҳамтарози талошгарони амнияти ҷомеа медонанд. Изофа бар ин исми табиб яке аз асмои ҳуснои илоҳи аст. Пас ин ҷоҳилон ва ваҳшиён  ба табибоне ҳамла  ва қасди ҷонашон  карданд, ки Ислом ба онҳо мақоми баланд додааст ва шояд ин табибон новобаста аз ҳарбӣ буданашон, чӣ қадар одамонро дар кишвари мо аз марг наҷот додаанд.

       Ҳадафи ТЭТ ҲНИТ  аз аввали фаъолияти худ, сард кардани муносибатҳои байни Тоҷикистону Федератсияи Россия буд. Дар он рӯзҳои барои мардуми мо вазнин, хидмати Федератсия Россия барои нигоҳ доштани тинҷиву оромии кишвар кам набуд ва ба ҷои ҳамкорӣ кардан дар ин кори хайр, ки амри илоҳист, онҳо душманиро нисбати русзабонҳо пеша карданд ва чандин намояндагони ин кишвари дӯстро ба қатл расониданд.

     Хулоса он аст, ки мардуми мо бояд  симои аслии ин ташкилоти экстримистӣ - террористии ҲНИТ-ро бишносанд ва аз ҳилаву макрҳои онҳо худ ва фарзандонашонро эмин нигоҳ доранд.

                     

Ибодулло Калонзода имомхатиби масҷиди ”Нури ислом”-и ш.Хуҷанд  

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:54
Пешин13:00
Аср15:10
Шом17:11
Хуфтан18:41
Суханронии Президент
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар