Асосӣ Мақолаҳо Аз қатли мусулмонон даст бардоред, ифротиҳо!

Аз қатли мусулмонон даст бардоред, ифротиҳо!

Аз қатли мусулмонон даст бардоред, ифротиҳо!
2017-12-05
2881

Хабари фоҷеаборе, ки дар деҳаи ар-Равзаи минтақаи “ал-Ариш”-и Сайнои Миср, дар назди яке масоҷиди ҷумъахонӣ аснои адои намози ҷумъа ба вуқӯъ пайваст, ки дар ин ҳодисаи мудҳиш беш аз 300 нафар кушта ва  беш аз 130 каси дигар захмӣ гардидаанд, ҷаҳони ислом ва хусусан мусалмонони Тоҷикистонро ба дард овардааст. Дини мубини Ислом қатлу куштори бандагони мусалмонро қатъиян манъ карда ва барои шахс ё гурӯҳе, ки ба ин амали мудҳиш даст мезанад, азобҳои дарднок аз ҷониби Худованд муайян кардааст. Парвардигори олам дар Қуръони карим мефармояд «Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа кардаанд ва тавба накардаанд, азоби ҷаханнам ва азоби оташ барои онҳост» (Буруҷ/10). Ва боз дар ҷои дигар мефармояд: «Касеро, ки Худованд куштанашро харом кардааст, макушед! Магар бар хақ» (Исро/33). Ва Пайғамбари Худо низ дар хадисхои пурқимати худ аз ин амали зишту нанговар ба шиддат манъ месозанд. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Аз ҷумлаи он амалҳое, ки инсонро ба нобудӣ (ва азоби сахти рӯзи қиёмат) мерасонад, як инсонеро ба ноҳақ ба қатл расонидан аст». Вакте ки  нохақ ба катл расонидани як мусалмони бечора чунин оқибатҳои зишт дошта бошад, пас он гурӯҳони сиёҳкоре, ки садҳо ё ҳазорҳо нафаронро бе гуноҳ ба қатл мерасонанд, ба чӣ азобҳо мубтало хоҳанд шуд? Оё ин гуноҳ гуноҳи бахшиданист!? Оё мусалмоне, ки тарбияти дини поки Исломро гирифтааст, ба чунин амалҳои нанговар даст мезанад? 

Искандаршоҳ Умаров,

имомхатиби масҷиди Сариосиёи н. Исмоили Сомонӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар