Асосӣ Мақолаҳо Заволи “Хилофати исломӣ” ва паёмадҳои он

Заволи “Хилофати исломӣ” ва паёмадҳои он

Заволи “Хилофати исломӣ” ва паёмадҳои он
2017-12-12
2695

   Бино ба маълумоти ВАО-и ҷаҳонӣ сарзамини Ҷумҳурии Арабии Сурия аз дасти террористони байналмиллалӣ озод шуд. Охирҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ артиши Сурия бо дастгирии қувваҳои ҳарбию фазоии Русия шаҳри Абукамоли ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Ироқро, ки охирин такягоҳи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар ин кишвар ба шумор мерафт, пурра озод кард. Вале, ҳанӯз муҳофазаи Раққа ва минтақаи Ғуттаи Шарқии канори Димишқ пурра аз қотилони “Давлати исломӣ” тоза карда нашудааст. Умедаст то охири соли ҷорӣ дар Сурия ба мубориза бар зидди терроризм нуқтаи ниҳоӣ гузошта хоҳад шуд, вале мушкилоти барқароркунии инфроструктураи давлат ва дубораободкунии Сурия дар пеш аст.

Агарчанде, “Давлати исломӣ” дар ин сарзамин аз байн бардошта шуд,  вале таҳдидоти исломгароёни террорст ба ҷаҳон, хосатан Шарқи наздик, Осиёи Марказӣ ва баъзе давлатҳои африқоӣ ҳанӯз аз байн нарафтааст. Зеро, мувофиқи таҳқиқоти аз ҷониби бахши русии Би-би-си анҷомдодашуда ва хабари дар интернет 15 ноябри соли ҷорӣ нашршуда, бо дастгирии иттиҳоди байналмиллалӣ, ки сарвари он ИМА мебошад, шаҳри Раққаро садҳо террористони зархариди хориҷӣ тарк намуда, баъзеи онҳо дар дохили Сурия паноҳ ёфта, аксари онҳо бо воситаи Туркия ба самтҳои мухталиф ҳаракат намуданд. Ингуна наҷотдиҳии террористони зархариди хориҷӣ бори аввал нест. Чанде пеш маълумоти ба Урдун интиқол додани 300 нафари онҳо аз ҷониби иттиҳоди байналмиллалӣ низ дар интернет нашр шуда буд.

Пӯшида нест, ки баъзеи террористони диишии аз Сурияю Ироқ гурехта ҳоло дар Афғонистон паноҳ ёфтаанд. Бо дастгирии хоҷагон ба Афғонистон интиқол ёфтани ҷангҷӯёни диишии зиндамондаи Сурияю Ироқ авзои минтақаро ноором накарда наметавонад. Баъзе ҷангҷӯёни диишии  Сурияю Ироқ дар давлатҳои Африқо паноҳгоҳ кофта истодаанд ва мутаассифона аз қудуми шуми онҳо нооромиҳо дар он ҷо низ зиёд мегарданд.

         Ваҳшониятеро, ки қотилони «Давлати исломӣ» дар ниқоби ислом аз баҳори соли 2011 то ба имрӯз дар қаламравӣ Сурия анҷом доданд, дар ақли солим ҷой намегирад. Дар натиҷаи қатлу куштори ин террористони исломбехабари салафии зархарид аз моҳи марти 2011 то ба имрӯз зиёда аз 350 ҳазор нафар аҳолии осоиштаи  Сурия  ба қатл расида, зиёда аз  4 миллиони он тарки ватан намуданд. Дар асоси наворҳои ба дастомада ҷангҷӯёни «Давлати исломӣ» 5000 нафарро сар буридаанд. Ҳазорҳо биноҳои маишию маданӣ, осорҳои таърихӣ, масҷидҳо хароб гаштаанд.

 Ҷангҷӯёни «Давлати исломӣ» бо истифодаи номи ислом ин қатлу кушторро роҳандозӣ мекарданд. Агар яке аз онҳо, ба мисли Алӣ Сақр ал-Қосим модари чилсолаи худро барои насиҳати  тарки сафи ҷангиёни “ДИИШ” кардан, дар ҳузури садҳо нафар тамошобин  дар шаҳри Раққаи Сурия моҳи ноябри соли 2015 ваҳшиёна ба қатл расонда бошад, ҷангиёни дастбахуни ҳаракати “Нуриддин аз-Зинкӣ” дар шаҳри Ҳалаб соли 2016 писарбачаи 10-13 солаи ба дасти онҳо ба асорат афтодаеро ваҳшиёна сар буриданд.

Барои аз дасти террористон озод намудани манотиқи ишғолшуда, нерӯҳои эътилоф бо роҳбарии ИМА ва қувваҳои ҳарбию фазоии Русия мунтазам ҷангҷӯёни диишӣ ва иншооти тобеи онҳоро зери зарбаҳои ҳавоӣ қарор медиҳанд. Тибқи маълумоти агентии иттилоотии «Reuters» бо истинод ба ҳисоботи ситоди амалиёти «Inherent Resolve», ки дар Сурияю Ироқ аз 8 августи соли 2014 фаъолият дорад, танҳо аз оғози   зарбаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилоф бо роҳбарии ИМА ба муқобили гурӯҳи ифротгарои ба ном “Давлати исломӣ” то ба имрӯз 801 нафар сокинони осоишта дар Сурия ва Ироқ ба ҳалокат расидаанд. Ин омор дар ҳоле нашр мешавад, ки тибқи иттилои ташкилотҳои назоратӣ шумораи қурбониёни ин зарбаҳои ҳавоӣ   дар Сурияю Ироқ эҳтимол ба 6 ҳазор нафар расад.

Дар замони муосир гурӯҳҳои ифротӣ ва муғриз баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз шиорҳои динӣ ва номи дини мубини Ислом истифода бурда, мардумро ба вартаи ҳалокат меафкананд. Тақвият ёфтани фаъолияти ифротии «Ҳизби таҳрир», «Гуруҳи толибон», «ДИИШ» (Давлати исломии Ироқу Шом), «Ҷабҳату-н-нусра», «Аш-шабоб», «Боко ҳаром», «Алмурабитун» сабабгори задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишварҳои мусулмоннишин, тарконидани масҷидҳо дар вақти адои намоз (ҳатто намозҳои ҷумъа), қатли ваҳшиёнаи занону кӯдакону мӯйсафедон дар Курдистони Ироқу шаҳрҳои Тадмур (Палмира), Ҳалаб, Идлиб, Ҳамо, Раққаи Сурия  гардида, садҳо амалҳои ваҳшиёнаи дигар натиҷаи аъмоли тафриқаандозӣ, иғвогарӣ, дунёталабии ин гурӯҳу равияҳо ва ҳизбу ҳарактҳои гуногуни ба ном исломӣ мебошад. Онҳое, ки имрӯз аз номи Ислом сухан мегӯянд ва худро ҳомии Ислом вонамуд мекунанд, тамоман мақсадҳои дигар доранд. Мехоҳанд “обро лой карда, моҳӣ гиранд”, мардумро аз номи исломи пок фирефта, ба ҳадафҳои дунявии худ расанд.

Мутаассифона, ҳамаи ин ваҳшоният аз номи дини мубини Ислом содир гашта истодааст. Уламои барҷастаи олами ислом амалҳои онҳоро маҳкум намуда, фаъолияти дуруғини эътироф намекунанд. Танҳо чанд нафаре аз мусулмонони такфирӣ, бо сарварии Шайх Муфсид, эшонро дастгирӣ намуда, фатво содир намуда буданд ва ифротгароёни исломӣ тибқи ин фатвоҳо амал мекардану мекунанд, ки дар асл ин хилофи шариат мебошад. Чунин фатвоҳо сабабгори рехтани хуни мусулмонон, ғулом намудани мардуми озод, беникоҳ алоқаи ҷинсӣ намудан бо занони покдоман гардида, ба ин васила террористон ба сафи худ авбошону дунёпарастонро ҷалб мекунанд.

Аз ҷумлаи олимони олами исломи муосир, ки амалҳои худобехабарони дииширо доим маҳкум мекард, яке аз нависандагону фақеҳони машҳури суннимазҳаби олами Ислом, хатмкардаи фокултаҳои шариати донишкадаҳои Димишқу Ал-Азҳари Қоҳира, доктори илмҳои фалсафа, Раиси иттиҳоди уламои Леванта (Сурияю Лубнон), аъзои  Шӯрои олии Донишкадаи Оксфорди Бритониё,  декани фокултаи шариати Донишкадаи Димишқ Муҳаммад Саид Рамазон ал-Бутӣ буд. Ӯро барои сиёсати зиддидиишӣ доштанаш ҳангоми суханронии пеш аз намози хуфтан дар масҷиди “Имон”-и ш.Димишқ, рӯзи панҷшанбеи 21.03.2013, дар дар дохили масҷид таркониданд.Таркишро ҳамин тоифаи исломбехабарони салафӣ анҷом доданд, ки дар натиҷаи он 49 нафар мусулмон, минҷула Рамазон ал-Бутӣ, кушта шуд.

Рамазон ал-Бутӣ соли 1929 дар деҳаи курднишини Ҷилка, дар ҷазираи Бутони Туркия таваллуд шуда, дар 4 солагӣ бо падараш ба Сурия ҳиҷрат намуда буд. Забонҳои туркӣ,арабӣ,курдӣ ва англисиро хеле хуб медонист. Ӯ муаллифи зиёда аз 60 китоб оид ба шариат,этика,фалсафа ва сотсиология, аз қабили “Роҳи интихобгардида - бемазҳабӣ”, 2004 с.,  “Ас-Салафия. Сурия, Димишқ. 1998 с., “Фиқҳу-с-сира-н-набавия”(Идроки сирати Паёмбар), “Завобиту-ш-шаръияти фи шариъати исломия”  ва “Шарҳ ва таҳлил”, Димишқ. 2009 (иборат аз 4 ҷилд) мебошад.  

            Масалан китоби “Ас-Салафия”-и ӯ таҳқиқе перомуни равияи салафия мебошад. Дар китоби мазкур муаллиф таълимоти равияи номбурдаро мавриди интиқод қарор дода, пайравӣ аз онро бидъат шуморидааст:

-   “Салафи солеҳ саҳобагон ва тобеин мебошанд, ки дар се асри ибтидои ислом зиндагӣ кардаанд ва равияи Салафия ба салафи солеҳ ҳеҷ иртиботе надошта, танҳо номи Салафиро ба худ гирифтаанд” - саҳ. 9-10 ;

 - “Фарқ байни салафи солеҳ ва равияи Салафия мисли калимаҳои «муҳаммадийин» ва «муслимин» мебошад-яъне дар ном ба ҳам шабоҳат доранд, вале дар асл аз ҳамдигар тафовут доранд” - саҳ.221;

- “Пайравӣ аз равияи Салафия бидъат аст…” - саҳ.236.

Муаллиф дар ҷамъбасти китоб мегӯяд: «Ҳадаф аз пеш овардани баҳсҳо дар ин китоб он аст, ки вай (Салафия) дар ҳақиқат бадтарин ва шанеътарин бидъат аст»- саҳ. 254.

Мавсуф дар суханрониҳои хеш қотилони ДИИШ-ро доим маҳкум менамуд. Тақрибан 1 моҳ пеш аз кушта шуданаш навореро аз телевизиони давлатии Сурия нишон доданд, ки бо чашмони пур аз ашк мегуфт: “Оё қатли мусулмон туфайли мусулмон аз Ислом аст? Оё дар ягон ояти қуръонӣ ё ҳадисе ин афъоли зишт раво дониста шудааст?!”. 

 Чанде пеш худобехабарони диишӣ  дар қисми шимоли нимҷазираи Синай, дар деҳаи Ар-Равза, воқеъ дар қисми ғарбии шаҳри Ал-Ариши Ҷумҳурии Арабии Миср, ҳангоми адои намози ҷумъа ба намозгузорон ҳуҷум намуда, 235 нафарро ба ҳалокат расонида 109 нафарро захмӣ намуданд.

Бино ба шаҳодати шоҳидон, баъди якчанд таркиши ҳангоми намози ҷумъа дар дохили масҷиди  деҳаи Ар-Равза бавуқуъомада, ибодаткунандагон  ба берун баромаданд. Вале ҷангҷӯёни диишӣ, ки савори чанд мошини “Ҷип”  буданд, наҷотёфтагони ба берун баромада, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва табибони барои кумак омада, роҳгузаронро зери оташи силоҳ гирифтанд. Манобеи ниҳодҳои қудратии мисрӣ иттилоъ дода буданд, ки ин амали гурӯҳи исломии «Вилояти Синай» мебошад, ки 2 сол қабл ба амири «ДИИШ» савганд ёд карда, ба ин ташкилоти террористӣ пайваст шуда буданд.

Малум аст, ки ҳеҷ фарди мусулмон муқобили гуфтаи Худо намеравад ва хонаи Ӯро наметарконад. Хосатан, ки дар ояти 114-и сураи «Бақара» сароҳатан омадааст: {وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنْ مَنَعَ مَسَاجِدَ اللَّهِ أَنْ يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَسَعَى فِي خَرَابِهَا أُوْلَئِكَ مَا كَانَ لَهُمْ أَنْ يدخلوها إلا خَائِفِينَ لَهُمْ فِي الدُّنْيَا خِزْيٌ وَلَهُمْ فِي الآخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ}(البقرة/114).  «Ва кист ситамгартар аз он, ки ёд кардани номи Худоро дар масҷидҳои Худо манъ кард ва дар вайронии онҳо кушид? Ин гуруҳро намесазад, ки ҷуз (тарсону) ҳаросон ба масҷидҳо дароянд. Онҳоро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузург аст».

Ҳеҷ инсони солимақл ба мисли ин худобехабарон ингуна аъмоли ғайриисломӣ ва ғайриинсониро, ки мухолифи Қуръону суннат аст, аз қабили сарбурию, масҷидтаркониро анҷом намедиҳад.

Агарчанде мегуем, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аксар ҷавононе шомил мешаванд, ки маърифату саводи динӣ надоранд, шояд то дараҷае хато бошад. Мутаассифона, ҳоло маълум гардидааст, ки аз зумраи толибилмони баъзе мадрасаҳои динии хориҷи кишвар ба сафи ҷангҷӯёни созмони террористии “ДИИШ” пайваста, дар Сурияю Ироқ хуни ноҳақ рехтаанд:

1.Давлатов Абубакр - аз ноҳияи Шаҳринав. Аз соли 2007 дар мадрасаи динии ш.Зоҳидони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил намуда, аз соли 2014 ба сафи ҷангҷуёни “ДИИШ” пайвастааст.

2.Тоҳири Идӣ - аз ш.Ваҳдат. Аз 23 июни соли 2013 дар мадрасаи динии ш.Зоҳидони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил намуда, ҳоло дар сафи ҷангҷуёни “ДИИШ” аст.

3.Раупов Сироятулло - аз н.Тоҷикобод. Дар мадрасаи динии “Бинурия”-и ш. Карочии Покистон таҳсил намуда, ҳоло дар сафи ҷангҷуёни “ДИИШ” аст.

4.Қурбоналӣ ва Ҳабибулло Маҳмадовҳо - аз ҷ/д Дараи Ҳакимии н.Нуробод. Дар мадрасаи динии Зоҳидони Эрон аз соли 2012 таҳсил мекарданд, соли 2015 ба Сурия рафта ба сафи чанғҷӯёни “ДИИШ” пайвастанд.

Аъзоёни дигари оилаи Маҳмадовҳо охири тобистони соли 2016 ба Сурия рафтаанд. Сабабгори рафтани ин оила сарварону аъзоёни ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ буданд.

5. Ноибов Ҳаким Ҳалимович, 10.03.1989, зодаи ҷ/д Дараи Ҳакимии ноҳияи Нуробод (собиқ сокини ноҳияи Синои ш.Душанбе, кӯч.Испечак-2, М16, бинои №8, ҳуҷраи 61). Солҳои 2009-2012 дар Донишгоҳи давлатӣ “Маъҳаду-дувалӣ ли улуми-л-арабӣ”-и шаҳри Димишқи Сурия таҳсил намуда, аз феврали соли 2012 шомили гурӯҳҳои террористии “Ҷайшу-л-ҳур” ва “Ҷабҳату-н-нусра” гардида, дар сафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” чангидааст. Яке аз қотилони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумот 16 шаҳрванди Сурияро ба қатл расонидааст.

Аз ин маълумот чунин хулосабарорӣ намудан мумкин аст, ки суистифодаи исломи ноб дар мадориси динии хориҷи кишвар ҷой дошта, марказҳои таълими ифротгароӣ он ҷо мавҷуд аст ва он нафароне, ки аъзои ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ буданд, хумори хунрезиашон гирифта, барои қатли мардуми осоиштаи Сурияю Ироқ тарки Ватан кардаанд ва ҳатто аъзоёни оилаашонро ба ин кор ҷалб намудаанд. Роҳбарияти ҳамин ташкилоти террористӣ буд, ки баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, замоне, ки роҳбарияти олии кишвар дар андешаи барқарор намудани иқтисодиёти фурӯрехта ва сарҷамъ намудани миллати парешонгаштаи тоҷик талош меварзид, онҳо садҳо ҷавононро фирефтаву бо роҳхат ба таҳсил дар муассисаҳои динии кишварҳои исломӣ сафарбар мекард.

Шоҳидони ҳол хуб медонанд, ки мадрасаҳои шаҳрҳои Теҳрону Қум касеро аз Тоҷикистон бе роҳхати ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ қабул намекарданд. 

Вақте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2010 барои аз хориҷи кишвар ба Ватан баргардонидани толибилмони ғайрирасмӣ таҳсилкунанда дастур дода буд, баъзеҳо аз ин норозӣ гашта буданд. Вале, сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ маҳз ба ҳамин равона гардида буд, ки фарзандони миллати баруманди тоҷик гирифтори таълим дар мадрасаҳои ғайрирасмии экстремистӣ нагарданд.

Агар ба раванд ва мантиқи ҳаводиси сиёсӣ ва сиёсӣ –динии иддае аз мамолики исломӣ назар афканем, дармеёбем, ки он равандҳо фориғ аз аҳдофи динӣ  буда,  танҳо баҳри тағйиротҳои сиёсие, ки аз тарафи неруҳои хориҷӣ матраҳ шудаанд, сурат гирифта истодаанд.

Ба ҳаводиси даврон ва мусибатҳои замон аз дидгоҳи модиёт баҳо бидиҳем, ошкор мегардад, ки “хайрхоҳон” туфайли зархаридони хеш тинҷию амонии кишварҳоро халалдор намуда, ҳадафҳои муғризонаи хешро роҳандозӣ намуданианд.

Айни замон бар хилофи кишварҳои арабӣ вазъи давлатҳои Осиёи Миёна хеле хуб буда, мардум осоишта умр ба сар мебаранд. Ин омил аз сиёсати пешгирифтаи давлатҳои номбурда дарак медиҳад. Сарони давлатҳо, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми саъйу кӯшиши худро ба он равона менамоянд, ки мардуми шарифи тоҷик дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ зиндагӣ намуда, баҳри пешрафт ва ободонии кишвар саъю талош варзанд.

Шукронаи Худованд чунин як давлати озод ва соҳибистиқлол насиби мо гаштааст. Шукрона аз он бояд кунем, ки Худованди мутаол марди закию хирадмандеро дар шахсияти  Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сарвари мо ва роҳбари давлати соҳибистиқлоли мо гардонидааст. Дар байни халқ мақоле пайдо гардидааст: «Ҳар ҷое қадами Ҷаноби олӣ расад, он ҷо обод мегардад!»

Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони азизамон дар тӯли 26 соли истиқлолияти худ рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст. Аз ин ҷиҳат корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истодааст. Ба истифода додани ҳазорҳо километр роҳҳои мумфарши мутобиқи стандартҳои оламӣ, аз ҷумла таъмиру таҷдиду роҳи 57 километраи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Узбекистон, нақбҳои замонави «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Шар-шар» неругоҳҳо, иморатҳои замонавии истиқоматӣ, маишию фарҳангӣ, китобхонаҳою беморхонаҳо, корхонаҳо ва ҳазорҳо иншооти дигар дар тӯли 26 соли истиқлолияти миллии мо амалӣ гашт. Умедворем, ки дар баробари ғановати моддӣ, фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш ғанӣ мегардад.

Наҷмиддин Салимов,

сармутахассиси Раёсати таҳлил

ва ташхиси диншиносии Кумита

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар