Асосӣ Мақолаҳо Ҳушёр бошем...

Ҳушёр бошем...

Ҳушёр бошем...
2017-12-13
3800

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон

Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду саломи бепоён бар Расули гиромӣ ва тамоми хонадону ёрони ў бод.

           Оё шумо фикр кардед, ки ҳар руз аҳли оилаи  моён, чӣ бобову модаркалонҳо, падарону модарон, фарзандону наберагон, хуллас хурду калон  аз хонаҳои худ, ба суи коргоҳу мактаб, боғчаву бозору куча мебароем? Оё шумо фикр кардед, ки ҳар яки онҳо дар давоми руз дар ҷойҳои кору дарси худ дар кадом аҳволанд? Оё дар бораи модар ё ҳамсароне, ки гоҳо танҳо дар хона мемонанд, шумо фикр мекунед, яъне шумо аз онҳо хавотирӣ мекашед?

   Ҳамаи  мо то он даме, ки ба хонаамон меоем дилпур ҳастем, ки ҳамаи онҳо дар амонанд. Бачаҳоямон дар кучаву боғча, мактабу донишкада, корхонаву бозор ва занону модарон  дар куҷое, ки давоми руз бошанд мо медонем, ки онҳо дар амонанд. Нисфи шаб мехоҳед ба Хуҷанд ё ба Душанбе ё ба Хатлон равед, марҳамат! Ба роҳ мебароед, тарсу ҳарос надоред, чунки оромиву осудагӣ моро фарогир аст. Имруз мо дар ватани азизи худ, ки осмонаш беғубор ва соф аст дар фазои  тинҷиву амният кору зиндагӣ карда истодаем. Қалбамон ором диламон пур аст, чунки ин сарзаминро худованд бо инояти бузургаш сулҳ ато намудааст ва албатта  ба ин неъмати узмо ҳар даму ҳар соат мо шукргузорӣ  мекунем ва ба қадри он мерасем.

         Бубинед дар дунё чӣ воқеаҳои мудҳиш рух дода истодааст. Ахиран дар рузи ҷумъаи муборак, дар минтақаи Ал-Ариши Сайнои кишвари Миср, дар вақти адои намози ҷумъа дар масҷиде, ки намозхонон фарзи худоро адо карда истода буданд, таркиши калоне ба вуқуъ омад. Баъди таркиш чанд нафар террористон ба суи онҳое, ки аз масҷид хориҷ мешуданд аз аслиҳаи оташфишон тир кушоданд. Зиёда аз 330 нафар кушта шуданд ва зиёда аз 200 нафар захмӣ гардиданд. Онҳоеро ба қатл расониданд, ки барои муноҷоти парвардигор ба хонаи худо омада буданд. Оё ин террористони хунхорро одаму мусулмон гуфтан мумкин аст? Ҳаргиз не. Онҳо суратан одаму ботинан ваҳшианд. Онҳоро чунин таълим доданд, ки одаму мусалмонкуш шудаанд. Онҳо на имон, на дин ва на виҷдон  доранд.  Ин шахсон аҳли дузаханд ва дар азоби сахту абадии парвардигор мебошанд. Онҳо бо номи дини поки Ислом корҳои зишташонро руйпуш мекунанд. Худо аз онҳо безор аст.

           Худованди мутаол  дар Қуръони карим дар сураи Моида ояти 32 мефармояд: “Ҳар кас инсонеро бидуни ин, ки муртакиби қатли нафс ё фасоде дар замин шуда бошад  бикушад, чунон аст, ки гӯи ҳамаи мардумро кушта бошад ва ҳар кас инсонеро аз марг наҷот диҳад, чунон аст, ки гӯи ҳамаи мардумро зинда кардааст”, яъне қатли  як инсони бегуноҳ, мисли қатли ҳамаи одамон ҳисоб мешавад. Гуноҳи ин кор чунон аст, ки гӯё аҳолии тамоми заминро ба қатл расонидааст.Оё худованд ин гуна гуноҳро бахшоиш мекунад. Ҳаргиз не. Пас мо огоҳ ва  ҳушёр бошем, ки фарзандони моро гумроҳ накунанд ва ба ин гурӯҳҳо шомил нагардонанд, ки чунин одамкуш ва ваҳшӣ шаванд.

                                    И.Калонзода

Имомхатиби масҷиди “Нури ислом”-и шаҳри Хуҷанд

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар