Асосӣ Мақолаҳо Медонем, ки ҳнит кайҳо арзишҳои муқаддасро фурӯхтааст

Медонем, ки ҳнит кайҳо арзишҳои муқаддасро фурӯхтааст

Медонем, ки ҳнит кайҳо арзишҳои муқаддасро фурӯхтааст
2018-01-18
3037

Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки: «Террористу экстремист ватан, дин, мазҳаб надорад, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳон ба шумор меравад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ талош меварзад. Дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар пайи рушду нумуи дини мубини ислом чӣ қадар кушишҳо, амалҳои наҷибу шоиста рӯйи кор омаданд. Пешвои миллат пайваста изҳор медоранд, ки зуҳуроти харобиовари ифротгароӣ ва созмонҳои террористӣ, ки аксари онҳо фаъолияти худро бо номи ислом анҷом медиҳанд, имрӯз аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст, мебояд ҳар як сокини кишвар аз хонавода оғоз намуда, то сатҳи минтақаву болоӣ мубориза барад, зеро он на фақат ба давлат ва асосҳои конститутсионии он, балки ба рӯзгори ободу осуда, ба тарзи зиндагии ҳар як шахс ва аҳли оила хатар дорад. Тавре ба мову шумо маълум аст, тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардида, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қать карда шуд. Наҳзатиёни фирорӣ дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ барои амалӣ кардани мақсадҳои худ, ба ҷалби баъзе шахсиятҳо ба сафи гурӯҳҳои террористӣ машғул мебошанд. Чунин рафтори онҳо хатар ба амнияти давлату миллат мебошад. Ба ақидаи худи намояндагони ҳизбе, ки дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, гӯё ки рафтори онҳо дар асоси шариату меъёрҳоиои қуръонӣ мебошад. Дар ҳоле, ки ояҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ рафтору аъмоли куркуронаву бадахлоқонаи онҳоро қатъиян маҳкум менамояд. Имрӯзҳо дида мешавад, ки дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ ва интернетӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи ватан, миллат, мазҳаб гап мезананд ва хонандагонро ба гумроҳӣ водор менамоянд. Аммо мардуми Тоҷикистон хурду калон медонанд, ки онҳо ин арзишҳои муқаддас, яъне ватану миллатро кайҳо фурӯхта, зери пой кардаанд. Мо низ аъмолу рафтори ин ҳизби террористиро маҳкум менамоем. Ҳар як ҷавоне, ки худро мусулмон мешуморад, тибқи фармудаҳои мазҳаби Абӯҳанифа (раҳ) бояд дорои ақидаи солим бошад.

Бознашр аз сомонаи Кумитаи дин

Абдусаттор Юсупов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

Абдулбоқии ҷ/д Ҳакимии н. Нуробод 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар