Асосӣ Мақолаҳо Ба террористии даъвогарони “ислоҳоти динӣ” шубҳа намонд

Ба террористии даъвогарони “ислоҳоти динӣ” шубҳа намонд

Ба террористии даъвогарони “ислоҳоти динӣ” шубҳа намонд
2018-02-13
3135

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ходимони динро водор кард, то барои иҷрои вазоифи худ зиёдтар кӯшиш намоянд.

Ба ҳама маълум аст, ки он амалҳои нангину номатлубе, ки аз ҷониби гурӯҳҳои тундгаро  ба вуқуъ мепайвандад, мутаассифона аз ҷониби ба ном мусулмону ислом амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, пешгирӣ аз чунин равандҳо ва мунтазам ҳушдор додани мардум аз макри чунин гурӯҳҳо вазифаи аввалин дараҷаи ҳар  як ходими динӣ мебошад .

Пешвои миллат  дар Паёми худ  он сухане, ки дар ин хусус гуфтанд, бисёр  гаронарзиш аст ва банда аз он бисёр мутаассир гаштам.

“Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест...”.

Барҳақ ҳамчунин аст,  ки борҳо банда аз рӯи таҷриба ва мушоҳида,  яқин ҳосил кардаам, ки даъвогарони ба қавли худашон “ислоҳоти динӣ” ва ба ном “сулҳпарвар” дар асл сахт ҳариси ҷангу ҷидоланд.

Воқеан бисёр тааҷҷубовар аст, ки онҳо чиро ислоҳ мекарда бошанд?  Мардуми мо ҳама муъмину мусулмон ва дар мазҳаби Имоми Аъзам ҳастанд. Маълум аст, ки  онҳо аз роҳи рост боздоштан ва гумроҳ карданро “ислоҳ” менманд ва ҳол он ки айни ифсод аст.

Барои мисол, баъди созишномаи сулҳ бо наҳзатиҳо онҳо худро мисли мусичаҳои бегуноҳ, худро  ҳомиёни сулҳу ваҳдат муаррифӣ карда ва худашонро  ҳамчун ислоҳгар  вонамуд мекарданд  (агарчи ислоҳи онҳо ифсод буд). Аммо бо мурури замон аз дилсӯзиву ғамхориҳои Пешвои миллат сӯистифода карда, дар охир кӣ будани худро бо нақшаи моҳи сентябри соли 2015 ба воситаи  Ҳоҷӣ Ҳалим  чунон исбот карданд, ки ба террористии онҳо шубҳае боқӣ  намонд.

Пас албатта гуфтаи Пешвои миллат айни ҳақиқатаст ки:

“Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест”.

Абдушукур Тураев,

сархатиби  ш Истаравшан  

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар