Асосӣ Мақолаҳо БЕҲТАРИН ПЕШНИҲОД АЗ БЕҲТАРИН ШАХСИЯТ

БЕҲТАРИН ПЕШНИҲОД АЗ БЕҲТАРИН ШАХСИЯТ

БЕҲТАРИН ПЕШНИҲОД АЗ БЕҲТАРИН ШАХСИЯТ
2018-02-17
2853

         Дар ҳадиси Паёмбар (с) омадааст: “Беҳтарини мардумон касонеанд, ки фоидаашон ба халқ бештар бошад”. Ҳар кас бояд ба андозаи ҳол ва қувваташ ба фоидаи халқ бикӯшад, зеро вазифаи ҳар мусалмон манфиат расонидан ба бандагони Худо аст.

         Амалҳои хайр ва нек бисёр аст, аммо анҷомдиҳандагон ва тарғибкунандагони корҳои хайр кам аст. Паёмбар (с) фармудаанд: “Некӣ бисёр аст, некӯкорон андак ва ноёбанд” (Байҳақӣ аз Ибни Умар ривоят кардааст).

         Яке аз чунин некӯкорон ва амали хайр анҷомдиҳандагон абармарди сиёсӣ ва ифтихори мо тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун шахсияти ташаббускор дар мавриди масъалаҳои марбут ба об эътироф шудаанд. Қабули пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони милали Муттаҳид дар бобати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” барои мардуми Тоҷикистон мояи сарфарозиву ифтихори бузург аст. Пешниҳоди навбатӣ идомаи ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон марбут ба об мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо якчанд пешниҳоди муҳим доир ба масъалаи ҳалли масоили обӣшинохта мешавад. Аз ҷумла, оид ба эълон доштани соли байналмилалии “Оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005 – 2015) ва соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013). Ин ва дигар пешниҳодоти саривақтӣ ва одилонаву ҳалталаб барои нафъи аҳли башар аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон маънои ба ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ даъват кардани кишварҳои сайёра аст. Об неъматест, ки барои ободии умум ва беҳбудии ҳама халқҳо ва кишварҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Об манбаъи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам, захираи бузургу бебаҳоест, ки мавҷудияти он ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарсабзиву хуррамӣ мебахшад. Ибтикори бузургу хислати инсондӯстонаи сарвари давалати мо, аз фарҳанги пурғановати аҷдодӣ, аз маданияти инсонпарваронаи бузургони адабиёту дин ва маънавиёти олмашумули тоҷикон сарчашма мегирад. Худованд дар сураи “Анбиё” ояти 30 фармудааст: “Ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем.” Аз оят бармеояд, ки ҳамаи ашёи зинда аз об пайдо шуда, эҳтиёҷ ба об дорад, ки бидуни об зиндагӣ ва ҳаётро тасаввур карда намешавад.

         Сарсабзиву хуррамӣ, ҳастии гулу гиёҳҳои шифобахш, дарахтони мевадиҳанда, ки ободии бозору дастархони инсоният аст, ҳама вобастагӣ ба об дорад. Худованд дар сураи “Қоф”, ояти 9 фармудааст: “Ва аз осмон оби бобаракат фуруд овардем, пас бо он бӯстонҳо ва донаи кишти даравшаванда рӯёнидем.” Дар оят ишорат аст, ки ободии боғу бӯстонҳо, сабзишу ҳосилнокии ғалладонаҳо вобаста ба об аст. Дар ин оят Худованд обро ба сифати муборак тавсиф кардааст. Ва ин дар ҳолест, ки Худованд дар Қуръони карим Байтуллоҳ, шаби қадр ва Қуръони каримро ба сифати муборак васф кардааст. Ва ин нуқтае аст, ки аҳамият ва муқаддас будани обро аз дидгоҳи қуръонӣ нишон медиҳад. Муҳаққиқони Қуръон гуфтаанд: “Худованди таъоло дар каломи маҷид 33 маротиба баҳрро зикр кардааст ва 14 маротиба барро (хушкӣ)” Чун ба фоиз гардониданд, 71,1 фоизи замин об аст ва 28,8 фоизи дунё хушкӣ аст. Пас маълум гардид, ки об асоси ҳастии дунё ва бошандогони ӯст.

         Дар аҳодиси Паёмбар (с) нисбат ба об суханҳои гаронбаҳое мавҷуд аст, ки ба хайр кардану ташнаеро об додан, тарғиб менамояд. Ва дар ҳадисе омадааст: “Афзалтарин садақа об додан аст.” Инчунин дар ҳадиси дигар фармудааст: “Ҳазрати Буҳайса мефармояд, ки падари ман аз расули Худо пурсид, он чӣ чиз аст, ки боз доштанаш (аз пурсанда) ҷоиз нест? Расулуллоҳ (с) гуфт: Об аст, ки манъ карданаш ҳалол нест (ривояти Абудовуд)”. Ҳазрати Саъд гуфтаанд: Ё Расулуллоҳ (с) модари ман вафот кард (барои расидани савоб ба ӯ) кадом садақа афзал ва беҳтар аст? Паёмбар (с) фармуданд: “Об аз ҳама беҳтар аст”. Бинобар ин, Саъд (р) барои ирсоли савоб ба равони модари худ чоҳе ҳафр канд. (Ривояти Молик, Абудовуд).

         Аз нигоҳи Қуръону суннат ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об амали хайру савоб ва дастрас намудани аҳли башар ба об афзалтарин садақаи ҷория маҳсуб мешавад. Бояд қайд кард, ки об дар баробари заруру муҳим буданаш барои ҳаёти ҷонварон ва сабзишу нумӯи гиёҳон, мояи покиву тозагии инсон ба шумор меравад. Чуноне ҳазрати Мавлавӣ фармудаанд:

         Ё бирезад бар гиёҳи рустае,

Ё бишӯяд рӯйи рӯношустае.

Дар вуҷуди об садҳо ҳазор дармон нуҳуфта, зеро ҳар доруе аз ӯ падид омадааст. Ҳама гиёҳони доругин аз об рӯйидааст. Пас об дар даруни худ ҳазорон дору нуҳуфта дорад. Баъзе беморонро ба нӯшидани оби бисёр табибон тавсия медиҳанд. Ва ё шино кардан низ дармонкунандаи бисёре аз бемориҳост. Ба қавли Мавлавӣ:

Сад ҳазорон дору андар вай ниҳон,

З-он, ки ҳар дору бирӯяд зу чунон.  

Ҳама авсоф ва камолоте, ки дар об мавҷуд аст, гувоҳ бар ин аст, ки об ҷавҳари латиф аз алтофи раббонӣ аст. Об палидиҳоро мешӯяд, нишон аз ин аст, ки худ унсури латифу пок аст ва илло ба тоҳир кардани ашё қодир намебуд. Мавлавӣ фармудааст:

Ин ҳунарҳо обро ҳам шоҳид аст,

К-андарунаш пур зи лутфи Эзид аст.

    Абдулазиз Муҳибов,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба

номи Имом Бухории ноҳияи Шаҳринав

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар