Асосӣ Мақолаҳо Ислом зидди тафриқа

Ислом зидди тафриқа

Ислом зидди тафриқа
2018-02-17
433

Мо барои васл кардан омадем,

Не барои фасл кардан омадем.   

(Мавлоно)

Худованд дар Қуръони маҷид мефармояд: “Шумо монанди касоне набошед, ки пас аз омадани оятҳои равшан ба фирқаҳо ҷудо шуданд ва ихтилоф карданд. Онҳоянд ҳамон сазоворони азоби сахт” (Сураи Оли Имрон, ояти 105).

Бемориии ихтилоф ва тафриқа ҷомеаи мусулмононро фаро гирифта, ки маншаи он амалкарди доиёне аст, ки мусулмононро ба ҳамдигар душман сохта, бо гумроҳ сохтани ҷавонон аз масири воқеии аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус таълимоти Имоми Аъзам, онҳоро барои мухолифат бо мусулмонон даъват мекунанд. Имрўз дар ҷомеаи исломӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон ва дар натиҷа, сар задани ихтилофоти мазҳабӣ мегарданд. Бемазҳабӣ ё бисёрмазҳабӣ, эҷоди ихтилофот, омилҳое мебошанд, ки боиси ба гурўҳҳо ҷудо шудани мусулмонон ва дар ин замина сар задани муноқишаҳо мегардад. Мисоли ин парокандагӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ, дар ниқоби ислом рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ, вайронӣ ва фасоди давлат дар якчанд кишварҳои мусулмонӣ шуда метавонад. Маҳз ворид шудани ақидаи бегона сабаби асосии низоъҳои динӣ гардидааст. Оё Пайғамбар (с) ояндаи уммати исломиро дар тафриқаву ихтилоф медиданд? Асоси дин тавҳид ва ягонагӣ аст. Магар бо тафриқаву ҷудоиандозӣ метавон уммати исломиро пеш бурд, ватанро обод кард? Маҳз ҳамин гуна ихтилофҳо буд, ки имрўз мусулмонон ба як ҷомеаи ақибмонда табдил ёфта, бозичаи дасти бадхоҳон гаштаанд. Оқибати ҷудоӣ бадбахтист. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки баъзе ҷавонони гумроҳ ҳатто дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин, бо нидои «Аллоҳу акбар» дар масҷид худро метарконанд. Магар ба қатл расонидани мусулмонони бегуноҳ ҷиҳод аст?!, Магар шахси маргталаб шаҳид аст?! Ҳаргиз не! Дини ислом чунин таълимоте надорад! Дини ислом дини меҳру муҳаббат, раҳмату шафқат аст. Аммо мутаассифона ҳамагон шоҳиди он гаштаем, ки баъзе аз ҷавонони миллати  тоҷик низ имрўз дар кишвари Сурия ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бо баҳонаи «ҷиҳод» ба даст силоҳ гирифта, мардуми бегуноҳро ба қатл мерасонанд.  Модарҳои зору гирён, ҳамсару фарзандони овораву парешон бошад, дар ватан дар роҳи падару ва ё фарзандашон бо ду чашми гирён дар интизори онҳо ҳастанд. Бояд мо аз фарзандони худ бохабар бошем, мабодо ба доми фиребгарон афтанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муборизаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои ҷангзада аз аксар минтақаҳои кишвар, чӣ ҷанубу чӣ шимол иштирок доранд. Чӣ шуд, ки мо аз таълиму тарбияи фарзандони худ бехабар мондем, то он ҷо ки бадхоҳон онҳоро ба вартаи ҳалокат афканданд? Мо бояд ваҳдати миллӣ, яккамазҳабиро нигоҳ дорем, ба қадри тинҷиву оромии кишварамон бирасем. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша таҳти сарварии Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳаммаслакони ӯ ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷум намуда чанд танро ба ҳалокат расониданд ва теъдоди зиёди силоҳу аслиҳаро бо худ бурданд. Ба ҳамагон маълум гашт, ки ин афрод аъзоёни ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон будаанд. Мувофиқи маълумотҳо вақте, ки ҷиноятҳои Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ошкор шуд, номбурда аз ватан фирор намуд. Имрӯзҳо аз хориҷа истода мехоҳанд мамлакати тинҷу ороми моро нороом созанд. Аммо ба тамоми мардум мақсади ин ҳизб маълум шуд, ки инҳо чӣ нақшаҳо доранд. Пас, мардуми мусулмони кишвари моро месазад, беш аз пеш зираку ҳушёр бошанд, то худ ва аҳли оилаи худро аз чунин бадхоҳон дар амон бидоранд.

 Ғ.Асҳобов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи “Сари мазор”-и ш. Истаравшан

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:15
Пешин13:00
Аср18:00
Шом20:01
Хуфтан21:31
Суханронии Президент
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ФИТР

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ФИТР

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибаи фарорасии моҳи шарифи рамазон

Табрикоти Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибаи фарорасии моҳи шарифи рамазон

Муфассалтар