Асосӣ Мақолаҳо МАВОДИ МУХАДДИР ВА ЗАРАРҲОИ МОДДИВУ МАЪНАВИИ ОН

МАВОДИ МУХАДДИР ВА ЗАРАРҲОИ МОДДИВУ МАЪНАВИИ ОН

МАВОДИ МУХАДДИР ВА ЗАРАРҲОИ МОДДИВУ МАЪНАВИИ ОН
2018-02-26
3308

Калимаи «мухаддир» аз решаи «хадара» гирифта шуда ба маънои заъф, танбалӣ ва сустӣ меояд. Гуфта мешавад: «Хадира-ш-шорибу», яъне нӯшандаи шароб сусту заиф шуд. Ин калима ба маънои торикӣ низ омадааст. Масалан гуфта мешавад: «Маконун ахдар», яъне макон ва ҷойи торик. Дар маҷмӯъ, калимаи «хадара» ба маъноҳои зайл итлоқ мешавад:

Торикӣ, сайру саёҳат, чашпӯшӣ, сардӣ, лозим гирифтани чизе, ҷойгузин шудан, ки ҳамаи ин мафҳумҳо буздилӣ, ақибмондагӣ, саргардонӣ, беғайратиро ба дунбол доранд. Тамоми ин маъноҳо дар шахсе, ки ба маводди мухаддир гирифтор аст, вуҷуд дорад, сарфи назар аз он, ки маводди моеъро ва ё ҷомиди онро истеъмол намояд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҳаёт ин мубориза аст, мубориза бар зидди фисқу фуҷур, (фасодкорӣ) хоҳишоти  нафсу васвасаҳои шайтонӣ ва ғайра. Инсон дар ҳаёти худ ба воқеаҳо ва лаҳзаҳои гуногун рӯбарӯ мешавад, ки танҳо тавфиқи худовандӣ, ақли солим, дурандешӣ ва иродаи қавӣ метавонад ӯро наҷот диҳад. Мутаассифона, баъзе шахсон пайрави ҳавову ҳавас гашта, дар ҳаёти худ бар истеъмолу истифодаи баъзе маводҳо машғул мешаванд, ки ҳаёти худро на танҳо дар зери  хатар, балки сузонда нобуд мекунанд. Баъдан афсус хӯрда, пушаймон мешаванд, ки дигар фоидае надорад.

Ҳашишу героин ва амсоли ин мавод чӣ ҷомеъ ва чӣ моеъ ва он чи, ки бо номи маводи мухаддир шинохта шудааст, аз ҷумлаи маводе ҳастанд, ки бо иттифоқи ҳамаи олимони исломӣ ҳаром дониста шудааст. Ин ҳама мавод аз ҷумлаи хамр ба шумор меравад. Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) мефармояд: «Ҳар чизе, ки ақлро аз байн бибарад, хамр гуфта мешавад». Истеъмоли маводи мухаддир ва машруботи алкоголӣ низ ба рӯҳу ҷисми инсон зарари калон дорад. Истеъмоли доимии ин мавод бадани инсонро дар муддати кӯтоҳ фалаҷу нотавон карда, саломатӣ ва ҳамоҳангии кори аксари узвҳои баданро аз байн мебарад. Тадқиқотҳои илмӣ нишон додаанд, ки мағзи сари шахси истеъмолкунандаи машруботи алкоголӣ ва хусусан маводи мухаддир, ба тадриҷ карахт шуда, ақли ӯ кам ва хотирааш заиф мегардад. Бояд қайд намуд, ки шахсони нашъаманд дар муддати ниҳоят кӯтоҳ, таи ду-се сол, ба куллӣ мубталои беморӣ мешаванд ва бармаҳал аз байн мераванд. Ҳангоми истеъмоли ин маводи заҳрогин асаби нашъамандон халалдор гашта, ғайраташон кам, хаёлашон парешон, хотираашон суст ва иродаашон заиф мегардад.

Чунонки ҳаёт нишон медиҳад, харҷи вазнини харидорӣ ва истеъмоли маводи мухаддир оқибат инсонро муфлис карда, қарздору хорузор мегардонад. Умуман нашъамандӣ ва бадмастӣ оқибат шахсро маризу бенаво карда, барои худ, хонавода ва барои тамоми ҷомеа дарди сар мегардонад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки даст задан ба нашъамандӣ навъе худкушии тадриҷӣ мебошад, ки дини мубини ислом онро сароҳатан маҳкум кардааст. Қуръони карим дар ин бора ба мусулмонон чунин амр намудааст:

«Худро ба дасти худ ба ҳалокат нарасонед» (Сураи «Бақара», ояти 195).

Чунин зарароварӣ бар худ ва бар ҷомеа аз доираи таълимоти исломӣ берун буда, як навъи гуноҳ ба ҳисоб меравад.  Паёмбари бузурги Ислом сароҳатан фармудааст:

«Бар худ ва бар дигарон зарар нарасонед!» (Ривояти Имом Молик).

Вақте ки инсон дар натиҷаи майзадагӣ ва нашъамандӣ сифатҳои пасти дар боло зикршударо пайдо мекунад, маълум аст, ки робитаи ӯ бо тамоми атрофиён, аз ҷумла падару модар, бародару хоҳар ва зану фарзандонаш бад шуда, оқибат ба вайрон шудани оила бурда мерасонад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки оилаҳои бадмасту нашъаманд ҳамеша муҳити ҷанҷолӣ ва ноором дошта, барои тарбияи фарзандон фазои номуносибу носолим эҷод мекунанд. Албатта нақши оила дар тарбияи фарзандон, хусусан нақши падару модар хеле бузург мебошад, ки ин мавзӯи дигар аст. Аз қувваи мардӣ маҳрум шудани майзадагону нашъамандон низ боиси ғайри имкон шудани идомаи зиндагии оилавӣ гашта, ба вайроншавии оила бурда мерасонад, ки албатта вайроншавии як оила фоҷиаи хеле бузург буда паёмадҳои манфӣ дорад. Ба ин восита шахси майзадаву нашъаманд на танҳо худро, балки аъзои оила ва хешу таборашро беобрӯ ва шармсор менамояд. Худ қазоват кунед, ки падару модари нашъаманд аз афъоли бади фарзандашон чи қадар азоби рӯҳӣ мекашанд ва ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. 

Бояд қайд намуд, ки бадмастӣ ва истеъмоли маводи мухаддир пеш аз ҳама ба бузургтарин сармояи миллату ҷомеа, яъне ақлу зеҳни инсонҳо таҳдид мекунад. Истеъмоли он инсонро аз фарҳангу маънавият холӣ ва ғуломи ҳалқабардӯши ин мавод гардонида, аз ҳувияти милливу ифтихори миллӣ комилан бегона месозад. Бешак маводи мухаддир ба ояндаи тараққиёт, маънавият ва насли ояндаи миллат таҳдиди ҷиддӣ мерасонад, зеро аз мардони заифу заҳролуд фарзанди солим ба бор намеояд ва аз мағзҳои карахту шахшуда, ҳеҷ фикри дурусте сар намезанад. Ин маводи тиракунандаи ақл ва азбайнбарандаи бадани солим метавонад, дар андак муддате кореро, ки душманон дар тӯли солҳо ба он муваффақ нашудаанд, амалӣ кунад. Яъне миллати дорои фарҳанги ҳазорсоларо ба тӯдаи кундзеҳну бехирад ва масту майзада табдил диҳад. Ин аст, ки имрӯз масъалаи мубориза бо гардиши маводи мухаддир дар ҳақиқат мубориза барои наҷоти фарҳангу ҳуввият ва умуман асолати миллӣ ва ояндаи ҳар миллат мебошад.

Худованд барои дарёфти роҳи саодати дунёву охират китобҳо ва паёмбарон фиристода, то инсонҳо роҳи некию хушбахтиро дарёфт намоянд. Бояд онҳое, ки ба ин роҳи хато рафтаанд, бедор шаванд ва ақли худро дуруст истифода намояд ва имрӯзу фардои худро, ки бебозгашт аст, аз даст надиҳанд. Дар охир гуфтанием, ки Худованд ҳамаи инсонҳоро аз ин афъоли зишту фоҷеаи маргбор дар паноҳи худаш нигаҳбон бошаду ба роҳи равшани некбахтӣ ҳидоят кунад.

Ҷамолиддин Хомӯшов, 

сармутахассиси Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар