Асосӣ Мақолаҳо ХУДКУШӢ ВА УҚУБАТҲОИ ШАХСИ ХУДКУШ

ХУДКУШӢ ВА УҚУБАТҲОИ ШАХСИ ХУДКУШ

ХУДКУШӢ ВА УҚУБАТҲОИ ШАХСИ ХУДКУШ
2018-03-01
3083

Тамоми узвҳои бадани инсон амонати Худованд аст. Мо фақат ҳаққи истифодаи онҳоро дорем, аммо аз байн бурдан ва хариду фурӯши онҳо аз дидгоҳи дини мубини ислом ҳаром аст. Чунончи бузургтарини ин амонатҳо ҷони инсон мебошад, ки тамоми узвҳо барои фаъолияташон бар ин рӯҳи атокардаи Худованд муҳтоҷ ҳастанд. Бинобар ин, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба худкушӣ даст занад, чунки Худованд инсонро бинобар ақлу илму фаҳмаш бар тамоми махлуқот фазилат бахшид ва ба тамоми махлуқоташ эълон намуд, ки инсон халифаи ман дар рӯи замин мебошад. Чунончи ҳама медонад, ки ҳамаи чизҳо барои инсон офарида шудааст, аммо худи инсон барои фармонбардории Худо. Саъдии бузургвор фармудааст:

Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд,

То ту ноне ба каф орию ба ғафлат нахӯрӣ.

Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбардор,

Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.

 

Пас бояд инсон фармонбардори амри Худо бошад. Мутаассифона имрӯзҳо мебинем, ки бархе аз ҷавонон ва ҷавондухтарон даст бар ин амали пасти номатлуб мезананд ва ин амали зишти инсониро роҳи наҷот аз мушкилоти зиндагии худ медонанд. Оё онҳо намедонанд, ки баъд аз ин амали номатлуб ба куҷо ва дар пеши кӣ ҳозир мешаванд? Пеши он Худованде, ки ин амали номатлубро бар онҳо ҳаром гардонида буд ва ин зиндагии ҷаҳонро барои онҳо макони имтиҳон ва пур аз мушкилот офарида буд, то ки инсонро дар ин мушкилот бисанҷад ва дар ивази ин мушкилот ба онҳо ҷаннати ҳамешагӣ ва зиндагии ҷовидон ато кунад. Аммо мутаассифона баъзе аз бародарону хоҳарон даст ба ин амал зада, ба азоби ҳамешагии ҷаҳаннам худро гирифтор мекунанд.

Амали худкушӣ аз нигоҳи дини ислом ҳаром буда, аз ҷумлаи гуноҳҳои кабира маҳсуб мешавад. Худованд дар Қуръон мефармояд:

«Эй мӯъминон! Амволи якдигарро ба ноҳақ махӯред, магар он ки тиҷорате бошад, ки ҳар ду тараф ба он ризоят дода бошед ва худатонро макушед, бегумон Худованд нисбат ба шумо меҳрубон аст» (Нисо; 29).

Ҷони инсон аз они Худованд аст ва касе ҳақ надорад, ки даст ба худкушӣ занад. Тибқи фармудаи Пайғамбар (с) шахси худкушикарда ба ҳамон чизе, ки худро куштааст, уқубат карда мешавад.

Аз Собит ибни Заҳҳок (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

«Ҳар кас худро ба чизе бикушад, ба василаи ҳамон чиз дар рӯзи қиёмат азоб карда мешавад» (ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Ҳар касе худашро аз кӯҳе партофта бикушад, ҳамеша ва бардавом дар ҷаҳаннам андохта мешавад ва то абад дар он ҷо боқӣ мемонад, ҳар кас бо хӯрдани заҳр худкушӣкунад, вориди ҷаҳаннам мешавад, дар ҳоле ки заҳрро дар даст гирифта онро мехӯрад ва то абад дар оташи ҷаҳаннам ба ҳамин азоб гирифтор мемонад, ҳар касе худашро бо оҳане бикушад, дар оташи ҷаҳаннам онро ба шикамаш фурӯ мебарад ва дар он ҷо то абад боқӣ мемонад».

Аз Ҷундуб ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд:

«Дар гузаштагони қабл аз шумо марде захме бар бадан дошт, бетобӣ кард ва кордеро бардошта бо он дасташро бурид. Хун банд нашуд, то ин ки фавт кард. Худованди мутаъол фармуд: Қабл аз он ки бандаамро бимиронам, ба худкушӣ даст зад, аз ин рӯбиҳиштро бар ӯ ҳаром кардам» (муттафақ алайҳ).

Ҳазрати Пайғамбар (с) бар шахси худкушикарда намози ҷаноза нахонданд, то ки дигарон бар ин амали нораво даст назананд, вале барои мардум иҷозат доданд, ки намози ҷанозаи ӯро бихонанд.

Дар китобҳои муътабари фиқҳи ҳанафӣ низ роҷеъ ба нораво будани амали худкушӣ фатвоҳо ворид шудааст. Аз ҷумла дар китоби «Фатовои Баззозӣ», ҷ. 4, с. 78 чунин овардааст:

«Тибқи назари Имом Абӯюсуф бар шахси худкушикарда намози ҷаноза гузорида намешавад ва Имом Суғдӣ ҳамин раъйро интихоб кардааст. Аммо саҳеҳ ин аст, ки шахси худкушикарда ғусл дода шуда ва бар ӯ намози ҷаноза гузорида мешавад, чунончи раъйи Имом Абӯҳанифа ва Имом Муҳаммад ҳамин гуна аст. Имом Ҳалвоӣ ба ин қавл фатво додаанд».

Маҳмуд Сангалиев,

мутахассиси Раёсати фатвои

Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар