Асосӣ Мақолаҳо Шукри осоиши наврӯзӣ

Шукри осоиши наврӯзӣ

Шукри осоиши наврӯзӣ
2018-03-13
3321

Фасли баҳор, иди баҳор ба та­моми оламиён яке аз неъматҳои илоҳӣ мебошад. Парвардигори олам моро ба ин фазилату карам мушарраф гардонидааст, бояд шукронаи онро адо намоем.

Шукри Парвардигор, имсол иди баҳор бо таҷалии нав дар муҳити тинҷию оромӣ ва хайру барака ҳамчун фасли файзбор мақдами хайр мекунад ва иншооллоҳ ба зиндагии мардум ҳусну тароват ва умеду орзуҳои фараҳовар мебахшад.

Наврӯз фасли оғози кишту­кор ва саршавии кори деҳқон аст. Нозу неъмати дастурхони мардум самараи меҳнати деҳқон ва аз ҳама пеш фазлу карами Парвардигор мебо­шад. Худованди азза ва ҷалла ба инсонҳо хитоб карда дар сураи Абаса мефармояд:

Пас, одамӣ бояд, ки ба таоми худ дарнигарад; (ба он ки) Мо обро ба сурати борише рехтем; пас заминро ба некӣ шикофтем; пас, дар он замин руёнидем донаро; ва ангуру сабзавотро; ва зайтуну дарахтони хурморо; ва боғҳои пурдарахтро; ва меваву алафро барои манфиати шумо ва чаҳорпоёни шумо. (Сураи Аба­са, оятҳои 24-32).

Албатта, дар зиндашавии табиат ва рӯидани гиёҳҳо дар фасли баҳор нишонаҳои қудрати Парвардигор аст. Зеро Худованд дар сураи Ёсин чунин мефармояд:

Ва барояшон замини мурда нишонае аст, ки онро зинда гардонидем ва аз он дона баровардем; ва аз он дона мехуранд. (Сураи Ёсин, ояти 33).

Мардум аз замонҳои қадим дар Наврӯз сарчамъ мегаштанд. Ҳама якҷоя ин идро ҷашн мегирифтанд. Анъанаи якҷоя бо тамоми мардум ҷашн гирифтани Наврӯзро халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон ибтидо гузоштанд, дар таърихи ислом Халифаи дуввуми Аббосиён мансур аҳамияти Наврӯзро дар ҳаёти мардум ба инобат гирифта онро ба қатори идҳои расмӣ ворид намуд.

Мувофиқи ривоятҳои таъ­рихӣ дар замони ҳазрати Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ин идро мардум ҷашн мегириф­танд. Бобои Имоми Аъзам Зуто писарашон Собитро дар иди Наврӯз ба назди ҳазрати Алӣ бурда, аз эшон дуо талабидаанд. Мегӯянд, ки бо баракати дуои ҳазрати Алӣ писари Собит - Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ ба мартабаи мучтаҳидй расидаанд.

Дар бораи наврӯз назму насри зиёд навишта шуда аст, банда ҳам дар ин ҷода мехоҳам фикри худро ба риштаи назм бикашам.

   

    Шукри неъмат аз азал осоиши наврӯзи мо,

Гардиши сол аст дар ҳар гардиши наврӯзи  мо.

Чак-чаки борони найсон оварад нуру сафо,

Ҳам  шифои дардҳо оромиши наврӯзи  мо.

    Ғунчаҳо андар ҳаё аз рӯ кушоданҳои худ,

Булбулон хушнағма бо фармоиши наврўзи мо.

Субҳидам бо накҳате  файзе  биёрад  рӯзи  нав,

Байни мардум ваҳдате аз ҷунбиши  наврӯзи мо.

Ту дуо кун, эй Ҳусайн, ҳар рўзи мо наврўз бод,

Бахт афзояд ба мо афзоиши  наврӯзи  мо!

 

  Дар хотима дуо мекунам, ки Парвардигори олам ин баҳорро бобарор гардонад. Аз ҳамаи офатҳои арзиву самовӣ дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад. Ба деҳқон кушоиши кор ҳосили фаровон ба зироат хайр ва ба оби равон баракот ато фармояд. Ризқу рӯзии мардуми мо фаровон, ҳаёти хушу хуррам ва хонадони ҳар як фарди Тоҷикистон обод бошад.

Омин ё раббил оламин.

Хоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА, Сархатиби масҷиди ҷомеи "Шайх Маслиҳатдин"-и шаҳри Хуҷанд, Номзади улуми суханшиносӣ.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар