Асосӣ Мақолаҳо ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ ВАТАН САҲМГУЗОР БОШАНД

ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ ВАТАН САҲМГУЗОР БОШАНД

ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ ВАТАН САҲМГУЗОР БОШАНД
2018-03-15
2747

Воқеан ҷаҳлу нодонӣ, ки сарчашмаи ҳамаи бадбахтиву тундгароиҳост, боиси нооромии ҷомеа ва сарсонию бадбахтиҳои мардум мегардад, ки ин бехирадӣ ва носипосии нобахшиданӣ нисбат ба Офаридагор буда, косаи заҳр барои ҳар хонадон аст. Носипосӣ – худоношиносист! Доғи халқу миллат ва сарчашмаи бадбахтиҳои давлат мебошад.

        Ходисаҳои охире, ки дар баъзе манотиқи мусулмоннишини ҷаҳон рух доданд, барои ҷавонони соҳибақл, дурандеши ҳамватан як дарси ибрат аст. Таърихи башарӣ дар робита ба нифоқҳои дохилӣ собит кардааст, ки касе ё дастае бо мунофиқию ҷудоандозии мардуми худ ба мурод нарасидааст. Зеро ин душманӣ аст ва душмани бадкеш ҳаргиз ба мақсад намерасад.

 Ҷои пӯшида нест, ки баъди имтиҳонҳои шадиди таърих барои ба ин рӯзи нек, оромиву, осудагӣ расидан чӣ кадар фарзандони ба ору номуси мо ҷони худро курбон карданд, чи кадар хорию залилӣ дидем. Хайр аст, ки ба бахти мо офаридагор бароямон чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- пешвои инсонпарвар, дурандешу ботадбиреро раво дид.

Маҳз ҳамин сифатҳои сарвари ҷоннисору адолатпешаамон миллати моро аз вартаи ҳалокату парокандагӣ раҳонид ва ба ваҳдату сулҳ роҳнамун сохт. Мо мушоҳида мекунем, ки сатҳи маърифати ҷавонон сол аз сол боло рафта, онҳо дар сафи пеши фарҳанги миллӣ қарор доранд. Тибқи омори расмӣ зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманд бо сармояи давлатӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакатҳои хориҷӣ таҳсил доранд. Сохтмони мактабҳои нав низ дар омода намуда ҷавонони бо таълиму тарбия ва дорои ҳисси меҳанпарастӣ саҳми назаррас гузошта истодааст. Ҷавононро мо ба меҳнати ҳалол, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, ҳурмати волидайн даъват менамоем. Бигзор ҷавонон ҳамеша барои ободии кишвар саҳмгузор бошанд.

Б.А.Исмоилов,

сархатиби ноҳияи Спитамен      

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар