Асосӣ Мақолаҳо ҲИФЗИ ВАТАН ВА МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

ҲИФЗИ ВАТАН ВА МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

ҲИФЗИ ВАТАН ВА МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ
2018-04-13
54

Дар соли 2017 таҳдиди хатарҳои глобалӣ ба монади терроризму экстремизм дар гӯшаю канорҳои олам нооромиву низоъҳоро ба миён овард, ки аз таҳдиди он ягон давлати дунё ва  насли  башарӣ эмин набуд. Имрӯз  ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сохторҳои байналмилалиро лозим аст, то барои  решакан кардан ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза баранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ҳамеша дар сафи пеши мубориза қарор дорад. Ҳамеша Пешвои миллат аз хатарнок будани ин зуҳурот борҳо аз минбарҳои баланд таъкид доштанд, зеро мардуми Тоҷикистон  ин воқеаҳои даҳшатборро  аз сар гузаронидааст, чунки ин гурӯҳҳо ба ғайр аз хонахароб кардани мардум, азобу шиканҷа ва бадном кардани миллату мазҳаб чизи дигареро ба бор наовардаанд.

Терорризм ва экстремизм  агар таҳдид ба нооромии давлатҳои абарқудрат бошад, вале барои давлатҳои  хурд ва навтаъсис таҳдиди аз байн рафтанро мекунад.

Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм», ҳамзамон аз соли 2016 «Барномаи стратегии мубориза бо терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро қабул кард, ки мақсад аз он ҳифзи арзишҳои миллию мазҳабӣ, тамомияти арзу бум, таъмини оромию амнияти кишвар, соҳибистиқлолии давлату миллат ва расидан ба зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад. Имсол бо мақсади таъмини амният ва пешгирии хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир дар ҳамкори бо СММ, Иттиҳоди Аврупо,  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмиллалӣ дар сатҳи баланд дар мавзӯи «Муборизаи  муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Ҳар шаҳрванде, ки дорои  ҳувияти миллӣ, имони комил, зиракии сиёсӣ, фарҳангу маданияти миллӣ, раҳму шафқат ва нангу номус бошад, дар ин замони пурошӯб ватанро беш аз пеш, аз ҳаррӯза дида зиёдтар дӯст дошта, аз худ бетарафӣ ва беномусӣ нишон намедиҳад, балки дар муқобили чунин зуҳурот аз худ муқобилияти дандоншикан нишон дода, барои ҳифзи марзу буми Ватан, тамомияти арзии кишвар, оромию осудагии мардум ба ҳама супоришҳои Ватан омода мебошад.

Хусусан ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бояд ин масъулиятро қарзи имониву виҷдонии худ донанд, зеро онҳо бо шомил шудан ба сафи Артиш мазу бум, хонаву дар, падару модар, зану фарзандони худро ҳифзу нигаҳобонӣ мекунанд. Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с)  омадааст: Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд.

1.Овози нависандагон (агар хайр нависанд).

2. Овози чархресии занон дар хона (яне фазилати меҳнати ҳалол).

3. Овози қадами марзбонон (дар роҳи ҳифзи Ватан)

Ҷои хушнудист, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳо Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон , Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯро Худованд имрӯз кафили сулҳу ваҳдати мамлакат гардонидааст, эътимоду боварӣ доранд,  даст бо дасти ҳам дода атрофи  Пешвои миллат ҷамъ омада, ба дастовардҳои илмию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ комёб мегардем ва аз минбарҳои баланд аз муваффақиятҳои худ сухан гуфта, худро ҳамчун як миллати соҳибтамаддун нишон хоҳем дод.

 Абдулазиз Назаров,

сархатиби шаҳри Роғун

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:06
Пешин13:00
Аср17:12
Шом19:13
Хуфтан20:43
Суханронии Президент
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар