Асосӣ Мақолаҳо Ватандорӣ- имондорӣ

Ватандорӣ- имондорӣ

Ватандорӣ- имондорӣ
2018-04-18
2861

Ватан ин маконе аст, ки инсон дар он таввалуд мешавад дар он ҷо ба воя мерасад, камол меёбад.

Барои ҳар инсон Ватан чун модар муқаддас аст ва бояд муқаддасаш бидорад. Аз ҷумла, муҳофизати Ватан барои ҳар шахс ҳам фарз ва ҳам воҷиб аст.

Ҳифзу ҳимояи Ватан дар ислом ҷойгоҳи хосе дорад. Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзу марзу буми Ватани худ амр кардааст.

Аз ҷумла дар ояти охирини сураи «Оли Имрон» Парвардигор мефармояд.

«Эй мўъминон сабр кунед ва дар сабр кардан устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед бошад,ки растагор шавед» 

Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ки ҳар кас вазифадор аст, ки Ватани худро ҳимоя кунад, чӣ дар сарҳад, чӣ дар хона,чӣ дар деҳаву маҳал.

 Агар касе дар дилаш меҳри Ватан ва ватандӯстӣ бошад, вакте номи Ватанаш ба некӣ гирифта мешавад, фахр мекунад, аммо агар номи Ватанаш ба бадӣ гирифта шавад, нафраташ меояд.

Барои мисол вакте ки дар як давлат мусобиқаи варзишӣ баргузор мешавад, кадом варзишгаре, ки ҷои намоёнро ишғол мекунад ва ба вай ҷоиза дода мешавад, вай Парчами  давлатро мебардорад ва ба хотири вай Суруди миллии ҳамон давлат садо медиҳад. Ин ҳама боиси ифтихори ҳам ҳамон шахс ва ҳам ҳамаи мардуми ҳамон давлат мешавад.

Дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) омадааст:

«Фриштагон се овозро ба таъҷил бо осмон мебаранд.

1. Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд).

2. Овози чархаресии занон дар хона (яъне фазилати меҳнати ҳалол.)

3. Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо Ватани худро аз душман ҳифз мекунанд).

      Марзбонони Ватан шабҳо бедорӣ мекашанд, то мардум дар амон хоб кунанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осуда бошанд.

Шоир Муҳаммад Ғоиб мефармояд:

Ватан мегўям аз рӯзе, ки ман фаҳми сухан дорам,

Сухан мегўям аз рӯзе, ки ман меҳри Ватан дорам.

Дар ҷаҳон миллатҳое ҳастанд, ки Ватан надоранд ва барои як порчаи замин талош мекунанд, ҳатто даст ба хунрезӣ мезананд.

Хушбахтона, мо тоҷикон миллати худро дорем, Ватани худро дорем, бояд ки шукронаи ин неъмати бузургро бикунем ва ин неъматро дӯст дорем ва муҳофизат кунем, зеро дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст.

Карим Розиқов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба

номи Д.Фахриддини ҷамоати деҳоти

ба номи Нусратулло Махсуми н. Рашт

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар