Асосӣ Мақолаҳо Хиёнату фитна нуҳуфта нахоҳад монд

Хиёнату фитна нуҳуфта нахоҳад монд

Хиёнату фитна нуҳуфта нахоҳад монд
2018-06-19
2886

Дар урфият мегўянд, ки нахли беҷо ғайри хиҷолат самар намедиҳад. Ин таҷрибаи хиради мардумӣ дар тўли асрҳо чун ҳикмати воқеӣ барои таҳкими маънавияти ҳар як инсон хидмат мекунад. ҳамин тавр, инсон ҳамон вақт комил мешавад, ки аз таҷрибаи рўзгор ва неку бади зиндагӣ ибрат бигирад. Барои ҳамин ҳам устод Рўдакӣ рўзгори одамиро беҳтарин омўзгор номидаас:

Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд…

Мутаассифона, барои бархе инсонҳо ва баъзе гурўҳҳои одамон, ки ҳавои ҳокимиятхоҳӣ дар сар доранд, на таҷрибаи зиндагӣ сабақ мегардад, на ҳикмати мардумӣ. Филми мустанаде бо номи «Решаҳои ноаён», ки шоми дирўз аз телевизиони «Тоҷикистон» намоиш дода шуд, гувоҳи гуфтаҳои болост. Дар ин филми ҳуҷҷатӣ сирру асрори як тан аз мафкурапардозони созмони террористию экстремистии ҳНИТ, яке аз мубаллиғони ашаддии идеологияи ифротии ваҳҳобия ва шиа, як нафар аз саркардагону асосгузорони идеяи бунёди давлати исломии шиагарои дар Тоҷикистон – Сайид қиёмиддини ғозӣ маъруф ба «генерали мардумӣ» ошкор карда шуд.

Аз ибтидо то интиҳои филм ҳамчун қаҳрамони асосӣ қиёмиддини ғозӣ сухан мекард ва аз мардуми шарифи Тоҷикистон барои амалҳои манфуру зиддимардумиаш омурзиш мехост. Суоле матраҳ аст, ки оё мардуме, ки дар мухолифатҳои шадиди дохилӣ бо айбу гуноҳи ҳНИТ беш аз 150 ҳазор фарзандонашро аз даст додаст, халқе, ки тамоми дороиаш ба тороҷ рафт, ҳазорҳо фарзандонаш аз волидон ятим монд, оё ин мардум ўро мебахшад? Ба пиндори мо, ҳаргиз не.

Агар фаразан, қисмате аз мардум аз роҳи дилсўзию шафқат ўро бахшиданӣ бошад, пас, адолати судӣ ва қонун ўро намебахшад. Зеро чӣ аз нигоҳи қонунҳои давлати дунявӣ ва чӣ аз лиҳози шариати муҳаммадӣ некиву бадӣ беоқибат нахоҳад монд. Боз хоссатан, амалу кирдорҳое, ки сарнавишти ҳазорон нафар одамонро фаро гирифта, боиси бадбахтии як миллати бузург шуда бошад. Ин маъниро Сайидои бузург хеле хуб маъно кардааст:

 

ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад…

 

Дар филми мазкур даҳҳо далели ҷиноятҳои ҳНИТ, асосгузорону амалдорони он фош карда шуд. Маълум шуд, ки ба хотири тағйир додани сохти давлатдорӣ ва сари ҳокимият омадани ин ҳизби ҷиноятпеша ба тариқи пинҳонӣ ва гоҳо ошкоро барномаҳое амалӣ мешуданд, ки ҳадаф аз онҳо сарнагун намудани ҳувияти миллӣ ва арзишҳои мардумӣ, табдил кардани Тоҷикистон ба давлати тобеи идеологияи аҷнабиён будааст. Акнун тасаввур кардан мумкин аст, ки агар ин бадхоҳони дин ва миллату давлат ба сари ҳокимият меомаданд, аз миллату давлат, аз таъриху фарҳанг, аз ғановати маънавияти ҳазорсолаҳо ташаккулёфта чизе ба ҷуз хурофоту таассуб, кинаву қассос боқӣ намемонд.

Акнун, ки ҳама сирҳо фош ва ҳақиқат рўи об баромад, мардуми шарифи Тоҷикистон бояд хуб дарк кунад, ки киҳо солиёни дароз онҳоро бо шиорҳои дурўғин фирефта мекард. Мардум бояд ҳамеша сабақи талхи сиёсикунонии ғаразноки дини мубини исломиро аз хотир набарорад.

Бояд ҳамагон дарк кунанд, ки пеши роҳи ҳама гуна бадиро сари вақт бояд гирифт. ҳизби наҳзат офате буд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, сиёсати воқеан мардумии Президенти маҳбуби мардуми Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пушти ҷиноятҳои беҳисобаш бо қарори суди одилона маҳкум ба нестӣ шуд. Ин сабақи таърих аст ва таърих ҳеҷ гоҳ тағйир нахоҳад кард.

Дар филми мазкур як сирри дигаре буд, ки мутассифона, аз ҷониби маҳкумшуда қиёмиддини ғозӣ пурра ошкор нашуд. Ин сир ба фаъолияти шиагароии ин нафар робита дошт. ҲНИТ мехост мазҳаби шиаро, ки барои ин сарзамин тамоман номақбул аст, паҳн намояд ва қиёмиддини ғозӣ яке аз паҳнкунандагони ин мафкура ба шумор меравад.

Некиро некӣ, бадиро бад расад, мегўянд. Ин филм ҳамин ҳақиқатро барои ҳамагон ошкор намуд ва як навъ ҳушдор барои онҳоест, ки Тоҷикистонро қадр кардан намехоҳанд. 

                                                    Раёсати  Маркази исломии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар