Асосӣ Мақолаҳо АЁН ГАШТАНИ «РЕШАҲОИ НОАЁН»

АЁН ГАШТАНИ «РЕШАҲОИ НОАЁН»

АЁН ГАШТАНИ «РЕШАҲОИ НОАЁН»
2018-06-19
3050

Баъди ибодатҳои рамазонӣ ва рӯзҳои иди мубораки Фитр, ки бо файзу баракоти илоҳӣ ва фазои сулҳу салом ва тинҷиву оромӣ ҷамбаст ва бо дуоҳои  неки мардуми хушбахти кишварамон пешкаши даргоҳи бениёзи Парвардигор гардид, бо ниятҳои ояндаи обод ва нашъунамои Ватани азизамон аҳли кишвар камари ҳиммат баста, бо шукронаи беҳисоб кору бор ва зиндагии хешро давом дода истодаанд.

Дар фазои ин рӯзҳои муборак  шаби 18 июни соли ҷори дар телевизиони Тоҷикистон намоиши филми мустанади «Решаҳои ноаён» пахш гардид, ки  саҳифаҳои хотираҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро боз як бори дигар пеши назар овард. Хоинони миллати тоҷик, ки зархариди хоҷагони хориҷӣ буданд, дар ин намоишнома бо сурату сирати худ дида ва шунида шуданд. Онҳо таҳти раҳбарии ТЭТ ҲНИТ солҳои 90 мардумро ба ошубу фитна даъват намуда, ҷамъ карданд ва гуё «озодӣ» меоварда бошанд, нияти аз байн бурдани давлату миллатро дар дил доштаанд ва ниҳоят халқи бегуноҳро  ба хун оғушта карданд. Ба ном «генерали мардумӣ» Қиёмиддини Ғозӣ дар ин намоиш бо забони хеш эътироф менамояд, ки ман худам ташкилкунандаи ҲНИТ  ва дар майдони Шаҳидон баромад ва сӯҳбатҳо мекардам ва иқрор мешавад, ки сабабгори ҳалокати яксаду панҷоҳ ҳазор мардуми бегуноҳ ТЭТ ҲНИТ мебошад ва таъкид менамояд, ки асрори ифлоси пусидаи ин ташкилот набояд пинҳон монад. Ӯ иқрор мешавад, ки иҷрокунандагони супоришҳои душманонаи хоҷагони хориҷӣ раҳбарон  ва  аъзои ҲНИТ ва шахсан худи ӯ мебошанд.     

Домулло Абдураҳим, ки дар он солҳо роҳгумзада буд, хотироти хешро баён мекунад ва дасти мустақими Эронро дар ин амалҳои зишт бо далелу ҳуҷҷатҳои қотеъ тасдиқ менамояд. Бубинед, ки дар идораи қозиёт раҳбару тарафдорони ТЭТ ҲНИТ бо чӣ садоҳо намояндагони Эронро пешвоз гирифтанд. «Саллӣ ало Муҳаммад, Вилоятӣ хуш омад». Дар ин гуна шиорҳо  намаки таълимоти таассуби шиагароӣ пошида шуда буд , ки мехостанд бо дасти  ТЭТ ҲНИТ решаи давлати қонунии Тоҷикистонро хушк намоянд ва  ба ҷои он давлати исломӣ ва мазҳаби шиаро паҳн намоянд.

Қиёмиддини Ғозӣ бо забони худ  мегӯяд, ки «Мо ҳазорон ятиму ҳазорон беваҳоро ба миён овардем. Мардуми бечораи тоҷик ба Афғонистон фирор кард ва С. Нурӣ фармон дод, ки мо ҳам ба Афғонистон фирор намоем. Ӯ таъкид менамояд, ки дар Афғонистон барои мансаби раёсати ТЭТ ҲНИТ байни онҳо кашмакашиҳо ба миён омада буд ва билохира байни худ ҳама мақому мансабҳоро тақсим намуданд ва барои ҷамъ кардани маблағҳо барои ҷангидан дар Тоҷикистон ҳама ҷо ҷар меандохтанд».

Домулло Абдураҳим ин суханони Қиёмиддини Ғозиро тасдиқ намуда гувоҳӣ медиҳад, ки   маблағҳои ҳангуфт барои мардуми муҳоҷиршудаи тоҷик ҷамъ карда мешуд, ки онро ин мардуми ташнаву гуруснаи бечораи тоҷик дар  муҳоҷират намедиданд, балки он  барои аслиҳа ва тиру туфанг, барои рехтани хуни фарзандони бегуноҳ  сарф  карда мешуд. Ӯ таъкид менамояд, ки он вақт фаҳмида буд, ки ТЭТ ҲНИТ-и хиёнаткор мехоҳад Тоҷикистонро  мисли Афғонистон гардонад.

Қ.Ғозӣ эътироф менамояд, ки боре даҳ миллион доллар барои ин мақсадҳо дода шуда буд.  Ин пулҳо байни гурӯҳҳои ҷиноятпеша тақсим ва  барои қатлу куштори нобиғаҳои миллат ва ноором кардани вазъи дохилии Тоҷикистон  сарф карда шудааст.

Имрӯз тарафдорони ТЭТ ҲНИТ бо тамоми гулӯдарронӣ овоз баланд мекунанд, ки сулҳро онҳо ба Тоҷикистон овардаанд. Қ.Ғозӣ қоил мегардад, ки «Президент дандон ба ҷигар зада сулҳ кард». Ӯ эътироф мекунад, ки ҳар вақт дар арафаи бастани сулҳ онҳо ҷангро ва нооромиҳоро шадид мекарданд, ки сулҳ баста нагардад. Илова бар он Қ. Ғозӣ ҳамчун узви ТЭТ ҲНИТ  шомили хадамоти махсуси «Сипоҳи посдорон»-и Эрон буданашро, ки хадамоти махсуси ҳарбӣ-сиёсии Эрон ба ҳисоб меравад, тасдиқ менамояд. Ӯ вазифаи таблиғи мазҳаби шиаро бар ӯҳда доштааст ва ҷалби ҷавононро бо роҳи таҳсил дар муассисаҳои динии Эрон таъмин мекардааст.

Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки гуфта буданд, “мо бояд тамоми имконоти худро ба он равона созем, ки ҷавонони дар муассисаҳои динии хориҷӣ кишвар ғайриқонунӣ таҳсилкардаистодаро  ба Ватан баргардонем, то дар оянда ин ҷавонон гумроҳ ва душмани миллату давлати худ нагарданд ва ҳаёташонро насӯзонанд”.

Қ. Ғозӣ дар ин навори телевизинӣ гувоҳӣ медиҳад, ки барои таблиғи мазҳаби шиа дар Тоҷикистон гузаронидани «Ошуро»-ро  фармон гирифтааст ва дар ин самт, ҳатто дар сомонаҳои интернетӣ мақола ва баромадҳо кардааст. Ташхиси динӣ нишон додааст, ки ин мақолаҳо даъват барои сарнагун кардани давлат ва барангехтани кинаву адоватӣ мазҳабиро дар бар мегирад. Барои ин корҳояш хоҷагони хориҷиаш барои ӯ маблағҳои калон мепардохтаанд.

Қ. Ғозӣ маслиҳатҳои хоинонаи сарварон ва аъзои ТЭТ ҲНИТ-ро, ки дар хонаи А.Нурӣ ба миён омада будааст, ба хотир оварда мегӯяд, ки ин барнома ва нақшаҳо соли 2006 тарҳрезӣ шуда буд ва ба М.Кабирӣ бисёр хуш омад, соли 2015  аз ҷониби Ҳоҷӣ Ҳалим амалӣ гардид. Мақсади ТЭТ ҲНИТ пирӯзии  низомӣ буд, ки бо роҳи аслиҳа ва зӯроварӣ давлатро ба даст оваранд.

Қ. Ғозӣ таъкид менамояд, ки имрӯз  Эрон кӯшиш карда истодааст, ки ТЭТ ҲНИТ-ро бори дигар эҳё кунад, ки ин мисли зинда кардани морро монанд аст. Ғозӣ иқрор мешавад, ки Эрон ӯро раиси ҳамаи аъзоёни ТЭТ ҲНИТ дар Русия таъйин карда, барои амали гаштани ин мақсад маблағҳои калон додааст, ки вақти бозгашт бо ин пулҳо дастгир карда шудааст.

Дар охир Қ. Ғозӣ аз кардаҳои худ пушаймонӣ изҳор менамояд ва ба Худо тавба мекунад, ки ҳамчун узви ТЭТ ҲНИТ хуни яксаду панҷоҳ ҳазор инсонҳои бегуноҳро рехтааст ва сабабгорӣ муҳоҷиру сарсон гаштани миллионҳо мардум гаштааст ва модарони тоҷикро аз фарзандон ҷудо кардааст. Ӯ изҳор менамояд, ки ҳеҷ кас узви ТЭТ ҲНИТ нагардад, ба  ин ташкилот кумак накунад.

Оё Худованд тавбаҳои хоинони миллату халқро қабул мекарда бошад? Оё модароне, ки ҷигарбандони худро оғуштаи хун кушта диданд, ё то имрӯз интизори роҳи онҳо ҳастанд, мебахшида бошанд? Оё фарзандоне, ки падар ва модарони хешро кушта диданд, мебахшида бошанд?  Оё  Ватан ин ватанфурӯшонро мебахшида бошад?

Дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки: «Моро ҳам доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо сӯйистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда буданд”.

Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд.

Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои навадумашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша ба решаи хеш мезананд.

Мардуми тоҷик инро бояд донанд. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша ҳушёр бошем.

Ибодулло Калонзода,

имомхатиби масҷиди ҷомеи «Нури ислом»-и ш.Хуҷанд

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар