Асосӣ Мақолаҳо ВАҲДАТ - ОМИЛИ БУНЁДИИ БАҚОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

ВАҲДАТ - ОМИЛИ БУНЁДИИ БАҚОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

ВАҲДАТ - ОМИЛИ БУНЁДИИ БАҚОИ  МИЛЛАТУ ДАВЛАТ
2018-06-29
2489

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сано ба Парвардигори оламиён, дуруду салом бар Паёмбари охирзамон ва ҳамаи хонадону ёрони ў бод.

Дар шароити феълии Тоҷикистон ғояе муассиртар аз ваҳдати миллӣ нест. Онро қуллаи арзишҳои фарҳанги миллӣ метавон эътироф кард, зеро бидуни ҳастии ин неъмати бебаҳо мавҷудияти муътадили давлату миллат ғайримумкин менамояд. Дар урфият мегўянд, ки қадри неъмат баъд аз заволи он дарк мешавад. Сулҳу оромиш ҳамон вақт арҷу қимат пайдо мекунад, ки агар нооромиву ноосудагӣ ҳукмфармо бошад.

Миллати шарафманди тоҷик, ки дар оғози марҳилаи истиқлол ба ҳаводиси шуми ҷангу ҷидол дучор шуда буд, имрўз, хушбахтона, қадри ваҳдату сулҳ ва суботу осоишро хеле хуб медонад ва ба он ҳамчун раҳнамои пешрафтҳои хеш ба сўи саодати зиндагӣ арҷ мегузорад. Ваҳдат барои мардуми мо ба ҳайси идеал ё қуллаи муроди миллат арзиш дорад, он танҳо идеал ҳам нест, балки беҳтарин воситаи тараққӣ ва ободгариҳост. Ҳамон тавре ки кишоварзе аввалтар аз ҳама, заминашро барои кишт омода мекунад ва баъдан донаи умед мекорад, ваҳдат низ ба ҳайси заминаи кишти орзуҳо ва таманниёти миллат барои расидан ба марҳилаи зиндагии шоиста хидмат мекунад.    

Барои ҳамин ҳам, дар тақвими ҷашнвораҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Ваҳдати миллӣ бузургтарин ормоне ҳаст, ки мардуми ҳама кишварҳои олам барои ноил шудан ба ин неъмат талошу мубориза мекунанд. Дар дунё давлате нест, ки бидуни иттиҳоду ҳамбастагӣ ва сарҷамъии мардумонаш пешрафт карда бошад. Тоҷикистон 21 сол қабл аз ин бо тасвиби Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа ба шоҳроҳи ваҳдати миллӣ ворид шуд ва имрўз бо назардошти амну субот ва иттиҳоду ягонагии мардум дар вазъи рушди муътадил қарор дорад. Дарки дурусту воқеии ваҳдат, хиради фитрӣ ва фарҳанги волои таҳаммулпазирии миллати шарафманди тоҷик боис шуд, ки Тоҷикистон аз вартаи муноқишаҳои дохилӣ сари вақт берун шавад. Ҳамин аст, ки созишномаи сулҳи тоҷиконро дар таърихи сиёсии ҷаҳони муосир ҳамчун як падидаи нодир арзёбӣ мекунанд ва таҷрибаи сулҳи моро дар манотиқи мухталифи ҷангзадаи ҷаҳон мавриди омўзиш ва истифода қарор медиҳанд.

Самараи ваҳдат аст, ки имрўз таъмини рушди босуботи ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон имконпазир шуда, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, маънавиёту ахлоқ, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо ба даст меоянд. Маҳз суботу осоиши кишвар аст, ки сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвар пайваста афзун шуда, доираи робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон фарохтар мегардад.

Ваҳдати миллӣ ё ба қавли дигар, иттиҳоди мардум барои зиндагӣ ва фаъолияти осуда аз нигоҳи маънову забон чунин дарк мешавад, ки мардум барои як ҳадафи мушаххас ва як мақсади муайян дар асоси боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар ба хотири фардои неку пешрафта самти зиндагиро интихоб мекунанд.

Дин ҳамчун шакли аз ҳама муассири шуури ҷомеа ва ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ дар таҳкими ваҳдат нақши бунёдӣ дорад. Агар аз ислом ҳамчун дини ваҳдонӣ сухан кунем, пас ин дини муборак саропо таҷаллии ваҳдату ягонагист. Ислом якрўӣ, як будани забону қалб, имони комил, ҳама мардуми оламро офаридаи як Худованд донистану эҳтиром гузоштан, ба як ҷониб ибодат кардан, хулоса, ягонагиро таҷассум мекунад ва ҳамин ягонагӣ ҳам дар маърифати Худованд ва ҳам дар шинохти ҷомеа дарк мешавад.

Аз нигоҳи сиёсӣ бошад, ваҳдат ба ҳайси таълимот ё маҷмўи афкорест, ки пешрафти ҷомеаро ба хотири шукуфоии оянда, ҳамоҳанг сохтани манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба хотири аз байн бурдани шиддати ихтилофот, ба нестӣ расонидани низоъҳо дар байни гурўҳҳои мухталифи ҷамъият фаҳмида мешавад.

Солҳои навадум зарурати ҳамин гуна ваҳдат ба миён омада буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки дар ибтидо ҷунбишҳои фарҳангӣ ба вуҷуд омада, масъалаҳои барои ҳамон давра ниҳоят зарур – истиқлолияти сиёсӣ, ба сифати забони давлатӣ эътироф гардидани забони тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба дину ойин, хулоса, эҳёи миллатро ба маънои томаш мавриди баррасиҳо қарор медоданд. Баъдан, гурўҳҳое пайдо шуданд, ки аксаран масоили фарҳангу маънавиятро тобиши сиёсӣ доданд, ҳизбу ҳаракатҳои динӣ рўи саҳна омаданд ва чунин сурат гирифтани таҳаввулот дар Тоҷикистон бо дахолати баъзе бозингарони минтақа ба ихтилофоти шадиди гурўҳҳо ва баъдан минтақаҳо табдил дода шуд. Кор ба дараҷае расид, ки акнун миёни як миллат минтақаҳои рафторашон дуруст ва нодуруст, худотарсу худонотарс, диндору бедин, болову паст, яъне баҳогузориҳои сунъӣ пайдо шуд. Чунин ихтилофоти дохилӣ барои онҳое, ки мехостанд, давлатро пора-пора кунанд, хеле омили дилписанд ба шумор мерафт. Ниҳоят, неруҳои беруна таъсиргузорӣ намуданд ва алангаи ихтилофи дарунӣ ба оташи сўзон табдил шуд. Ҷанге дар Тоҷикистон сар зад, ки касе поёни онро тасаввур карда наметавонист.

Ҳоло бо гузашти 21 сол дар бораи сабабу омилҳои сар задани низоъ дар Тоҷикистон ва воситаҳои ба эътидол овардани вазъият хеле зиёд менависанд. Ақидаҳои гуногун ва нақши шахсиятҳо ва давлатҳои кафили сулҳи Тоҷикистонро ном мебаранд. Аз ин омилҳо, ба андешаи мо, дутоаш хеле пураҳамият аст. Якум, омили замонист. Ҳарчи зудтар хомўш кардани низоъ бояд боиси ҳамин тавр зуд фаромўш шудани рақобату бадбинӣ миёни гурўҳҳо мешуд. Тасаввур кунед, ки аз алангаи як гўгирд ҷангале месўзад. Алангаро хомўш кардан осонтар аст ё сўхтори ҷангалро? Албатта, алангаро. Ҳамин тавр, дар сулҳи тоҷикон омили вақт омили ҳалкунанда ба шумор мерафт.

Дар ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамин омил ба эътибор гирифта нашуд. Инак, беш аз 40 сол аст, ки баъди хурўҷи неруҳои собиқ шўравӣ аз ин диёри ҷафокашида сарзамини Афғонистон наметавонад ба ваҳдат биёяд. Чунки яке аз сабабҳои тўл кашидани низоъ дар ин кишвар аз даст додани вақт буд.

Ниҳоят, омили аз ҳама асосии таъмини ваҳдат – сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шўрои Олии Тоҷикистони ҳамонвақта буд. Шахсияте сари қудрат омад, ки танҳо миллат ва ватан мегуфт, миллатро дар сарҷамъии ҳама гурўҳҳо медид. Барои ин шахсият миллат ҷанубиву шимолӣ ва шарқиву ғарбӣ, ҳамвориву кўҳистонӣ набуд, ҳама яке буд. Ў аз аввал Тоҷикистонро ҳамчун як сарзамин, як ҳудуд ва як марзу бум медонист ва як вилоятро аз дигараш, як ноҳияву шаҳрро аз ноҳияву шаҳри дигар афзалтар намедонист. Аз рўзи оғози фаъолият ғами гурезагон фишораш медод. Ҳикмати сарвариаш аз аввал мантиқан дуруст буд: то даме, ки мардум якҷо набошад, сарҷамъ нашавад, давлати ягона бунёд кардан имкон надорад. Вайронаҳоро мардуми сарҷамъ обод мекунад. Бо гузашти 21 сол таърих исбот намуд, ки ин ҳикмат воқеан созанда будааст.

Ваҳдат танҳо сухани муҷаррад нест. Онро танҳо ба маънои сарҷамъии мардум фаҳмидан ҳоло кам аст. Ин мафҳум аз якчанд омилҳо - омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва равоние ибора аст, ки ки мардуми як сарзаминро новобаста аз қавму маҳал ва мансубияташон ба ин ё он дину мазҳаб, миллату халқият муттаҳид месозад. Аз нигоҳи сиёсӣ ваҳдат дар тинҷиву осудагии мамлакат, адами ихтилофи неруҳои сиёсии ҷомеа дарк мешавад. Муҳим ин аст, ки ҳамагон ба ояндаи неки ин сарзамин назари ягона дошта бошанд: Тоҷикистон ватани ҳар як сокини он аст, чи олиму чи дарвеш ва чи коргару чи роҳбар… Мулкро аз они худ донистан ва онро эҳтиром гузоштан – муҳимтарин фазилати ваҳдат аст.

Омили дигари ваҳдат маънои иқтисодӣ дорад. Ин масъала ниҳоят муҳим аст, чунки фақру бенавоӣ метавонад хатари зиёде барои ягонагии миллат биёрад. Расули акрам (с) ҳамеша аз фақру бенавоӣ ба Худо паноҳ мехостанд ва чунин дуо мекарданд: «Худоё, ман аз куфру фақр ба Ту паноҳ мебарам». Аз ин рў, тўли 21 соли ваҳдат сиёсати иқтисодии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шуд, ки Тоҷикистон аз бунбасти иртиботӣ бароварда шавад. Сохтмони босуръати роҳу пулу нақбҳо боиси он шуд, ки рафтуомади сокинони ҳама минтақаҳои мамлакат ба сўи якдигар имконпазир шуда, мардум зарурати бо ҳам осуда зистан ва муомила карданро дарк карданд. Ғамхорӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа – ятимону пиронсолон, сол то сол афзоиш додани маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳавасманд намудани ҷавонон ба илмомўзӣ ва даҳҳо тадбирҳои Пешвои миллат боиси таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ гардид.

Аз ҷиҳати фарҳангӣ ваҳдат ба як силсила омилҳои дигар, аз ҷумла худшиносии миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихии миллат бевосита алоқаманд аст. Танҳо миллати худшинос ва эҳтиромкунандаи таърихи хеш метавонад ба қадри ваҳдат бирасад.

Аз нигоҳи дини мубини Ислом низ ваҳдати муслимин бузургтарин неъмати илоҳист. Неъмате, ки сарчашмаи ҳама некиҳову хубиҳо ва саодати инсонҳост. Чунонки Худованд ин неъмати гаронбаҳоро дар китоби осмонии хеш ёдовар шуда мефармояд: «Ва ҳамагон даст ба ресмони Худо занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед, он ҳангом ки душмани якдигар будед ва Ў дилҳоятонро бо ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ў бародар шудед ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз  он бираҳонид». (Оли Имрон; 103).

Ислом дар зоти худ парокандагиро намехоҳад ва онро бузургтарин нуқсони зиндагии ҷомеа меҳисобад. Инро Худованди таъоло дар Қуръони карим таъкид намудааст: «Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд ва он гурўҳро азоби бузург аст». (Оли Имрон; 105).

Ҳамин гуна таъкид дар ояи 46-уми сураи «Анфол» низ омадааст: «Ва ба Худову Расули Ў фармонбардорӣ кунед ва бо якдигар низоъ макунед, ки (дар ин сурат) буздил шавед ва давлату қуввати шумо биравад ва шикебоӣ варзед! Ба дурустӣ, ки Худо бо шикебоён аст».

Ваҳдат мояи ифтихори ҳар мамлакатест, ки зиндагии осуда дорад. Ваҳдат воситаи асосии расидан ба зиндагии шоистаи инсонист. Ҳамон зиндагие, ки ҳам давлати адолатпарвар ва ҳам дини мубини Ислом онро барои инсонҳо ҳадаф қарор додаанд. Пас, онро бояд эҳтиёт кард ва ҳамчун гавҳараки чашм азизу муҳтарам дошт.

 

Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ

Саидмукаррам  Абдуқодирзода

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:14
Пешин12:40
Аср17:14
Шом19:13
Хуфтан20:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар