Асосӣ Мақолаҳо Исломи сиёсӣ дар майдони бозиҳои геополитикӣ. Ҳушдори академияи илмҳои ҷумҳурии тоҷикистон дар бораи нақшаҳои нопоки ҳизби наҳзат ва ҳадафҳои пасипардагии сармоягузоронаш

Исломи сиёсӣ дар майдони бозиҳои геополитикӣ. Ҳушдори академияи илмҳои ҷумҳурии тоҷикистон дар бораи нақшаҳои нопоки ҳизби наҳзат ва ҳадафҳои пасипардагии сармоягузоронаш

Исломи сиёсӣ дар майдони бозиҳои геополитикӣ. Ҳушдори академияи илмҳои ҷумҳурии тоҷикистон дар бораи нақшаҳои нопоки ҳизби наҳзат ва ҳадафҳои пасипардагии сармоягузоронаш
2018-06-29
3074

ДУШАНБЕ, 2018 /АМИТ «Ховар»/. «Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои шарқи мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст», — гуфта мешавад дар изҳороти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз аз ҷониби хадамоти матбуотии ин ниҳод ба АМИТ «Ховар» расид. Дар зер матни ин изҳорот пурра оварда мешавад.

 Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои шарқи мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст.  Сӯйистифода аз дину мазҳабҳо, сиёсӣ кардани ислом ва бар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ парокандани тухми кинаву адоват, ҳамчунин нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми мамолики Ховари Миёна барои коргардонон ва таҳиягарони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ минҳайсивасила ё абзори калидӣ хидмат мекунад. Муҳимтар аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллӣ ва марзи дунёмадорӣ (секуляризм) низомҳои динӣ-мазҳабӣ дар минтақаҳо ба таври маснӯӣ созмон меёбанд ва сохтори сиёсӣ ва давлатӣ бар мабнои сиёсати мазҳабӣ шакл гирифта, барномаи сохтмони давлатҳои динӣ дар минтақаҳои гуногуни Шарқи мусулмонӣ тарҳрезӣ мешавад. Ин тарзи кор ба унвони стратегияи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳадафи меҳварии бозиҳои геополитики минтақавӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад ва ҷиҳати даргир сохтан ва бесубот кардани минтақаҳо амалӣ мегардад.

Мусаллам аст, ки «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ал-Қоида», «Толибон», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ҷундуллоҳ», «аш-Шабоб», «Боко Ҳарам», «ҲНИ» ва соири созмонҳои экстремистӣ-террористии исломӣ дар шароити имрӯзӣ тавлидгари асосии низомҳои динӣ-мазҳабии ифротӣ-экстремистӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонианд. Созмонҳои мазкур на танҳо боиси ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ мегарданд, балки вазъи куллии ҷаҳонро пуршиддат месозанд. Ин аст, ки ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ бо ин гурӯҳу созмонҳои хатарнок мубориза мебарад ва дар ҳар минтақаи пешрафта садо алайҳи ифротгароён баланд аст. Аммо хадамоти махсуси иттилоотии минтақавӣ ва хориҷӣ, мутаассифона, таври ниҳонӣ муассис, маблағгузор ва тавсеадиҳандаи чунин созмонҳо маҳсуб шуда, танҳо дар лафзу шиор алайҳи онҳо мубориза мебаранд.

Бояд тазаккур дод, ки дар майдони бозиҳои сиёсӣ ҳар созмони сиёсии динӣ мавриди истифода ва муҳимтар аз ин, сӯйистифода қарор мегирад ва ҳизби аз 29 сентябри соли 2015 мамнуи террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ(ҲНИ) ҳам ҳамчун пружаи сиёсӣ барои баъзе қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ҳамчунин созмонҳои бонуфузи байнамилалӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз сахт лозим буда ва ҳаст.

Масъалаи мавриди истифода ва сӯйистифода қарор гирифтани рӯҳониёни исломӣ ва дар қолаби созмони сиёсие ба номи ҲНИ ғунҷонидани онҳо аз ҷониби мудирони тарҳҳои геополитикӣ ва хадамоти махсуси хориҷӣ, дақиқан аз охири солҳои ҳафтодуми садаи гузашта ошкор мегардад. Албатта, пружаи исломи сиёсӣ ва татбиқи он дар манотиқи гуногуни Шарқи мусулмонӣ хеле қаблтар – аз асрҳои ҳаждаҳу нуздаҳ шурӯъ шуда буд ва мавҷи он ба ҳавзаҳои фикрию сиёсии мо баъдтар интиқол ёфт. Чунонки медонем, ҳадафи ба майдон овардани неруҳои исломӣ ва дар як созмон гирдоварӣ намудани онҳо танҳо роҳандозӣ кардани ноамнию бесуботӣ дар минтақаҳо аст. Ноамнию бесуботӣ фоҷиаҳои бузургро тавлид мекунанд ва мардумро ба вартаи қашшоқӣ, маргу мир ва шикасти равонию фикрӣ мекашанд.

Ҳизби экстремистии террористии наҳзати исломӣ тайи мавҷудияти худ, махсусан дар марҳилаи сарварии М. Кабирӣ, ба лонаи махфии терроризми динӣ-мазҳабӣ табдил ёфт. Агар дурусттар ба масъала таваҷҷуҳ кунем, дармеёбем, ки тавассути барномарезиҳои ҳадафноки наҳзатӣ тайи солҳои 2008-2015 наслҳои синну соли гуногун ба сӯйи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ кашида шуданд ва дар доираҳои баҳсии мо танҳо сухан аз рӯҳонияти исломӣ ва элитаи исломи сиёсӣ мерафт ва, албатта, дар раъси ин ҳангомаҳо исми Кабирӣ ва аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИ қарор дошт.

Шигифтовар он аст, ки гурӯҳе аз фурсатталабон, ихлосмандону муштариёни наҳзатӣ дар хориҷа (Австрия) ҷамъ шуда, «Анҷумани озодандешони тоҷик»-ро таъсис доданд. Ба ном «Анҷуман» мафҳуми фалсафии «озодандешӣ»-ро, ки боиси таҳаввулоти фикрӣ, сиёсӣ, эҷодӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар саросари мамолики урупоӣ гардидааст, ҳадафмандона истифода бурдааст. Ин барои рекламаи «Анҷуман» асту бас,  зеро муассисони он – Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Ҳаким Раббимпур ва Аюб Эгамов шахсиятҳои шинохта нестанд. Маълум аст, ки ин тоифа, бар асари бадбинию танофури шахсию инфиродӣ, ки ҳеҷ гоҳ  хоси давлатмардону озодандешон набуда ва нест, алайҳи давлату ҳукумат қад алам мекунанд ва, ба ин васила, эътирозоти кучаки худро рӯйи саҳафоти расонаҳои наҳзатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мерезанд. Дигар чӣ аз дасташон меояд?!

Аламовар ин аст, ки ашхоси ба ном «шинохта» аз вожа ва мафҳуми ифтихорманди «озодандеш» (ва бадтар аз ин, пасванди «он»-ро ҳамроҳ  карда, худро бидуни шарму ҳаё «озодандеш» воменамоёнанд) сӯйистифода мекунанд ва барои ҷомеаи мадании урупоӣ дарди сар месозанд. Аз ин ҷост, ки ба ном фаъолони сиёсӣ – М. Кабирӣ, Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, Амруллоҳи Низом, Маҳмудҷон Файз Раҳмонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ,Ҷаннатуллоҳи Комил, Шарофиддин Гадоев ва дигарон фаъолияташонро густариш медиҳанд.

Авзои имрӯзаи бо ном ҲНИ дар хориҷа айни пешин аст. Созмонҳои ифротгаройи хориҷӣ, назири «Гуруҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик» ва амсоли инҳо ба ҲНИ бо ин ё он восита иртибот доранд, ҳарчанд ки аз робита надоштанашон бо наҳзат ҷор мезананд. Имрӯз ҳам  ТЭТ ҲНИ бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳад аз нав ИНОТ-ро дар хориҷ таъсис бидиҳад ва тамоми созмону неруҳои муҳоҷирро таҳти султаи худ ҷамъ созад ва даъвии бузургманишиашро ба маърази тамошо бигузорад. Дар пушти ин қазия боз сармоягузорони хориҷӣ дар симои мақомоти дахлдори режими охундӣ меистанд ва ҳимояти ҲНИ-ро, ки аз қабл лоиҳа-пружаи онҳост, дар хориҷ ҳам идома медиҳанд.

Воқеан, ҲНИ бо ҳимояту пуштибонии мафкуравию моли хадамоти махсуси Эрон ИНОТ-и дувумро ташкил кардан ва худро дар раъси он дидан мехоҳад. Ин аст, ки дунболи фирефтану гӯл задани иддае аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар созмонҳои ифротии  фавқуззикр   шомиланд, мегардад ва, тавре мегӯянд,  бо  «чормағзи  пуч домани онҳоро пур мекунад».  Бо ин восита ҲНИ мехоҳад сафи эътирозгарон ва норозиёнро дар дохилу хориҷи мамлакат  афзун намуда, ба созмонҳои байналмилалӣ фишор оварад, то ҲНИ-ро ба унвони созмони мардумсолор ва гуманист шиносанду дар раъси ИНОТ-и дуюм қарор доштанашро эътироф намоянд.  Ин ягона роҳест, ки пружаи ҲНИ-ро дар хориҷ муваққатан нигаҳ медорад ва сармоягузоронашро барои идома додани иғво, дасиса ва тавтеаҳо дар дохилу хориҷ умед мебахшад.

Масъалаи амнияту суботи сиёсию иҷтимоӣ, ки пояи ҳалли мушкилоти гуногун аст, таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукуматро ба ин асли муҳими низоми зиндагии иҷтимоӣ бештар кард. Мусаллам аст, ки давлатҳои минтақа ва ҷаҳон имрӯз ба масъалаи амнияту оромиши сиёсию иҷтимоӣ диққат мекунанд ва дар ин замина иттиҳодҳои гуногуни кишварҳо рӯйи кор меоянд. Ҳамин аст, ки масъалаи амният ва ҳифозат ба доираи масоили асосии низоми зиндагӣ дар Тоҷикистон мубаддал гардидааст. Хусусан, баъди ноком шудани балвои собиқ генерали мақомоти мудофиа А. Назарзода (сентябри соли 2015), ки бо дастуру супориши раиси фирории ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пуштибонони пасипардагии ӯ қаблан тарҳрезӣ шуда буд, дар самти амният ва ҳифозати иҷтимоӣ дар сиёсати давлатӣ авлавият касб намуд. Танҳо чашми кӯр ва нотавонбин намебинад ва дидан намехоҳад, ки Тоҷикистон тадриҷан ба як кишвари ободу зебо ва  босуботи  минтақа ва ҷаҳон мубаддал гардидааст ва фазои муътадили иҷтимоӣ, сиёсӣ, амну осоишро, ки дар кишвар тайи даҳ соли охир ҳукмфармост, на дар ҳама мамлакатҳои ҷаҳон дидан мумкин аст.

Муносиботи тарафайн миёни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, равобити фарҳангӣ, муоширати солими рӯзмарра воқеан далели онанд, ки ҷумҳурӣ дар ҳоли амну субот ва оромиш қарор дорад. Илова бар ин, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизми динӣ-мазҳабӣ, ки дар минтақа, зимнан, ба туфайли сиёсатбозиҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони наҳзатиаш ба миён омада, дар даҳ соли охир хурофотпарастию ҷаҳолатписандӣ ва таассуби хатарборро дар баданаҳои иҷтимоӣ устувор сохт, кори дастаҷамъӣ аст.

Аз ин рӯ, аз тамоми ҷавонони мамлакат, сокинони дохили кишвар ва муҳоҷирини меҳнатӣ, аз аҳли зиёи кишвар тақозо дорем то ба доми ин авомфиребон ва хоҷагони онҳо наафтанд. Сулҳу субот, осоиштагӣ, ки заминаи пешравӣ ва рушди кишвар ва ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад!

Хадамоти матбуоти
Академияи илмҳои
ҶумҳурииТоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар