Асосӣ Мақолаҳо ЧАНД СУХАНЕ АТРОФИ ФИЛМИ “РЕШАҲОИ НОАЁН”

ЧАНД СУХАНЕ АТРОФИ ФИЛМИ “РЕШАҲОИ НОАЁН”

ЧАНД СУХАНЕ АТРОФИ ФИЛМИ “РЕШАҲОИ НОАЁН”
2018-06-29
3408

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд, ки марбут ба хиёнатҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИТ дар солҳои навадум мебошад.

Баъд аз тамошои ин филми мустанад ба хулоса омадам, ки боз як бори дигар хиёнаткор ва фитнагар будани ТЭТ ҲНИТ аз забони худи аъзои фаъоли он Қиёмиддини Ғозӣ исботи худро ёфт.

Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои ин гурӯҳи ифротӣ аз байн бурдани давлати мустақили Тоҷикистон будааст. Онҳо ин нияти худро бо роҳбарии хоҷагони худ, ки Қиёмиддини Ғозӣ дар суҳбати худ иброз дошт, амалӣ кардан мехостанд ва барои амалӣ гардидани ин нияти шуми худ ба ТЭТ ҲНИТ маблағҳои калон додаанд, лекин хушбахтона ин амалҳои нопоки онҳо амалӣ нагардид.

Чи хеле ки Қиёмиддини Ғозӣ иқрор шуд, онҳо бо роҳбарии хоҷагони хориҷии худ ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил будаанд, нисбати онҳо нафрати беандоза доштаанд.  Хулоса, мақсаду мароми ТЭТ ҲНИТ аз байн бурдани давлати мустақили Тоҷикистон, нобудии таъриху фарҳанги миллати мо будааст.

Аз суханҳои ин мазҳабфурӯшу ватанфурӯш маълум гардид, ки онҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ на парвои мардуми бечораву гуреза дар Афғонистон доштанд, балки барои пур кардани кисаҳои худ ба номи онҳо аз хориҷ маблағҳои зиёд ба даст оварда, ин маблағҳоро барои ятим гардонидани кӯдакони тоҷик ва хонавайрон кардани ҳазорон ҳамватанони мо сарф кардаанд. Ин нуктаро худи Қиёмиддини Ғозӣ бо забони худ иқрор кард, ки “сабабгори ба вуҷуд овардани ҳазорҳо ятиму ҳазорҳо бевазан гардидем”.

Инчунин аз шоҳидии нафарони зиёд маълум гардид, ки Қиёмиддини Ғозӣ мазҳаби худро фурӯхта, ба мазҳаби шиа ворид гардидааст ва мазҳаби шиаро дар байни аҳолии Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Руссия бо супориши бевоситаи хоҷагони Эрониаш таблиғи ошкоро мебурдааст, ки ин хиёнатҳои ӯ нобахшиданист.

Барнома аз нигоҳи ҳушёрӣ   ва   зиракии   сиёсӣ   барои мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр муфиду бамаврид   ва аз нигоҳи ҳаёт ва   зиндагии   вазнини  солҳои   гузашта   ғаму андӯҳи он солҳоро ба ёд  меовард. Бинобар ҳамин, ҳеҷ кас ҳақ надорад дин ва  шариатро    василаи расидан  ба   аҳдофи нопоки    худ     қарор     диҳад. Мақсад   аз дин  ва  шариат амал намудан ба фармудаҳои Худо, панду  насиҳат  намудан, хонаи як бандаи Худоро обод кардан, дасти кумак дароз намудан ба маъюбон, ятимон, барҷомондагон, барои ободии  Ватан  саҳми худро гузоштан аст. Амалҳои зикршуда сабабгори ризои Худо мегарданд ва дар ғайри ин сурат инсон ноком ва расвоу шарманда мегардад. Мисли он ки Қиёмиддини Ғозӣ амал карду натиҷаи амали худро дид.

Остоназода Сайдамин,

мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Турсунзода

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:12
Пешин12:40
Аср17:16
Шом19:14
Хуфтан20:45
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар