Асосӣ Мақолаҳо Садоқату хиёнат созишнопазиранд

Садоқату хиёнат созишнопазиранд

Садоқату хиёнат созишнопазиранд
2018-07-06
2680

Бисту якумин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ имсол дар Конибодоми бостонӣ бо иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Зимни суханронӣ Пешвои миллат ба таври хеле муассир арзишҳои ваҳдатро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва рушду тараққии минбаъдаи мамлакат бозгӯ намуда, аҳаммияти бунёдии онро бо мисолҳои рӯшан зикр намуданд.

Дар ҳақиқат, дар шароити феълии кишвар ваҳдат ғояи пуртаъсири умумимиллӣ ба шумор меравад. Ин неъмати бебаҳо бар ивази кӯшишҳо ва талошҳои панҷсола, дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ ва дар бадали имзои беш аз 40 санади сулҳовар ба даст омадааст. Дар муддати панҷ сол хотима ёфтани мухолифати шадиди мусаллаҳона, ки дар натиҷаи он беш аз 150 ҳазор сокинони мамлакат қурбон шуда, беш аз як миллион фирорӣ гардида буданд, дар паҳнои муқоиса бо дигар минтақаҳои ҷангзадаи ҷаҳон аз хираду заковат ва неруи сулҳдӯстии мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Кори сулҳ аз ҳама бештар аз роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ҷаҳду талошҳои муҳофизати  миллату давлатро тақозо мекард, зеро сарнавишти кишвар дар ҳолати пуртаҳлукаи ҳастиву нестӣ қарор дошт.

Ҳоло бо гузашти беш аз 21 сол дар бораи чигунагии дастоварди сулҳ назарҳои гуногун ва то ҷое ба ҳам мухолиф дар васоити ахбори омма садо медиҳанд. Махсусан аз хориҷи мамлакат ҷонибдорони то ҳол фирории ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломӣ даъво доранд, ки гӯё онҳо як ҷониби ин сулҳ ҳастанд ва ҳаққи онҳо дар ваҳдати миллии тоҷикон нодида гирифта мешавад. Пешвои миллат ҳамин нуктаро зимни суханрониашон дар Конибодом ошкоро баён дошта, исбот намуданд, ки ҳукумат маҷмӯан бо ИНОТ, яъне Иттиҳоди неруҳои мухолифин санади сулҳ имзо кардааст, на бо ҳизби хиёнаткори наҳзат.

Дар ин гуфтори Сарвари мамлакат воқеияти талхи он солҳои пурошӯб бори дигар таъкид гардид. «Дар он айёми фоҷиабор афроди воқеан дурандешу ватандӯсти миллат амиқ дарк карда буданд, ки роҳи ягонаи наҷот аз хатари ба сари халқи тоҷик омада қатъи ҳарчи зудтари хунрезӣ ва таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ буд. Он рӯзҳо тамоми мардуми кишвар, аз хурд то бузург, танҳо ҳамин орзуро доштанд. Маҳз бо талабу дархост ва майлу иродаи мардуми кишвар ва танҳо ба хотири аз харитаи сиёсии ҷаҳон  нест нашудани давлати соҳибистиқлоламон ва пароканда нагардидани миллатамон мо бо Иттиҳоди неруҳои мухолифин музокиротро оғоз кардем.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки дар гӯшаву канори гуногуни олам зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, мо чил санади барои миллат муҳимро ба имзо расонидем. Ниҳоят, баъд аз мухолифати мусаллаҳонаи зиёда аз панҷсола Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ин рӯ, санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу ваҳдати  миллӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии ХУI – уми Шӯрои Олӣ ба ҳисоб меравад.

Бори дигар бо қатъият иброз медорам, ки агар дар натиҷаи фитнаву дасисаи ангехтаи бадхоҳону душманон давлати тоҷикон аз байн мерафт ва миллати тоҷик пароканда мегардид, наслҳои оянда ҳаргиз моро намебахшиданд. Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик имзо кард. Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд».

Ин посухи Пешвои миллат даъвои подарҳавои онҳоеро инкор мекунад, ки сулҳу ваҳдати миллиро ба чанде аз хоинону бадхоҳони миллат нисбат медиҳанд. Агар ҳизби наҳзат ҷонибдори ваҳдату ҳамбастагӣ мебуд, ба ҳеҷ ваҷҳ муқобили арзишҳои милливу давлатӣ намебаромад ва сиёсати зиддимиллиро пеш намегирифт. «Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад»- мегӯянд дар урфият. Ин ҳикмат зодаи хиради мардумист ва он дар зеҳни миллат ҷовидон мемонад.

Аз нигоҳи дини мубини ислом ваҳдат бузургтарин неъмати илоҳист. Неъмате, ки сарчашмаи ҳама некиҳову хубиҳо ва саодати инсонҳост. Ислом дар зоти худ парокандагиро намехоҳад ва онро бузургтарин нуқсони зиндагии ҷомеа меҳисобад. Инро Худованди таъоло дар Қуръони карим таъкид намудааст: «Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд ва он гурӯҳро азоби бузург аст». Ҳамин гуна таъкид дар ояи 46-уми сураи «Анфол» низ омадааст: «Ва ба Худову расули Ӯ фармонбардорӣ кунед ва бо якдигар низоъ макунед, ки (дар ин сурат) буздил шавед ва давлату қуввати шумо биравад ва шикебоӣ варзед! Ба дурустӣ, ки Худо бо шикебоён аст».

Саидмукаррам Абдуқодирзода,

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар