Асосӣ Мақолаҳо ИҚДОМИ НАКУ

ИҚДОМИ НАКУ

ИҚДОМИ НАКУ
2018-07-19
2437

Бунёду сохтани муассисаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангӣ яке аз иқдомҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Чунин иқдом шаҳодат аз он медиҳад, ки дар мамлакат сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон мебошад. Ин раванд барои рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар мусоидат карда метавонад.

Чанде пеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари шаҳри Душанбе барои бунёди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам санги асосро гузошта, ба масъулини соҳа дастур доданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат сохтмони ин муассисаи таълимӣ дар асоси дастовардҳои миллии меъморӣ ба анҷом расонида шавад.

Ин иқдоми Сарвари мамлакат саҳифаи тозаеро дар рушди сиёсати маорифпарваронаи мамлакат боз намуд ва боиси фараҳмандии устодону кормандони ин муасссиаи таълимии таҳсилоти олии кишвар гардид. Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам зиёда аз 10 сол аст, ки дар низоми илмию таълимӣ ва иҷтимоии мамлакат ба ҳайси муассисаи давлатии таълимӣ дар низоми кунунии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар ин муддат раёсати ДИТ барои омода кардани мутахассисон, устодони варзида ва муҳаққиқони дараҷа ва унвонҳои илмидор ҷаҳду талошҳои зиёде кардааст. Роҳбарияти муассиса дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию таълимии мамлакат дар самти тайёр кардани мутахассисони дараҷаи илмидор то имрӯз корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, дар асоси ин ҳамкориҳо қариб 10 нафар устоди ин муассисаи таълимӣ рисолаҳои илмии худро дар шӯроҳои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҶТ ва Академияи таҳсилоти назди Вазорати маориф ва илми ҶТ ҳимоя карда, чанде аз аспирантону унвонҷӯёни дигар дар ин муассисаҳо барои иҷрои корҳои илмии худ фаъолият карда истодаанд.    

Тамоми нақша ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои роиҷи ин Донишкада дар асоси Сатандартҳои давлатии таълимӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардидаанд, ба роҳ монда шудааст. Ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин муассисаи давлатии таълимӣ дар баробари таҳсил дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ободонию ободкориҳо иштирок менамоянд ва дар рушду инкишофи илму таълим ва сарсабз гардонидани муҳити зист саҳми назарраси худро мегузоранд.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи мамлакат, дастуру супоришҳои ҳукумати Тоҷикистон ва оинномаи ДИТ ба роҳ монда, дар ин самт барои омода намудани мутахассисони филологияи Шарқ (бо донистани забони арабӣ), улумӣ ислом, улуми Қуръон, таъриху диншиносӣ ва лингвистика корҳои таълимию тарбивии худро амалӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки тамоми фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбивию хоҷагидории ин муассисаи таълимӣ дар мувофиқа бо муассиси он - Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Ҳамасола бо дастури Вазорати маориф ва илм нақшаҳои таълимии Донишкада мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода мешаванд ва зина ба зина онҳо бо талаботҳои имрӯзаи ҳаёти иҷтимоию маънавии мамлакат мувофиқ гардонида мешаванд. Тибқи нақшаҳои амалкунанда ихтисосҳои роиҷи Донишкада тибқи низоми ҳамгирои таҳсил ба роҳ монда шудаанд. Яъне ҳар як ихтисосе, ки ҷанбаи динию исломӣ дорад, бо ихтисосҳои дар низоми таълимии мамлакат роиҷбуда ҳамгиро карда шудаанд. Аз ҷумла ихтисоси улуми ислом бо матни классикӣ, улуми Қуръон бо мероси хаттӣ, забони хориҷӣ (арабӣ) бо информатика ҳоло дар ДИТ донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифта, дар асоси низоми таълимии ҳамгиро фаъолият менамоянд. Чунин ташаббус боиси он мегардад, ки хатмкунандагон дар баробари аз худ кардани илмҳои динӣ ва мутахассиси соҳаи диншиносӣ гардидан соҳиби ихтисоси дуюм низ бигарданд ва дар муассисаҳои гуногуни илмию таълимӣ ва давлатӣ кору фаъолият карда тавонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз аксарияти имомхатибони масҷидҳои расман амалкунандаи мамлакат хатмкардаҳои ҳамин муассисаи давлатии таълимӣ ба шумор рафта, дар самти сиёсати давлатии Ҳукумат оид ба дин саҳми худро мегузоранд. Ҳамчунин, устодони Донишкада ба ҳайси коршиноси масоили динӣ баромад намуда, ба китобҳои фарогири масоили динӣ тақризҳо менависанд ва дар ҳалли баҳсҳои динӣ иштирок менамоянд.

Президенти маҳбуби кишвар солҳост, ки ба аҳли башар паёме мерасонад, ки террорист, дин мазҳаб ва миллат надорад ва дар асоси ҳамин хитобаи раҳбари мамлакат устодону донишҷӯёни ДИТ ба номи Имоми Аъзам амал карда, имрӯз тамоми ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, зӯроварӣ, қатлу ғорат, ғасбкорӣ ва мисли ин барин падидаҳои номатлубу зиддиинсониро дар баромаду мақолаҳои худ маҳкум менамоянд ва дар тарғибу ташвиқи сулҳу субот ва амнияту оромии кишвар, минтақа ва умуман сайёра худро саҳмгузор мешуморанд.

Фаъолияти ДИТ тибқи оиннома дар асоси мазҳаби ҳанафӣ ба роҳ монда шудааст. Дар асоси ин донишҷӯёнро дар пояи таҳаммулгароию таҳаммулпазирӣ таълим дода, мавҷудияти ҳама гуна ҳизбу ҳаракати зиддиинсониро маҳкум менамояд. Ҳамчунин дар асоси ин санад мавҷудият ва фаъолияти ҳама гуна ҳизбу ҳаракати сиёсӣ дар ДИТ мамнуъ эълон гардидааст.

Бунёди бинои нави таълимӣ бо хобгоҳ ва фарогирии тамоми шароитҳои муосир раёсати ДИТ-ро вазифадор менамояд, ки дар самти рушду инкишофи низоми таълим, кушодани ихтисосҳои нави барои ҳаёти маънавию иҷтимоии кишвар муҳим ва зинаҳои магистратураю докторантура чораҳои бештаре андешад.

Раёсат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён ин иқдоми накуи Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз ҳадафҳо ва ғамхорию меҳрубониҳоии бепоёни ӯ нисбат ба афкору ақида, дину имон ва мазҳаби поку беолоиши ҳанафии мардуми тоҷик арзёбӣ намуда, бунёд ёфтани бинои нави таълимии Доишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзамро туҳфаи сазоворе ба ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумориданд.

Л. Сафаров,

Муовини аввали ректори ДИТ ба номи Имоми Аъзам оид ба таълим, номзади илмҳои филология, дотсент

М. Саломов,

Мушовири ректор, номзади илмҳои филология, дотсент

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар