Асосӣ Мақолаҳо «Мурғе, ки кабирӣ зери домон дорад, курк аст…». Мулоҳизаҳои коршинос роҷеъ ба нишасти дортмунд, ҳадафҳои муғризона ва ҷоҳталабонаи роҳбари номуваффақи наҳзатиён

«Мурғе, ки кабирӣ зери домон дорад, курк аст…». Мулоҳизаҳои коршинос роҷеъ ба нишасти дортмунд, ҳадафҳои муғризона ва ҷоҳталабонаи роҳбари номуваффақи наҳзатиён

«Мурғе, ки кабирӣ зери домон дорад, курк аст…». Мулоҳизаҳои коршинос роҷеъ ба нишасти дортмунд, ҳадафҳои муғризона ва ҷоҳталабонаи роҳбари номуваффақи наҳзатиён
2018-07-19
384

Чанде пеш дар шаҳри Дортмунди Германия ба ном як ҳамоиши наҳзатиҳо баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш  роҳбари номуваффақи онҳо Муҳиддин Кабирӣ хостори созмон додани эътилофи наве шудааст, вале гурӯҳҳои дигар аз пайвастан ба чунин эътилоф худдорӣ варзидаанд. Аҷибаш он аст, ки Кабирӣ хостааст, дар номи ин эътилоф дигар вожаҳое чун «наҳзат» ва «ислом» набошад. Ин чӣ маънӣ дорад? Боз макру фиреби мардум?

Бо ин ва дигар суолҳо  котиби матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шореҳ ва муаллифи барномаи «Соярӯшан»-и Радиои «Ховар» Афшини МУҚИМ бо коршинос, мутахассиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Қамар НУРУЛҲАҚОВ муроҷиат намуд.

— Тасмими навбатии наҳзатиёнро чӣ гуна ташреҳ додан мумкин аст?       

— Ин маънии онро дорад, ки «муқтазои табиат»-и Кабирӣ чунин аст: ҳадафи асосии ӯ қудрат ва ҷоҳу ҷалол аст ва дар роҳи расидан ба ин ҳарду тайёр аст  супориши дилхоҳ хоҷагони аҷнабияшро ба ҷо биёрад ва на танҳо аз халқу Ватани худ, балки аз дину мазҳаб низ рӯ гардонад. Имрӯз ҳатто собиқ ҳаммаслаконаш ба ин чиз иқрор меварзанд. Тавре яке аз мухолифон Додоҷон Атовуллоев дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук навиштааст, барои Кабирӣ   «Ислом ҳоло дар тренд нест». Атовуллоев он эътилоферо, ки Кабирӣ мехоҳад  созмон диҳаду роҳбари он гардад ва дар он тамғаи «ислом» набошад,  ба мурғ ташбеҳ додааст. Кабирӣ гумон мекунад, ки  ин мурғ тиллоист ва ӯро хушбахт мегардонад, барои ин мехоҳад бо ҳар роҳ онро ба дом андозад. Вале он мурғ мурғи курк аст, яъне мокиёне, ки тухм намедиҳад.

Яъне ӯ ба ҳадаф намерасад, беҳуда об дар ҳован мекӯбад, зеро он чи ӯ мехоҳад, иҷроношуданист, зеро имрӯз ҳам худи Кабирӣ ва ҳам хоҷагони хориҷиаш хуб фаҳмидаанд, ки мардуми Тоҷикистон ҳамаи найрангу дурӯягиҳои Кабириро дарк кардаанд. Мардуми тоҷик дарк намуданд, ки барои Кабирӣ ислом аслан муҳим набудааст, барои ӯ муҳим манфиат будааст. Кабирӣ ҳам аз он хотир пешниҳод барои ҳазфи номи «ислом» аз эътилофи навро кардааст, ки ҳоло мардум огоҳ гардидаанд, ки Кабирӣ ва хоҷагонаш аслан исломӣ нестанд. Танҳо исломро суиистифода мекарданд. Ҳоло дигар симои воқеии Кабирӣ ошкор шуд. Маълум шуд, ки ӯ барои мансаб шуда, омода аст  ҳатто аз ислом рӯй гардонад. Зимнан, Паёмбар дар ҳадиси худ мефармоянд: «Аз кофарон наҳаросед, аз дурӯягон битарсед. Дар дин дурӯягон аз кофарону муртаддон хавфноктаранд».

— Яъне чунин тасмимҳои роҳбарони Ҳизби наҳзат боис шуд, ки мардум чеҳраи воқеии онҳоро бишносанд. Чанде пеш аз  тариқи телевизионҳои кишвар филми мустанаде бо номи «Решаҳои ноаён» ба намоиш гузошта шуд, ки он доир ба ҳадафҳои пасипардагии ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати ислом ва роҳбаронупайравони он қисса мекард… Таассуроти Шумо аз ин филм чи гуна аст?

— Бале. Таассуроти ман аз филми мазкур ин аст, ки он дар асоси далелҳои воқеии таърихӣ эҷод шудааст ва он чизе, ки дар ин филм дар бораи фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом ҳамчун як ҳизби экстремистию террористӣ баён шудааст, гумон мекунам, ки ин хеле кам аст. Дар бораи бедодгариҳои Ҳизби наҳзат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва марҳилаҳои баъдӣ метавон на як филм, балки даҳҳо филми ба ин монанд эҷод намуд. Ба ҳар сурат, ин филм ба таври мухтасар танҳо як порча ва як паҳлуи фаъолияти наҳзатиёнро таҷассум мекунад, ҳамон фаъолиятеро, ки бо ҳадафҳои махсуси кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон манфиатҳои геополитикӣ доштанд. Шоҳид ва ҳам иштирокчии ҳамин бедодгариҳо Эшони Қиёмиддин, ки ӯро «генерали мардумӣ» меномиданд, буд ва танҳо бо роҳбарии он шахс ин корҳо ба анҷом расидаанд. Ва филм ҳам асосан паҳлуҳои фаъолияти тахрибкоронаи Қиёмиддини Ғозиро дар бар мегирифт. Аммо агар хоҳем, ки дар маҷмӯъ хиёнату разолати ҳизби наҳзатро ба баррасӣ кашем, дақиқан он дар доираи як филм намеғунҷад.

— Дар филми мазкур таъкид мешавад, ки ҳизби наҳзат аз оғози нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ мавқеиидеологии худро ҳам тағйир дод…  

— Воқеан, Ҳизби наҳзат аз замони соҳибистиқлолӣ, яъне аз солҳои 1991-ум сар карда, тадриҷан мавқеи идеологӣ ва фаъолияташро тағйир дод. Аслан мавқеи идеологии роҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ ва пайравони онҳо аз соли 1973, вақте ки ин ҳизбро дар водии Вахш, дар совхози «Туркманистон» ҳамчун як шуъбаи ҳаракати ваҳҳобия бо дасти кишварҳои хориҷӣ пинҳонкорона таъсис дода буданд, тағйир хӯрда буд. Яъне, аз мавқеи мазҳаби ҳанафӣ ба ваҳҳобия гузаштани ин ҳизб гувоҳи он буд, ки ин ҳизб ҳизби ҷиҳодӣ ва ҷоҳталаб  аст, ҳизби экстремистӣ-террористӣ аст. Он замон ҳадафҳои ҳизби мазкур бар муқобили идеологияи онвақтаи Иттиҳоди Шўравӣ нигаронида шуда буд.

— Чаро наҳзатиён барои мубориза алайҳи идеологияи шӯравӣ равияи ваҳҳобияро интихоб карданд? Зарурат дар чӣ буд?

— Зарурат дар он буд, ки бо пайравӣ ба мазҳаби ҳанафӣ наметавонистанд идеологияи ҷиҳодии худро амалӣ созанд, чунки мазҳаби ҳанафӣ мазҳаби таҳаммулпазир аст, мазҳаби ақлгаро аст, барои мазҳаби ҳанафӣ экстремизм ва терроризм тамоман бегона аст. Аз ин хотир бо пайравӣ ба мазҳаби Имоми Аъзам бунёд намудани як ҳаракати ҷиҳодӣ душвор буд, чунки экстремизм ва терроризмро ҳанўз аз замоне, ки ин мазҳаб таъсис шуда буд, Имоми Аъзам ба ислом бегона хонда буданд. Имоми Аъзам аз зумраи нахустин имомоне дар дин буданд, ки мафҳумҳои «такфир», «куфр» ва «ҷиҳод»-ро тавзеҳ дода, ба он мазмуни фарҳангӣ-ахлоқӣ бахшиданд ва исломро аз ҳама гуна бозиҳои сиёсӣ ҷудо гардониданд. Дар ин маврид метавон суханҳои гаронарзиши Пешвои миллатро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд овард, ки гуфта буданд, терроризм миллат, Ватан ва мазҳаб надорад ва экстремизму терроризм ба асли ислом рабте надоранд, дар ин ҷанба хизмати Имоми Аъзам хеле бузург аст.

Барои ҳамин ҳам, ҳамон кишварҳои абадқудрате, ки хостори барҳам додани ИҶШС буданд, манфиатдор гардиданд, ки идеологияи ваҳҳобияи  ҷиҳодиро ворид кунанд ва наҳзатиён ҳамон давра ба хотири ҷоҳу ҷалол дар хизмати кишварҳои хориҷӣ қарор гирифтанд. Бинобар ин, маҷбур буданд, ки идеологияи худ ва мавқеи имониашонро тағйир диҳанд.

Вақте ки Иттиҳоди шўравӣ пош хурду кишварҳои мусулмоннишини тобеи он истиқлолилияти давлатӣ ба даст оварданд, ҳадафҳои Ҳизби наҳзат низ боз дигар шуданд. Дар ин марҳила хадамоти махсуси ҶИ Эрон Ҳизби наҳзатро барои роҳандозӣ кардани ҳадафҳои қудратии ин кишвар истифода кард. Табиист, ки расидан ба ҳадафҳои дар назди наҳзатиён гузоштаи Эрон бидуни қабули мазҳаби шиа номумкин буд. Аз ин лиҳоз, роҳбарият ва пайравони Ҳизби наҳзат бори дигар бо дарназардошти талаботи ҷониби Эрон ва манофеи шахсиву гурӯҳии худ мавқеи имонии худро тағйир дода, аз салафияи ҷиҳодӣ ба мазҳаби ташайюъ гузаштанд.

— Яъне мазҳаби шиаи дувоздаҳимомаро қабул намуданд? Чун вақте сухан дар мавриди мазҳаби аҳли ташайюъмеравад, як нуктаро бояд дар назар дошт, ки на ҳамаи шохаҳои он таваҷҷуҳ ба сиёсат доранд…

— Бале, шиа чанд шоха дорад. Вақте ки мо шиа мегўем, аслан идеологияи шиаи имомӣ ё дувоздаҳимомаро дар назар дорем. Шохаҳои дигаре, монанди исмоилия ва монанди он таҳаммулгароянд. Шиаи имомиро бо исмоилия омезиш додан мумкин нест. Онҳо аслан равияи исмоилияро намепазиранд. Аз ин хотир, вақте ҳоло  мо шиа мегўем, мо шиаро ҳамчун эътиқоди динии мардуми Эрон дар назар надорем, мавриди назари мо шиаи сиёсишудаест, ки аз ҷониби Имом Оятуллоҳи Хумайнӣ тарҳрезӣ ва  коркард шуд. Мо дар мавриди шиаи сиёсишуда дар заминаи андешаи бунёдгарои шиаи дувоздаҳимома суҳбат мекунем. Бинобар ҳамин, ин шиаи «ислоҳшуда» аз ҷониби Имом Хумайнӣ як андоза ба салафия, Ихвон-ул-муслимин ва амсоли он ҳамоҳангӣ ва монандӣ дорад, чунки ҳамаи ҳизбҳои ифротгарою террористие, ки имрўзҳо бо суиистифода аз ислом амал мекунанд, асли ақидаи онҳоро исломи бунёдгаро ташкил медиҳад. Бинобар ҳамин, азбаски асли андешаи шиаи имомии имрўзаи Ҳукумати Эрон хусусияти бунёдгароӣ дорад, ин омил ҷараёнҳои зикршударо ба ҳам наздик мекунад. Яъне заминаи ақидавӣ ва ҳадафҳои сиёсии онҳо якранг аст.

— Яъне гуфтанӣ ҳастед, ки тарғиби мазҳаби шиаи имомӣ дар Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои ибтидоии Эрон буд, ки дар заминаи он метавонист ба дигар нақшаҳои худ гузарад?

— Албатта. Эшони Қиёмиддин худаш иқрор намуд, ки вазифаи ибтидоии мо тарғиби мазҳаби шиа дар Тоҷикистон буд.

— Чаро ҳамаи кӯшишҳои Ҳизби наҳзат ва хоҷагони хориҷии он дар роҳи ташкили инқилобҳои исломӣ бо нокомӣба анҷом мерасид?

— Сабаби аслии нокомиашон дар он буд, ки ҳарчанд Ҳизби наҳзат бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш инқилоби исломӣ роҳандозӣ  кардан мехост, лекин чунин инқилоб дар кишвари мо заминаи иҷтимоӣ надошт. Ба он маъно, ки дар ин ҷо ҳама мардум ҳанафимазҳаб ҳастанд, пайравони шиа набуданд, ҳатто пайравони мазҳаби исмоилия ҳам идеяи онҳоро пайравӣ намекарданд, чунки исмоилия ба фарқ аз дигар шохаҳои шиа хусусияти арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дорад ва омили дигар ин аст, ки шиаи имомии сиёсишудаи ҶИ Эрон ҳамон муносибате, ки бо аҳли суннат ва ҷамоат дорад, айни он муносибатро бо пайравони исмоилия дорад. Дар маҷмӯъ, наҳзатиён  мардуми манотиқи Тоҷикистонро ҷалб карда натавонистанд.

Баъдан, вақте онҳо диданд, ки бе заминаи иҷтимоӣ амалӣ гардидани нақшаҳояшон имконнопазир аст, барои ташкили инқилоби исломӣ, ки дар нақшаи ояндаи онҳост,  ба тарғиби шиагароӣ ва ғояҳои инқилоби исломӣ гузаштанд, яъне ҷалб намудани мардум ба ин мазҳаб, паҳн кардани ақидаҳои шиа, расму оинҳои мазҳаби шиа, фарҳанги либоспўшии мазҳаби шиа, баъзе маросимҳо, аз қабили «Ошўро», паҳн кардани пўшидани либоси сиёҳ, ки онро асосан ба муносибати қатли Имом Ҳусайн дар дашти Карбало ба бар мекунанд ва монанди он.

Мувофиқи таълимоти шиа, шиаҳо ин сару либосро то он замоне, ки қасоси қатли Имом Ҳусайнро аз «кофирон»-яъне суннаимазҳабон нагиранд, аз тан бадар намекунанд. Барои Ҳизби наҳзат низ ҳамаи суннимазҳабон душман ҳисоб меёбанд.

Бо ҳамин корҳо онҳо мехостанд тафаккури мардумро дигаргун созанд. Хусусан паҳн кардани адабиёти дорои хусусияти шиагароӣ аз тариқи матбуот як самти асосии фаъолияти онҳо буд. Масалан, дар рўзномаи «Наҷот» аслан тарғиби мазҳаби ҳанафиро дидан имконнопазир аст, дар он асосан решаҳои шиагароӣ бисёр пӯшида ва пинҳонкорона паҳн карда мешуданд. Адабиёти диние, ки дар Эрон бо тамоюли шиагароӣ нашр шуда буд, дар Тоҷикистон паҳн менамуданд, аз ҷумла китоби фақеҳи шиаи имомӣ Муртазо Мутаҳҳарӣ «Хадамоти мутақобилаи ислом ва Ирон», ки бо воситаи Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон нашр шудааст. Чун ин китобро бихонед, саросар хусусияти эронситезӣ дорад. Сиёсати феълии ҶИ Эрон боис гардидааст, ки ҳоло дар ин кишвар нисбат ба арзишҳои миллии эронӣ назари нек надоранд. Ҳоло тибқи барномаҳои таълимии ҶИ Эрон дар муассисаҳои таълимӣ аслан адабиёти тоисломии Эрон омӯхта намешавад, куфр ҳисобида мешавад.

— Коршиносон бар он назаранд, ки Эрон дар ҳар кишваре, ки мехоҳад ҳадафҳои сиёсии худро
амалӣ намояд,дар он шуъбаҳои «Ҳизбуллоҳ» таъсис медиҳад.

Чаро Эрон дар Тоҷикистон ҳадафҳои худро аз тариқи Ҳизбинаҳзат амалӣ кардан мехоҳад? Оё ҳамоҳангие дар фаъолияти «Ҳизбуллоҳ» ва Ҳизби наҳзат дида мешавад?

— Идеологияи асосии Эрон дар он ифода меёбад, ки ин кишвар интиқоли инқилоби исломиро дар тамоми кишварҳои мусулмонӣ тадриҷан, зина ба зина тарҳрезӣ ва густариш медиҳад. Барои ҳамин, тавре гуфтед, дар бархе аз кишварҳо шуъбаҳои «Ҳизбуллоҳ»-и Эрон бунёд карда шуд, масалан дар Ироқ ва Сурия. Лекин дар Тоҷикистон  вазифаи ин шуъбаро Ҳизби наҳзат иҷро мекард. Барои ҳамин, мо метавонем бе ягон дудилагӣ гўем, ки Ҳизби наҳзат ба ном «наҳзат» аст, лекин моҳиятан шуъбаи «Ҳизбуллоҳ» аст. Яъне дар Тоҷикистон фаъолияти идеологи-сиёсии «Ҳизбул­лоҳ» бо дасти Ҳизби наҳзат амалӣ карда мешуд ва то имрӯз пинҳонкорона давом дорад. Баъзе ҷонибдорони онҳо имрӯз дар дохил пинҳонкорона тарғибот мебаранд, ки инро коршиносон ва мардуми Тоҷикистон медонанд.

— Зимнан, вақтҳои охир роҳбарону пайравони Ҳизби наҳзат дар матбуот иддао мекунанд, ки онҳо як ҷонибисулҳи соли 1997 ҳастанд. Шумо чӣ назар доред?

— Аслан гирем, Ҳукумати Тоҷикистон бо Ҳизби наҳзат ягон созишнома ба имзо нарасонидааст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷик ба имзо расида буд. Ҳатто далелҳои воқеӣ собит месозанд, ки роҳбари ИНОТ Абдуллоҳи Нурӣ аслан ба таври маҷбурӣ ба Созишнома имзо гузошт, зеро ҳамчун ҷониби шикастхӯрда дигар илоҷ надошт. Агар имкон медошт, боз ҷангро идома медод, аммо имкон надошт. Нурӣ бо имзои Созишнома мақсадхои ғаразнок дошт. Барои наҳзатиён ин Созишнома як созиши муваққатӣ буд. Зеро баъди сулҳу созиш мақсад доштанд, ки бо услуби нав барои инқилоби оянда замина гузоранд. Масалан, рӯзи 27 июни соли 1997, вақте Созишнома дар Москва ба имзо расид, Пешвои миллат ва гурўҳи корӣ аз Москва ба Тоҷикистон баргаштанд. Ба пеши мардум омаданд, мардумро таҳният гуфтанд… Дар ҳамин вақт намояндаҳои наҳзат пас аз имзои Созишнома ба Тоҷикистон барнагаштанд.  Абдуллоҳи Нурӣ мустақиман аз Москва ба Теҳрон парвоз кард. Он ҷо бо хоҷагони худ музокирот намуда, ба шаҳри Қум, шаҳре, ки дар он аксари мубаллиғони   шиагаро парваришу тарбият меёбанд, омад. Дар ҳамон сол дар Қум ҳазорҳо нафар толибилмони тоҷик бо роҳнамоии Ҳизби наҳзат ба тадрис ҷалб шуда буданд. Нурӣ онҳоро ҷамъ оварда, дар наздашон ошкоро гуфт: «Мо сулҳи Ҳасанаро барқарор кардем, вале шумо фаромўш накунед, ки ҷангҳои Ҳусайнӣ дар пешанд. Шумо ҳама дар оянда кадрҳои Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон ҳастед». Ҳамаи ин суханҳо аз забони Нурӣ пас аз ба имзо расидани Созишнома гуфта шуда буд, ки ҳамаи ҳамон муҳассилон имрӯз шоҳиди ҳол ҳастанд.

— Яъне, магар Ҳукумати Тоҷикистон дар он замон аз ин паҳлуи фаъолияти наҳзатиён хабар надошт?

 Медонист! Лекин Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири таъмини сулҳу салоҳ ва ба хотири он ки ин мардум ҳама тоҷиканд ва рӯзе ҳамдигарро дуруст дарк ва роҳу равиши худро дигар мекунанд, барои ободии Ватан талош ба харҷ медиҳанд, таҳаммул кард. Гуфт, ки шояд онҳо аз нияти бад баргарданд, вале онҳо аз нияти бади худ барнагаштаанд, ҳоло ҳам дар байни муҳоҷирони тоҷик дар кадом кишваре набошад, аз ҷумла, дар Россия намояндагонашон ғояҳои инқилоби исломӣ ва мазҳаби шиаро тарғиб мекунанд ва мардумро муқобили Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мешӯронад.

— Ҳоло фаъолияти ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон гардидааст. Ба назари Шумо ҳанӯз ҳам ин ҳизби террористӣ барои ҷомеаи мо хатарзо боқӣ мемонад?

— Албатта, Ҳизби наҳзат як доғи сиёҳе дар  таърихи давлату миллати тоҷик аст. Аз шахсе, ки Ватан, миллат ва ҳатто дину мазҳаби худро фурӯхт, ҳама чизро метавон интизор шуд. Зеро барои шахсе, ки мавқеи имонияшро се маротиба тағйир дода, аз мазҳаби ҳанафӣ ба мазҳаби ваҳҳобия, аз ваҳҳобия ба шиаи имомӣ гузашт ва ҳоло аз акнун аз номи Ислом рӯ гардонидааст,  дигар чизи муқаддасе боқӣ намемонад. Хатар доштани ин ҳизбро  суханрониву  пешниҳоди навбатии худи Кабирӣ дар Дортмунд бори дигар тасдиқ мекунад. Зеро онҳо омодаанд, ки ҳар лаҳза бо ҳар номи дигар зуҳур кунанд ва кишварро ба нооромӣ кашанд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:00
Пешин13:00
Аср15:07
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар