Асосӣ Мақолаҳо Ҳунарҳои мардумӣ ва рушди онҳо дар замони истиқлол

Ҳунарҳои мардумӣ ва рушди онҳо дар замони истиқлол

Ҳунарҳои мардумӣ ва рушди онҳо дар замони истиқлол
2018-08-17
2922

Ҳунарҳои мардумӣ қисмати муҳимтарини низоми анъананаҳо ва таҷрибаҳои таърихан ташаккулёфтаи ҳаёти моддиву маънавии ҳар як халқу миллатро ташкил медиҳанд. Маъмулан, ҳар як ҳунари мардумӣ собиқаи тӯлонии таърихӣ дошта дар тӯли садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо аз насл ба насл мегузарад ва таҳаввулу такомул меёбад. Ҳувият ва фарҳанги моддиву маънавии миллатҳо, пеш аз ҳама, дар ҳунарҳо ва таҷрибаҳои ҳаётии он таҷассум ва ифода меёбанд.

Ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун таҷрибаҳои муфиди ҳаётӣ дар баробари таъмини ниёзҳои моддиву маънавии аҳли ҷомеа инчунин, нақш ё функсияи муҳими тарбиявиро низ ба иҷро мерасонанд. Дар раванди такрорёбандаи аз насл ба насл интиқол додани маҳорату малакаҳо тадриҷан донишу таҷриба ва усулу равишҳои анъанавии таълими ҳунарҳои мардумӣ ташаккул меёбанд, ки истифодаи онҳо на танҳо барои ташаккули қобилияту истеъдоди касбию меҳнатӣ ва ин ҳунарҳоро хуб аз худ кардани насли ҷавон, балки барои дар рӯҳияи некпиндорӣ, некгуфторӣ, некрафторӣ, инсондӯстӣ, зебоипарастӣ, масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва дигар фазилатҳои инсонӣ тарбия кардани онҳо ҳам мусоидат менамояд. Наслҳои оянда тавассути шинос шудан бо ҳунарҳои суннатии ниёгон ва аз худ кардани онҳо аз таъриху сарнавишт, тарзи зиндагӣ, урфу одатҳо, дину эътиқод ва орзуву ормонҳои наслҳои гузашта огоҳ мешаванд. Ба ибораи дигар, ҳунарҳои мардумӣ намегузоранд ки мо таърихи миллат ва ватани худро фаромӯш кунем. Аз ин рӯ, таълими ҳунарҳои мардумӣ барои ҳалли мусбати масъалаи таҳкими рӯхияи ватандӯстии аҳли ҷомеа, алалхусус, ҷавонону наврасон аҳамияти хеле бузурги амалиро доро мебошад.

Дар ҳақиқат, шахсе ки ватани аҷдодии худро дӯст намедорад, таърихи ниёгони худро намедонад ва бо фарҳанги ниёгони худ ифтихор намекунад, чунин шахс эҳсосоти миллӣ ва фарҳангу суннатҳои мардумии қавму миллатҳои дигарро низ ҳеҷ гоҳ эътироф ва эҳтиром карда наметавонад. Як хусусияти ҷолиби касбу ҳунарҳои мардумӣ низ дар ҳамин мебошад, ки зимни таълиму таҳсили онҳо эҳсосот ва ифтихори миллии инсон низ ташаккул ва тақвият меёбад. Аз ин рӯ, эҳёи касбу ҳунарҳои мардумӣ ва мутобиқи шароити замони муосир рушду такомул додани онҳо яке аз ҳадафҳои муҳиму стратегии ҳар як давлати муосири миллӣ ба шумор меравад. Доираи ҳунарҳои мардумии тоҷикон хеле васеъ мебошад. Аз ҷумлаи қадимтарин ҳунарҳо ва санъатҳои аҷдодии тоҷикон ресандагӣ, бофандагӣ, меъморӣ, наққошӣ, чӯбкориву кандакорӣ, оҳангарӣ, кулоливу кӯзагарӣ, қолинбофӣ, қаннодӣ, нонпазӣ, ошпазӣ ва ғ. ба шумор мераванд. Маҳсули меҳнати ҳунармандони моро матоъҳои гуногун, қолину сӯзаниҳои нафису мунаққаш, сару либос, масолеҳи сохтмонӣ, анвои мухталифи олоти меҳнат, ашёи рӯзгор, таомҳои миллӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Ҳамаи ин ҳунарҳои мардумӣ дар хотираи таърихии миллати шарифи тоҷик ҳамчун мероси фарҳанги тамаддунсози  наслҳои гузашта маҳфуз монда, онҳоро наслҳои ворис  ҳамчун таҷрибаи муфиди ҳаётӣ давом медиҳанд ва аз онҳо баҳраманд мешаванд. Дар замони истиқлолият пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу амният, масъалаи танзим ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва умуман мероси тамаддунсози фарҳангии ниёгон дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Ҳукумати мамлакатро масъул гардонида шуд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ роҳандозӣ намояд. Инчунин, тибқи супориши Сарвари давлат фурӯши молҳои мавриди ниёзи мардум, ки онҳоро ҳунармандони ватанӣ истеҳсол кардаанд, аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд. Ин иқдомҳо на танҳо баёнгари ғамхории давлат нисбат ба ҳунарҳои мардумӣ ва умуман фарҳанги миллии мо мебошанд, балки моҳияти амиқи гуманистӣ низ доранд: онҳо ба тарғиби доираи васеи мардуми меҳнатдӯсту хунарманд ба фаъолияти муфиди меҳнатӣ ва аз ин тариқ беҳтар кардани шароити моддиву молиявии онҳо нигаронида шудаанд. Татбиқи амалии ин иқдомҳо алалхусусус барои бо кори муфиду даромаднок фаро гирифтани ҳазорон нафар занону духтарони ҳунарманд, ки хонашин мебошанд, мусоидат хоҳад кард. Аз тарафи дигар, ҳунарҳои мардумӣ воситаҳои аёние мебошанд, ки тавассути онҳо хориҷиён бо фарҳанги миллӣ ва олами рангини маънавии мардуми шарифи тоҷик шинос мешаванд. Бинобар ҳамин, истеҳсоли маҳсулоти зебову нафиси ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши онҳо дар мамолики мухталифи ҷаҳон барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ва аз ин тариқ, ба як соҳаи муҳиму сердаромади иқтисодӣ табдил додани соҳаи сайёҳӣ хеле муҳим мебошад.

Аз тарафи дигар, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба таври нақшавӣ ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ зарур мебошад. Дар ин самт муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ низ аз тариқи таҳқиқи таърихи ташаккул ва таҳаввули ҳунарҳои мардумӣ, таснифи онҳо, таҳлили фалсафии мазмуни маънавии онҳо, таълифи фарҳанги ҳунарҳои мардумӣ ва дигар чорабиниҳо саҳми муфиди худро гузошта метавонанд. Бояд тазаккур дод, ки чунин таҳқиқотҳо дар баъзе кишварҳо кайҳо оғоз шуда, натиҷаҳои назаррас низ додаанд.

Масалан, дар Россия, ҳанӯз дар соли 2012 Академияи санъат ва Вазорати маорифи ФР бо мақсади эҳё ва рушди касбу ҳунарҳои мардумии русӣ барномаеро таҳти унвони «Алифбои фарҳанги мардумӣ» таҳия кардаанд, ки давраи татбиқи он аз соли 2012 то соли 2020-ро дар бар мегирад. Хадафи ин барнома – шиносонидани кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ бо низоми касбу ҳунарҳои мардумии халқи рус ва дигар халқҳои маскуни кишвари Россия мебошад. Хулосаи калом, пайравӣ аз ин таҷрибаи хуб ва дар партави Паёми имсолаи Пешвои миллат саҳм гузоштан дар рушди ҳунарҳои мардумӣ қарзу масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарзанди ватанпарвари Тоҷикистон мебошад.

Шоев Зиёвиддин – сардори Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ

Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:10
Пешин12:40
Аср17:17
Шом19:15
Хуфтан20:46
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар