Асосӣ Мақолаҳо Паймони тозаи мухолифин бар хилофи хостаҳои мардум

Паймони тозаи мухолифин бар хилофи хостаҳои мардум

Паймони тозаи мухолифин бар хилофи хостаҳои мардум
2018-09-14
2639

«Паймони миллии Тоҷикистон» рўзи 9-уми сентябри соли 2018 аз ҷониби мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд, аммо ин паймон ягон хел хосияти миллиро доро нест. Номгузории ин гурўҳи дурўя ва хоин бо номи «Паймони миллӣ» бори дигар аҳли зиё ва мардуми кишварро бесаранҷом кард. Дар шароити кунунӣ мардуми кишвар бо кӣ паймон карданашонро хуб медонанд. Ба оммаи мардум сулҳу субот дустӣ ободии кишвар, хурсандии пиру ҷавон, шодии тифлакон муҳим ва зарур аст, на паймонҳои фитнаангез.

       Таъсиси чунин паймонҳои бемаънову бепоя дар олами Ислом бисёранд, аммо дар ягон ҷо натиҷаи хуби оммавӣ эҷод накардааст, ба ғайр аз кинаву адоват. Шахсияти ҲНИ ва пайравонашро тамоми мардуми кишвар хуб шинохтаанд, дигар ин мардум ба ин найрангҳо ҳеҷ гоҳ дода намешаванд. Зеро яке аз муасисини ин ҳизб машҳур бо номи Мавлави Аёмиддин ба тамоми олам эълон дошт, ки ҲНИ моли мардуми Тоҷикистон нест ва манфиати мардумро ҳимоят намекунад. Илова бар ин барои кирдорҳои зишти кардааш аз тамоми аҳли ҷомеа бахшиш пурсид.

        Назари банда ин аст, ки одамони бошарафу бономус афроде, ки ҳисси миллӣ доранд, мекўшанд ва талош мекунанд, ки мардуми худро ва обрўи кишварашонро  дар арсаи байналмилалӣ нигоҳ доранд. Ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт аҷнабиҳо барои кишваре дар тули таърих саодатмандӣ наовардаанд, балки тафриқа андохта манфиатҷўи карданд, зеро ки дар асл ҷанҷоли ҳар қавро танҳо худи он қавм ба салоҳ меорад.

         Ман ҳамчун як фарди солимфикри ҷомеи феълӣ гуфтаниам, ки хоинони миллат бори дигар мехоҳанд ба тинҷию оромии Тоҷикистон халале ворид кунанд, аммо онҳо дар назди мардуми тинҷу ором ҳеҷ ҳастанд, бо ҳасаду буғзу адовати худ дар беватанӣ ба нобудӣмерасанд.         Мо бояд шукронаи давлату давлатдории тоҷикона, ободию озодии ин айёмро кунем, нагузорем, ки аз байни мардуми мо нохалафон пайдо шаванд.

Хомўшов  Ҷамолиддин

Сардори Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:10
Пешин12:40
Аср17:17
Шом19:15
Хуфтан20:46
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар