Асосӣ Мақолаҳо Воситаи иттилоотӣ ё иғвогарӣ?

Воситаи иттилоотӣ ё иғвогарӣ?

Воситаи иттилоотӣ ё иғвогарӣ?
2018-10-01
2541

Воситаҳои иттилоотии тахрибкор ва фурӯхташуда, ки назди дари аҷнабиёни дуру наздик хизмат мекунанд, барои бароварда гардонидани хоҳишу дархости муассисон, муҳаррирон ва роҳнамоҳо фаъолият доранд. Барои баъзе давлатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамчун воситаи истихборотӣ амал намуда, ба пешравиҳои кишварҳо бо чашми интиқоду хусумат мениранд. Дар аксар матолиби фармоишӣ пай дар пай ҷамъияту ақалиятҳои миллӣ таҳқиру танқид мешаванд. Ҳамин тавр расонаҳо ба тазоҳуротҳо асос гузоранд. Ин гуна воситаҳои иттилоотӣ ба душмани башарият табдил ёфтаанд. Бо роҳи дурӯғини расонидани иттилоот дар миёни мардум шӯру балво меандозанд.

Аз ҷумлаи чунин як расонаи иттилоотии харобкор сомонаи «Паём.нет» мебошад, ки бо берӯиву белафзии ҳамешагӣ такрор ба такрор тарғиби гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро мекунад. Сомонаи «Паём.нет» матлаберо паҳн менамояд, ки дар он дар бораи мамнуъияти ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ин гурӯҳро террористӣ хондан ва тамоми фаъолиятҳояшро ғайриқонунӣ эълон кардан, сухан меравад.
Ҳамин аст, ки бо гуфтори муғризона ва пур аз буҳтону иғвоангез давлату миллати тоҷикро зери интиқод қарор медиҳад ва сиёсати пӯшидаи фармоишдиҳандагону муассисонашро роҳандозӣ мекунад. Нисбат ба мардуми тоҷик ва кишвари тоҷикон бо маводи хусусияти бадбинидошта баромад мекунад. Он бо кўмаки хадамоти иктишофии кишварҳои хориҷӣ фаъолияти хиёнатпешагиро амалӣ менамояд. Аз рӯзҳои аввали фаъолият афкору андешаҳояш манфӣ буда, то ба ҳол бо ҳар роҳу восита сиёсати давлату миллатро зери интиқод мегирад. Аз ҳар чизи будаву набуда валвала месозад ва сафсатагӯӣ мекунад. Бар ақидаи ғалати пайравони ТТЭ ҲНИ гӯё намояндаи ҳайъати расмии ҳукумати Тоҷикистон, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар як нишасти ҳошиявии анҷумани САҲА бо раҳбари фирории ТТЭ ҲНИ гуфта бошад, ки ҳукумат таҷрибаи бойи сулҳ кардан бо мухолифонашро дорад ва барои музокирот бо оппозитсияи кунунӣ дар Душанбе омода аст. Ин дурӯғи маҳз буда, хаёлбофии аъзоён ва пайравони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Зеро онҳо бештар бо таҳрифи факту санадҳо ва хабарҳои сохтаву бофта матолиб омода мекунанд. Ба воқеаву ҳодисае таваҷҷуҳ намуда, онро аз будаш зиёд ва бо дурӯғу буҳтони ногуфтанӣ инъикос мекунанд. Барои аъзоёни ТТЭ ҲНИ бештар зарур аст, то дурӯғу буҳтонро дар ин сомона ҷой диҳанд. Зеро пойбанди сиёсати моҷароҷӯёнаи мамолики ғарбӣ гардидаву деги манфиатҷӯиро ба ҷӯш меоранд.

Ин сомона барои рӯёнидани чанд пайсаи хориҷӣ дар ҳаққи Ватану миллати худ бадномаю туҳматномаҳо мебофад. Аз ин рӯ, дар он таҳлили воқеии ҳаводис дида намешавад. Аз он ҷиҳат, ки он нақшаҳои тахрибкоронаро пеш мебарад. Ҳатто тарғиби қувваҳои ифротгаро зиёд инъикос меёбад. Пеш аз ҳама, дар талқини иғвогарӣ нисбат ба давлату миллат. Аз муҳтавои навиштаҳои сомонаи «Паём.нет» бармеояд, ки он на ҳамчун расонаи иттилоотӣ, балки чун воситаи иғвогар аст. Вақте сухан дар расонаи хабарӣ фармоишӣ ё ин ки харидашуда аст, ҳақиқат дар он дида намешавад.

Р. Раҳимов

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар