Асосӣ Мақолаҳо НАЗАРОТЕ ҲАВОӢ БАР МАБНОИ ВОҚЕИЯТҲОИ СОХТА (дар ҳошияи мусоҳибаи Аркадий Дубнов)

НАЗАРОТЕ ҲАВОӢ БАР МАБНОИ ВОҚЕИЯТҲОИ СОХТА (дар ҳошияи мусоҳибаи Аркадий Дубнов)

НАЗАРОТЕ ҲАВОӢ БАР МАБНОИ ВОҚЕИЯТҲОИ СОХТА (дар ҳошияи мусоҳибаи Аркадий Дубнов)
2018-10-03
2160

Мусоҳибаи коршиноси манфиатҷў ва ба ТТЭ ҲНИ наздик Аркадий Дубновро аз тариқи пойгоҳи ифротии наҳзатӣ мурур кардам. Аҷаб дунёе шудааст, ҳар кӣ масъаларо дақиқ наомӯхта таҳлил мекунад ва муҳимтар аз ин, иддаои коршиносӣ менамояд. Шояд Дубнов коршинос бошад, вале коршиноси масоили марбут ба Тоҷикистон буда наметавонад, зеро ки авзоъро аз наздик намедонад, балки аз гӯши дигарон – ҳаваскорон шунидааст ва аз ин тариқа яктарафаю бадқасдона доварӣ менамояд. Хулоса, дар радди ҳарфҳои Дубнов чанд нуктаро манзур месозам:

1. Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ нафареро бе далел душман эълом надоштааст. Дигар ин ки муҳоҷирони зиёде дар хориҷа ба сар мебаранд, аммо онҳо зидди ҳукумату давлати Тоҷикистон нестанд. Ин иғворо танҳо коршиносоне мисли Аркадий Дубнов, ки Тоҷикистонро аз наздик надида, аз дуриҳои дур дар борааш қазоват мекунад, меандозанд. Хуб, барояшон чунин навъ иғвоҳо заруранд, то авзоъро муташанниҷ созанд ва аз ин тариқ барномаҳои пинҳониашонро дар минтақа пиёда созанд.

2.Лоиқ будани онҳое, ки дар доираи ба ном “Паймони миллӣ” (дар асл иттиҳоди ҷинояткорон) гирд омадаанд, танҳо назари Дубнов аст ва албатта, Дубнов ба сифати коршинос боре ҳам дар нисбати Ҳукумати Тоҷикистон ҳарфи хуберо раво намебинад ва ҳарчи мегӯяду менависад, ба манфиати гурӯҳҳои ба худаш наздик тааллуқ мегирад. “Дар паси ба ном Паймон киҳо менишинанд”, суолест, ки Дубнов дуруст мегузорад ва худ медонад, ки кадом гурӯҳ ва ё созмонҳое пушти қазияи наҳзатӣ ва эътилофи онҳо меистанд, вале аз бурдани исми онҳо худдорӣ мекунад.

3. Дубнов оид ба музокирот миёни Ҳукумат ва Кабирӣ сухан мегўяд. Аммо пазируфтан намехоҳад, ки Кабирӣ ва тими ба истилоҳ, музокиракунандаи ӯ, чи дар дохил ва чи дар хориҷ муҷримону террористоне беш нестанд ва онҳо дар табаддулоти давлатӣ даст доранд. Магар бо нафароне, ки аз тариқи зӯр мехостанд қудратро рӯйи даст бигиранд, метавон музокира кард? Онҳоро, ки Суди Олии кишвар террористу экстремист эълом доштааст. Ба эълом ва ҳалномаи Суди Олӣ чӣ посух бидиҳем?! Кори давлатӣ бозича аст, ки ҳар замон хостем бо террорист даст бидиҳем ва ҳар замон хостем, аз ӯ дурӣ биҷӯем? Албатта, барои тоифаи наҳзатӣ ин кор бозича аст ва онҳо метавонанд.

4.Ҷаноби Дубнов аз зовияи пиндорҳои иштибоҳии худ ба масъала назар меафканад ва ояндаи Тоҷикистонро суолбарангез унвон намудааст. Аммо воқеият ин аст, ки Тоҷикистон ба роҳи дурусте равона аст ва он низоми давлатдории дунявист ва душманони миллат ва давлат ҳаргиз намехоҳанд, ки киштии мақсуди Ватан ба сарманзили соҳил бирасад. Ин аст, ки Дубнов ва коршиносоне аз ин қабил танҳо як тарафи ойинаро мебинанду халос ва тарафи дигари онро, аслан дидан намехоҳанд, чаро ки дидани воқеият ва пазируфтани он ба хостҳои пинҳонӣ ва пасипардагии ин тими коршиносӣ дуруст намеояд. Бо як ҷумла: назароти Дубнов ҳарфҳоеро мемонад, ки бар мабнои воқеиятҳои сохтаю бофта матраҳ гардидаанд.

Фаридун Ориёӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар