Асосӣ Мақолаҳо Офтоби бахт

Офтоби бахт

Офтоби бахт
2018-10-11
249

Китоби бузурги таърих, агар ҳам куҳан бошаду ҳам нав, бо муҳаббату эҳсоси баланди инсонӣ бояд ҳамеша варақгардон  бишавад. Дар он навиштаҳо агар ҳам ҳақиқати талхро бозгӯ мекунанд ва ҳам ҳақиқати ширинро, ҳазорон дарс аст, сабақ аст ва дастуру раҳнамоӣ. Миллате, ки ба таърих рӯй меорад, балки онро пеши рӯ дорад, кӯдаконаш мисли пирон, яъне хирадмандона, меандешанд. Ва, баръакс, агар таърихро аз ёд бибараду дар андешаи омӯзиши он набошад, пиронаш мисли кӯдакон фикр мекунанду дар кору рӯзгор ба саргаштагӣ роҳ ба манзили мақсуд намебаранд.Оре, гӯё дирӯз буд, агарчи аз он даври мудҳишу фалокатбору пур аз фоҷиа бисту шаш сол сипарӣ мегардад.

Бо оғози субҳи истиқлол аз пушти қуллаи кӯҳ сапеда дамид. Пас аз он хуршед бо дурахши тоза ба оҳистагӣ баромад. Бар лабу дилу зеҳнҳо шукр роҳ ёфт, ки ин як субҳи дурӯғин нест, субҳи ростин аст. Чашмаҳову шаршараҳо, сабзаҳои навдамида, чеҳраҳои хандони мӯйсафедону ҷавонон, хандаҳои беғаши тифлон дар он фасли хазон ҳам бо арзи ҳастӣ, ҷилваи покиву зебоӣ зиндагиро мехостанд ширину рангин бинамоянд. Дар ин дам, дар ин ҳол аммо ба нохост садои бод ба гӯш расид. Дар худ он тарс дошт. Гӯё ба он сурат ба ҳеҷ давру замоне навазида буд. Абрҳои сиёҳу тирафом хуршедро иҳота намуданд, ба дом гирифтанд ва баъд пӯшонданд. 
Осиёбҳо низ аз гардиш монданд. Ҳама роҳҳои обҳо ба онҳо баста шуданд. Осиёббонҳо бо тааҷҷубу даҳшат ва тарсу ваҳшатзадагӣ ба осмон, ки нигаристанд, даст ба пеши гиребони худ бурданд.
Гаҳвораҳои холиву рӯкушода бо хомӯшии мармуз аз ҳодисоти нохуш хабар медоданд. Чароғҳо хомӯш мегардиданд, чарху чархаҳо мисли ин буд, ки бо овоз ва ҳузни гарон аз гардиш мемонданд.
Ва имрӯз ҳам агар ба он сӯ чашм боз бикунем, басо рӯшан мебинем ва агар гӯш фаро бидиҳем, ба пуррагӣ ва баланд мешунавем. Манзараҳо ва садоҳо маъмулӣ нестанд. Садоҳои тиранду гиряҳои кӯдакон. Ҳар кас ва ҳар гурӯҳ ба ҳар ҷониб ва ваҳшатзадагӣ ва умеди зиндагӣ фирор мекунад. Пешвое нест, раҳнамое нест. Агарчи бар забон намегӯянд, вуҷудашон ба фарёд дар худ изҳор медоранд: «Пешвоён куҷо рафтанд?! Пешвоён чаро рафтанд?!».
Мӯйсафедон бо такяи асо ба ин манзараҳои мудҳиш менигаранд. Чашмонашон дар ин ҳол бештар мебинанд ва гӯшҳояшон беҳтар мешунаванд. Ба посух баён медоранд: «Магар мо пешво доштем?! Не, надоштем, ки надоштем. Вақт ва ин ҳодисоти нохуш ин ҳақиқатро бори дигар собит сохт. Агар дорем, дар куҷоанд ва пинҳон чароанд?!».
Дастҳо баланд мешаванд, бо дуо ба сӯи Худо, агарчи ӯ дар бесӯист. Аз ӯ пешво, раҳнамое шоистаро мехоҳанд, бо сидқ, ларзаи забону дилу ҳама вуҷуд.

Дарҳои синфхонаҳову мактабхонаҳо баста мешаванд ва дар он қаламрав хомӯшӣ, хомӯшии андўҳбор ҳукм меронад.
Базму тараб ва ҷашнҳои арӯсиву домодӣ шукӯҳи хешро аз даст медиҳанд.

Ин навои саршори ҳузн аст, ки ба гӯш мерасад. Ин гӯрҳои нав гӯрҳои ғарибону шаҳидону кушташудагон аст. Бар асари тир, ташнагиву гуруснагӣ ва расидани марги иҷборӣ бо ҳасрати зиёд дунёро падруд гуфтанд. Бар мо таъкид медоранд, ки  агар пешвову раҳнамое шоиста намехоҳему намеёбем, оташи фурӯзони ҷанг ҳеҷ гоҳ хомӯш намешавад ва маргу нестӣ барои маҳви миллат ва давлат ба зудӣ хоҳанд омад. Дуди сиёҳи ин оташ монеи дидани роҳ ва ояндаи наздику дур мегардад. Худованд хорию зории мардумро мебинад, мешунавад ва дуои аз сидқ намудаи онҳоро мустаҷоб мегардонад. Ба миллат роҳбару раҳнамо мебахшад.

Абрҳо пароканда мешаванд. Офтоб андак-андак  рӯшаниву гармӣ мебахшад. Мо ӯро - Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҳол дар пасманзари оташ, алангаҳо ва сурхиҳои он мебинем, ки мегузарад, бо либоси сафед. Оре, ҳамин гуна ба чашмҳову зеҳнҳо мерасад. Шубҳае ба раҳбариву раҳнамоӣ ва пешвоияш надорем, чун медонем, ки дуоҳо мустаҷоб гардида, он дуоҳое, ки худ ӯ, Офаридгори тавоно, бар дилу забони мо ҷорӣ кард.
Нахустин сухане, ки дар ин ҳангом ба забонаш рафт, ин буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Аз Пешво ҳаминро мехостем. Чун дуо онро пазируфтем ва ба дилу забон омин гуфтем. Бовар доштем, ки ӯ он чиро медонад, мо намедонем ва ӯ он чиро мебинад, мо намебинем. Мо ҷангро медидему кушторро ва оташи фурӯзони онро. 
Мо медидем, ки ҳама аз чанги ноумедӣ раҳо наёфтаем. Мо медидем, ки мардум шабу рӯз дар навбати нонанд ва аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд, балки зиндагӣ низоми худро аз даст додааст. Мо медидем, ки аз гузашта канда будему бар оянда  пайваст шуда наметавонистем. Баъд ӯ, Пешво, Сарвари тозаинтихоби мо изҳор дошт: «То даме ки охирин гурезаро ба Ватан барнамегардонам, худро осуда намеҳисобам».

Ӯ, ҳамчунон ки гуфт, барои мо сулҳ овард. Бештару беҳтар дарёфтем ва ба ҷону дил эҳсос намудем, ки  сулҳ қиматтар аз ҳар чиз ва аз бузургтарин неъматҳо  маҳсуб мешавад. Ӯ охирин гурезаро ба Ватан баргардонд, агарчи шинохтатарин шахсиятҳо, ҳатто афроди соҳибилму соҳибтаҷриба дар он рӯзгор ба ин ҳеҷ бовар намекарданд. Яъне, ӯ дар нахустин рӯзҳои роҳбарияш ба як қисмати дар зоҳир  хурд, аммо дар асл бузурги ваъдааш вафо кард. Оре, агарчи охирин гурезаро ҳам, ки ба Ватан баргардонд, худро осуда наҳисобид  ва ҳеҷ намеҳисобад. Ин миллату давлатро баски бедортар, ободтар, пешрафтатар мехосту мехоҳад бубинад.
Ӯ ба он ҳама мақсуде, ки дошту дорад, расидаасту мерасад.

Бар дилу забон шукр мегӯем, шукри ҳастӣ ва ҳама хидоятҳои бузургу мондагораш. Сулҳ овард ва миллату давлатро аз вартаи нестӣ раҳонд. Баҳои ҳамтои ӯ Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия, боиси ифтихори мо низ ҳаст, ки дар саҳифаи китоби таърихи миллат ва ҷаҳон бо ҳарфҳои зарин навишта шудааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чӣ оиди ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».

Ян Кубиш, Муншии умумии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, ба эътирофи комили  ин сулҳоварӣ  баён дошта буд: «Таҷрибаи тоҷикон дар бобати истиқрори сулҳ ҳамто надорад».

Воқеан, кишварҳои дигар ин таҷрибаи сулҳоварии ӯро омӯхтанд ва мавриди омӯзиши доимӣ қарор доданду медиҳанд.
Худованд бар ӯ ҷасорату матонат, умеду бовар, сабру таҳаммул, ҷавонмардиву дурандешӣ, донишу хирад ва бисёр дигар сифатҳои некро бахшид. Имрӯз, ки боз аз саҳифаи таърих суханони ӯро мехонем, ин ҳақиқат рӯшану возеҳ собит мегардад. Гуфта буд: «Ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат хуб мефаҳмидам, ки дар он давраи барои тақдири Ватан  ва халқи кишвар ниҳоят душвор, чӣ масъулиятеро ба зимма гирифтам».
Дар чунин рӯзгори бениҳоят душвор ҳеҷ як бузургтарин сиёсатмадор бори ин гуна масъулияти вазнину сангинро ҳаргиз ба дӯш намегирифт. Аммо ӯ гирифт, чунки омода буд, ки ҳатто ҳастии худро қурбон бикунаду  миллату давлатро аз маргу нестӣ  наҷот бидиҳад.

Пешвои миллат дар он рӯзгори мураккаб ба иқдомҳои шоистае рӯ меоварду даст мезад, ки  дар тасаввури ҳеҷ кадоме аз мо роҳ намеёфт. Моро фақат боварамон ба ин шахсияти нотакрори таърихи миллат  умед мебахшид, ки ба иҷрои ҳама иқдомҳояш неруву тавоноии зиёд дорад ва фарҷоми неки онҳоро мебинад. Магар осон буд аз сифр, аз хазинаи холӣ  давлатсозӣ? Не, ки не!

14 апрели соли 1997, яъне аз он замон, ки ҳанӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо нарасида буду мардум намедонист оқибати ин кор, ин ҷанг ба чӣ меанҷомад, дар бораи ҷашнгирии 1100 – солагии Давлати Сомониён фармон ба имзо расонд. Ин иқдом ба хотири эҳёи анъанаҳои волои таърихӣ, тарғиби беҳтарин арзишҳои башарии фарҳанги миллӣ ва нақши таърихии суннатҳои давлатдории тоҷикон буд. Ҳамзамон, бунёди маҷмааи Исмоили Сомонӣ дар маркази пойтахти мамлакат рухдоди муҳиму бузурги  сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб мешуд.

Аз пеши назару зеҳну  хотираҳои мо ҳанӯз  дур нашуда, ки бунёди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ба анҷом расид. Роҳи Мурғоб – Кулма, ки аз қисматҳои асосии шоҳроҳи мошингарди  Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Мурғоб – Кулма ва Қароқурум маҳсуб мегардид, мавриди истифода қарор гирифт. Дигар шоҳроҳҳо низ дар кишвар пайи ҳам бунёд меёфтанд. Сохтмону таҷдиди  шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Чанак  агарчи аз орзуҳову армони мардум ба шумор мерафт, ба афсона мемонд. Бовари кас намеомад, ки ин афсона рӯзе ба ҳақиқат табдил меёбад. Таҷдиду сохтмони ин шоҳроҳ бо ҳамаи иншооташ дар даврони аз ҷиҳати иқтисодӣ душвори кишвар  бо дастуру супориш ва ғамхориву дастгириҳои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, оғоз ёфт. Буданд неруҳое ва ҳам фаъолият бурданд, то ин иқдоми наҷиби Сарвари давлат амалӣ нагардад ва ба дӯстии мардуми чиноиву тоҷик латма бизананд. Баъзе аз воситаҳои ахбори омма бо зери шубҳа қарор додани сохтмони он ба осиёби ин бадхоҳони миллат об мерехтанд. Чї қадар рӯзҳои душвор бо шикебоӣ, сабру таҳаммул пушти сар шуданд ва ин шоҳроҳи ҷавобгӯи  талаботи байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ба эътирофи ҳамаи роҳсозон бунёди ин шоҳроҳи азими давр диду фаҳмиш ва назарияи онҳоро дар мавриди сохтмону  таҷдиди роҳ дигар кард. Он ҳамзамон ба мактаби бузурги омӯзиш  ва андӯхтани таҷриба  табдил ёфт. «Бо бунёди шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳои замонавӣ мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бозорҳои наздисарҳадиро васеъ ба роҳ монда, бо ин роҳ низ афзудани иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем», - изҳор дошта буд Пешвои миллат.

Ли Ган, роҳбари намояндагии ширкати чиноӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо, пас аз анҷоми бунёди ин шоҳроҳ барҳақ иброз дошт: «Ба нақша даровардани сохтмону  таҷдиди шоҳроҳ  дар он даврон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои он саривақтӣ буд. Ин гувоҳ аз он медиҳад, ки  сиёсати бунёдкорона ва созандагии кишвар дуруст ба роҳ монда шудааст. Агар бунёди шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Чанак имрӯз сурат мегирифт, ҳароина вобаста ба болоравии  нархи маҳсулот ва иҷрои корҳои сохтмонӣ дар дунё арзиши он се баробар қиматтар меафтод. Ба ҷуз ин, агар бунёди шоҳроҳ  соли 2006 оғоз  намеёфт, то ба имрӯз роҳ ва пулҳо  тамоман хароб мегардиданд ва дар ин сурат пеш бурдани корҳои сохтмонӣ  басо мушкил мегардид. Бори дигар замон собит сохт, ки  мақсад ва ташаббусу ғамхории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле хуб ва бамаврид буд ва, албатта, ин ҳама шоистаи сипосгузорӣ ва қадрдонӣ аст».
Воқеан, имрӯз ҳар нафаре, ки аз ин роҳҳову шоҳроҳҳои азими кишвар мегузарад, бо ёдоварии рӯзгори пешин, роҳҳову шоҳроҳҳои харобу валангор ҳатман сипосгузорӣ мекунад, сипосгузорӣ ба Пешвои миллат. Ҳамзамон, бори дигар бовар ҳосил менамояд, ки барои боло рафтани сатҳи зиндагии мо ва ҳаёти осоиштаамон пайваста меандешаду тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.

Роҳ, чунон ки мегӯянд, оинаи кишвар аст. Пешрафти кишварро нахуст аз роҳаш муайян мекунанд. Ва ҳам чӣ гуна муносибату муҳаббат доштани мардумро ба сарзамини аҷдодияшон аз муносибату муҳаббаташон ба роҳҳои он дармеёбанд. Шукр,  ин оина соф, поку пурҷило аст. Аз қавли худи Пешвои муаззами миллат аст, ки мегӯяд: «Шукр, мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил  ба фардои дурахшони Ватани азизамон қадам мезанад». Ин ҳама роҳҳову шоҳроҳҳо  пайвандгари марзҳо ва дилҳо шуданд. Дар кишваре, ки ҷангзада ва хазинааш холӣ буд, бо сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат беш аз 2000 км роҳ, 240 пул, 30 км нақбҳои мошингузар, 190 км роҳи оҳан бунёд ёфту мавриди истифода қарор гирифт, ки маблағи онҳо зиёда аз 11,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар шароити душвори иқтисодии кишвар,  ҳатто, ба зеҳну тасаввур ҳам роҳ намеёфт, ки  мо рӯзе соҳиби неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда – 1, Сангтӯда – 2 ва чандин неругоҳҳои хурди барқи обӣ шуда, ба бунёди неругоҳи азими  Роғун оғоз мебахшем. Ва ҳам сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли қувваи барқи 500-киловаттаи «Шимол – Ҷануб» ва 220-киловаттаи «Лолазор – Хатлон» шурӯъ меёбаду ба анҷом мерасад.
Хонаҳо нури дигар гирифтанд, гармии тозаву ҳаловатбахш пайдо намуданд.

Тоҷикистон бо сарварии ӯ тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии  ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф шуд. Ташаббуси нав дар ин маврид, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» расман оғоз ёфт. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ин даҳсола баргузор гардид, ки мавқеи кишвари моро дар ҷаҳон ба сатҳи болотар бурд.

Дигар Тоҷикистон барои рушд имкониятҳои фаровон дорад. Ба хотири иҷрои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 тадбирҳои зарурӣ  роҳандозӣ мегарданд.

Тоҷикистон дигар кишварест озоду обод, маҳбубу маъруф. Таъкидҳову раҳнамоиҳои Пешвои миллат ҳар нафареро, ки ин Ватан барояш азиз асту сарзамини аҷдодияшро дӯст медорад, басо хушоянду гуворост. Ҳамзамон, масъулиятро меафзояду водораш месозад, ки дар пешрафту рушдаш бо эҳсоси баланди шаҳрвандӣ саҳми назаррас бигирад.

«Мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати  истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем»,- бо раҳнамоӣ таъкид менамояд Сарвари давлат. Барои амалӣ шудани ин мақсуд ҳамаи заминаҳои мусоидро фароҳам меоварад. Дастовардҳо дар ин маврид башоратбахшанду фараҳафзо. Аз ҷумла, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2017 ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли рафта 12 дарсад ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 дарсад зиёд шуд.

Пешниҳоди ӯ, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад, ба маврид ва саривақтӣ буд. Мақсудро ҳам дар ин сурат  равшану возеҳ фаҳмонд. Яъне, соҳаи сайёҳӣ бояд тараққӣ  дода шавад. Инчунин, имкониятҳои сайёҳии мамлакат  ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ниёз ба муаррифии шоиста дорад. Ва ҳам ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ. Дастовардҳои бузургро дигар наметавон чун солҳои пешин бо ангушт шумурд. Дар ҳама соҳаҳои муҳим зиёданду чашмрас.
Илму маориф, ки дар сиёсати давлатии Пешвои миллат  афзалиятнок ба шумор меравад, рушди тоза касб кард. Бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ дорои ҳамаи имкониятҳои таълимист, ки ҳар кадоми моро ба ояндаи дурахшонтаре умедвор месозад.

Соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи нишондодҳои дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб гардид.

«Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва, гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад», - таъкид менамояд Пешвои миллат. Фарҳанг ва забони давлатӣ чун ҳастии миллат ва шинохти ҳувияти миллӣ шинохта шуд. Забони давлатӣ мақоми шоистаи худро ба даст овард. Яъне, дигар тамоми умури коргузорӣ дар мамлакат ба забони миллӣ сурат гирифту мегирад.

Бунёди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва дар оянда Театри миллӣ, қасрҳои фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳо, ки пештар назирашон набуд, гувоҳ аз таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат ба соҳаи фарҳанг маҳсуб  мешавад. 
Ҳамасола бузургдошту таҷлили  солгарди шахсиятҳои маъруфи сиёсиву фарҳангӣ ва шаҳру ноҳияҳо ба ин хотир ва боло бурдани ифтихори миллӣ мебошад. Қабул ва иҷрову  татбиқи муҳимтарин қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ дар кишвар, хоса қонунҳои миллӣ, ба хотири амният, осоиштагӣ, боло бурдани сатҳи маърифат ва зиндагии мост. Пешвои миллати мо дигар шахсияти маъруфу маҳбуби сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Ин, дар навбати худ, эътирофи миллат ва маҳбубияти он ба шумор меравад.
Ӯ бо камоли хирад, хоксории ба худ хос ва ҷавонмардии комиле, ки дорад, ин ҳама дастовардҳоро аз оғози роҳбарӣ то ба имрӯз ҳаргиз ба худ нисбат надодаасту намедиҳад. Оре, агарчи ҳама медонад, ки ӯ барҳақ наҷотбахши давлату миллат, эҳёгару нигоҳдорандаи истиқлол, ободгари кишвари аҷдодӣ аст. Аз ин рӯ, чун Пешвову раҳнамо эътирофаш карданду мекунанд ва дӯсташ доштанду медоранд. Медонанд ва бовар доранд, ки дигар офтоби бахти ин миллат бо ӯ ҳамеша дурахшон мемонаду аз зиёву гармияш  ҳамагон баҳравар мешаванд. 

Бознашр аз "Ҷумҳурият"

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:00
Пешин13:00
Аср15:07
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар