Асосӣ Мақолаҳо НЕЪМАТИ АМОНӢ ВА САЛОМАТӢ

НЕЪМАТИ АМОНӢ ВА САЛОМАТӢ

НЕЪМАТИ АМОНӢ ВА САЛОМАТӢ
2018-12-06
59

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Дини мубини Ислом дини сулҳу оромиши инсонҳо ва дини афкори раъиятпарварона аст. Дар ислом вожаи сулҳ ва осудагӣ истилоҳи калидӣ ба шумор меравад. Ин вожа, яъне сулҳ, на танҳо ба маънои оромиву осудагӣ, балки ба маънои ба мувофиқат расонидани нофаҳмиҳои байни ду нафар ва ё тарафҳо низ ҳаст. Ба чанде мисолҳо аз ояҳои қуръонӣ назар мекунем. Дар қуръони карим омадааст: «Ва агар ду гурўҳ аз муъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон оштӣ афканед” (сураи ҳуҷурот, ояти 49). Пайѓамбари ислом низ гуфтааст, ки суханоне, ки боиси ислоҳи муносибати байни одамон мешаванд ва миёни онҳо оштӣ меандозанд, дурўѓ ҳисобида намешаванд (Манбаъ: Саҳеҳи Бухорӣ). Мисоли дигаре аз рўзгори Пайѓамбари ислом: ҳангоми фатҳи Макка мушрикон қатли ом шуданро интизор буданд, вале Пайѓамбар (с) рехтани хуни касеро нахоста, боварии душманони хуниашро ҳифз карда, онҳоро озод гузоштааст. Мусулмонон пайравони дигар динҳоро дар ҳар давру замон муҳофизат карда, пеши роҳи боварӣ ва эътиқодоти онҳоро нагирифта, онҳоро озод гузоштаанд.

Бар мо лозим аст, ки мардумро ба сулҳу амонӣ даъват кунем ва бифаҳмонем, ки Ислом аз террору зўроварӣ безор аст. ҳар гоҳе ки инро бидонанд, силоҳҳо ба гулҳо табдил мешаванд ва дар байни ҳамагон дўстӣ ва муҳаббат пайдо мешавад, бо вуҷуди он ки дину оинашон дигаргун бошад.

Ислом як қонуни илоҳист ва ҳаргиз дида нашудааст, ки бо тамаддуне бархўрд карда бошад, валекин таассуби кўркўрона ва ноогоҳӣ аз ҳақиқати Ислом – афсўс, ки – сурати мусулмононро таѓйир додааст. Вақте ки мусулмонон дар Макка бо мушрикон буданд, ҳамеша мехостанд, ки зиндагонии сулҳомез дошта бошанд. Вақте ки ба Мадина рафтанд, ин ҷамъият васеътар гардид. Мусулмонон ҳамроҳи яҳудиҳо, насрониҳо ва ѓайримусулмонон якҷоя зиндагӣ мекарданд. Худованд дар сураи Мумтаҳина, ояти 8 мефармояд: «Худованд шуморо бознамедорад аз касоне, ки ҳамроҳи шумо дар дин наҷангидан ва шуморо аз диёратон берун накардаанд, ин ки бо онҳо накўӣ кунед».

        Моро зарур ва ҳатмӣ аст, ки ҳамеша бо ҳамдигар, хусусан бар ҷавонон неъмати оромӣ ва осудаҳолиро бифаҳмонем. Одатан инсон ҳангоме ки дар оғуши неъмат бошад, қадри онро намедонад, он гоҳ ки неъмат аз ӯ дур шавад, пас дарк мекунад, ки неъмати оромӣ чӣ будааст.

             

      Дар Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с) низ ин масоил возеҳ ва равшан баён шудааст. Худованд дар Қуръон аз забони ҳазрати Иброҳим (а) чунин мефармояд:

 "Эй Парвардигори ман, ин маконро шаҳри боамн бисоз ва аз сокинонаш касеро, ки ба Худо ва рӯзи бозпасин имон оварад, аз меваҳо рӯзӣ деҳ!"  (сураи Бақара ояти 126).

     Дар ин оят ҳам масъалаи амният ва ҳам масъалаи иқтисод мадди назар қарор гирифтааст.

      Боз дар ояти дигар низ омадааст: "Пас бояд Парвардигори ин Хонаро ибодат кунанд. Он (Худое) ки нҳоро дар гуруснагӣ таом дод ва аз тарс эминӣ бахшид" (сураи Қурайш ояҳои 3-4).   Дар ин оят низ масъалаи иқтисод ва амният ифода ёфтааст.

     Худованд мисол мезанад шаҳри Маккаро, ки мардумаш дар оромиву итминон қарор доштанд ва рӯзиашон бемашаққат барояшон дастрас мегардид. Чун куфрони ин ду неъмат карданд, Худованд барояшон хавфу гуруснагӣ овард. Дар ин маврид Худованд дар сураи Наҳл мефармояд:  “Ва Худо масали деҳаро баён кард, ки эмину орамида буд, рӯзии он ба кушодагӣ аз ҳар ҷое ба ӯ меомадпас бар неъматҳои Худо носипосӣ кард. Пас Худо ба сабаби он чи мекарданд, гуруснагию тарси фарогирро ба онҳо чашонид”(сураи Наҳл ояти 112).

     Дар ҷойи дигар Худованд неъмати оромиро болои Маккагиён миннат мегузорад:

      “Оё надидаанд, ки Мо Ҳарами боамн пайдо кардем ва (ҳол он ки) мардум гирдогирдашон рабуда мешаванд”(сураи Анкабут, ояти 67).

     Акнун ба аҳодиси Паёмбар (с) назар меафканем, то дар ин маврид чи гуфтаҳо пайдо хоҳем кард.

      Имоми Бухорӣ (р) ривоят мекунад, ки расули Худо (с) фармудаанд:

       "Кадом нафаре аз шумо субҳ аз хоб хезад, ҳоло он ки дар ҳолати амну оромӣ қарор дорад ва ҳеҷ хавфу хатар ӯро таҳдид намекунад ва сиҳату саломат мебошад, беморие дар худ намебинад, дар назди ӯ рӯзии якрӯза мебошад, пас мисли ин аст, ки тамоми дунё бо хушиҳояш ба суроғи ӯ омада бошад" (Сунани Тирмизӣ, Бухорӣ: дар китоби “Адабулмуфрад”).

         Маълум аст, ки агар оромӣ ва тани сиҳат набошад, тамоми шириниҳои дунё ба коми инсон талх хоҳад буд ва инсон розӣ мешавад, ки ҳамаи дунёро диҳад ва ин ду неъматро ба даст орад.

      Дар ҳадиси дигар омадааст: " Ду неъмати бузург аст, ки аксари мардум аз он ду  неъмат ғофиланд, яке оромӣ дигаре тани сиҳат" (Бухорӣ).

Пайѓамбар (с) мефармоянд: «Саломро дар байнатон фош гўед». Парвардигорамон ба ҷавоби салом амр мефармояд. Худованд мегўяд: «ҳар гоҳе ки ба шумо таҳия гуфта шавад, пас шумо аз он салом беҳтарашро гўед». (Сураи Нисо, ояти 86) Пайѓамбарамон ба мо адаб омўхта мефармояд, ки дар ҳолати ҷанҷоли байни якдигарӣ ба салом гуфтан шитоб кунед. Салом калимаест, ки башарият ба он сахт эҳтиёҷ дорад. Дар ҳама гўшаву канори олам ҷангҳо, таркишҳо ва харобиҳо ба вуқуъ меоянд, ки шайтонҳои инсӣ ин оташро меафрўзанд. Худо паноҳ диҳад. Аз аввалин рўзҳо Ислом ба сулҳу саломатӣ даъват мекунад. Худованд мегўяд: «Эй мардум, ҳамагӣ сулҳ бандед ва пайрави шайтон набошед». (Сураи Бақара, 208).

Пас Ислом саросар саломатӣ асту сулҳ, имон асту раҳмат барои касе, ки мақсадҳои Исломро мефаҳмад ва дили худро барои мардум боз мекунад, чунки ҳама бародаранду инсон. Аз ин хотир мо шукронаи онро намоем, ки мову шумо дар ватани амну субот зиндагӣ дорем, дар ҳоле ки дар кишвари ҳамсояамон Афғонистон мардумро ғорат мекунанду мекўшанд, имрӯз мардуми Афғонистон молу сарват, қасру ишрат намехоҳанд, балки танҳо орзўяшон як чиз аст, оромӣ. Дигар аз қатлу ғорат, таркишу хунрезӣ дилгир шудаанд. Пас мо бояд аз ҳоли онҳо ибрат гирифта, баҳри амнияту сулҳу ваҳдати кишвари азизамон содиқона хидмат намуда, дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, саҳми арзандаи хешро баҳри пешрафти ҷомеа гузорем.

 

Ҳомидов  Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:00
Пешин13:00
Аср15:07
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар