Асосӣ Мақолаҳо Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад…

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад…

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад…
2019-01-04
528

Агар ақида ва ҳадафҳои ниҳонӣ ва асосии тамоми ҳизбу равия ва ташкилотҳои ифротиро дар тарозуи ақли инсонӣ ва дастуроти шариат баркашем, возеҳу равшан дармеёбем, ки онҳо ба тамоми намуди давлатдорӣ ва шакли он зид ҳастанд ва ягон намуди онро қабул надоранд. Магар он давлатдорие, ки худи онҳо дар шуури худ доранд, ки он ҳам бошад сиёсату давлатдорие аст аз номи Ислом ба муқобили Ислому мусалмонон равона шуда ва дар ниқоби исломӣ ба ҳадафҳои худ расидан ва дар ин асос дунёву моли дунё ҷамъ овардан аст, Мо ҳамаи ин амалҳои зикршударо дар фаъолияти тамоми ҳизбу равияҳои ба ном исломӣ дида истодаем, ки чӣ тавр бо овардани далелҳои шаръӣ мардумро ба сӯи худ мекашанд ва даст ба куштору ғорат ва дигар амалҳои ҳарому мамнуъ мезананд ва ин амали худроҳақ мешуморанд. Далелҳое меоранд, ки ҷавонони аз асли далелу воқеа ноогаҳ аз қафои он мубаллиғон мераванд ва як қадам пас ба ботлоқзори ақидаи ботили ин гурўҳҳо фурӯ мераванд, ки аз он баромадан хеле вазнин асту душвор ва саранҷоми он пушаймонист.

Ҳар як миллату давлат роҳи пешрафту тараққиёт ва давлатдориро худ интихоб мекунад, ки он дар интихоботу райъпурсии умумихалқӣ аст ва он аз Қуръон асос ёфта, чунончи Ӯ таъоло мефармояд: ”Ва бо онон дар корҳо машварат кун”. (Сураи «Оли Имрон», ҷузъе аз ояти 159).  Пайғамбари Худо (с) дар умури давлатдорӣ ва инчунин дар ғазваи Бадр, ғазваи Хандақ, ғазваи Ҳудайбия ва дар дигар муҳорибаҳо бо асҳобашон машварат мекарданд. Имом Тирмизӣ (р) аз Абўҳурайра (р) ривоят мекунанд: ”Ҳеҷ касс бештар аз Расули Худо машварат намекард”. Пас, дар интихоботу райъпурсии умумухалқӣҳар киро, ҳар чиро ва ҳар роҳу равишеро, ки халқ ба он овози худро медиҳад ва аз он ҷонибдорӣ мекунад, он мувофиқи Қуръон ва суннати Пайғамбари гиромиқадр аст ва зиддият бар он ва инчунин интихоб ва напазируфтани раъйи мардум амали хато ва норавое аст, ки муқобили  Қуръон равона шуда аст. Дар ин асос ба далелҳои қуръонӣ менигарем, ки Худованди меҳрубон барои бандагонаш сураеро бо номи “Шўро”, нозил карда ва ин сура ба сабаби ин ки муъминон дар умури худ бо ҳам машварат мекунанд, “Шўро” номида шудааст. Худованди азизу ҳаким мефармояд: ”Корашон бо якдигар аз сари машварат аст”. (Сураи “Шуро”, ҷузъе аз ояти 38)  ва инчунин дар суханони Пайғамбари гиромиқадр (с) омадааст: “Ва коратон дар миёнатон ба шўро ва машварат бошад, руйи замин барои шумо аз зери он беҳтар аст”. (Тирмизӣ).

Ҳидоятов Нурулло

ходими дини ш. Конибодом

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:15
Пешин13:00
Аср17:59
Шом20:00
Хуфтан21:30
Суханронии Президент
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар