Асосӣ Мақолаҳо Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр…

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр…

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр…
2019-01-24
2081

Мардуми мо ҳанӯз дар солҳои 90 - уми қарни гузашта чӣ ва кӣ будани дасисаю дасисабозон, миёнаравҳои хориҷию ҷаҳди ифротгароёнро бо чашми худ дида, шоҳиди низову даргириҳо дар кишвар буд. Шукри беҳад, ки ақлу хиради волои мардуми мо ғолиб омада, бо ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат сулҳу ваҳдати миллӣ дар сарзаминамон тадриҷан  барқарор гардид ва минбаъд кишварамон дар тамоми соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил шуд. 

Мутаассифона, имрӯз баъзе ҷавонони камхираду аз донишу фарҳанг дурмонда ба доми ифротиён афтода ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарою моҷароҷӯ шомил гардида, ҷони худу ҳазорони дигарро зери хатар мегузоранд. 
Террористону экстремистон ҷавонони содаву сустиродаро ба майдони набарди ноҳақ раҳнамун сохта, худ дар сари дастархони пурнозу неъмат нишаста, аз содагии онҳо лаззат мебаранд. Ин гуна ҷавонони манқуртшуда фирефтаи ваъдаҳои осмонбӯси онҳо гардида, ба ватану модари худ хиёнат мекунанд ва даст ба куштору ғорат мезананд. Оё онҳо боре андешидаанд, ки ноҳақ куштани инсон яке аз гуноҳҳои кабира маҳсуб меёбад. Аллоҳ таъоло дар сураи Нисо ояти 93 мефармояд: «Ва ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст». 
Вақтҳои охир тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, баъзе минтақаҳои Осиё, Африқои Шимолӣ ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризму экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя - Афғонистон вазъиятро боз ҳам тезутунду мураккабтар гардонда истодааст.
Террористону экстремистон аксаран зери даъвату шиорҳои диниву мазҳабӣ панаҳ бурда, худро ҳомиёни дину шариат эълон намуда, исломро ҳамчун воситаи расидан ба ҳокимият медонанд. Ҳол он ки дини мубини ислом аз терроризму экстремизм фарсахҳо дур буда, ба он ҳеҷ иртиботе надошту надорад. Пайомадҳои чунин вазъи ногуворро дар мисоли Сурия, Ироқ, Судон, Филиппин, Тунис ва Лубнону Афғонистон дидан мумкин аст.
Террористон ба олам даҳшат андохта, тавассути нафарони камхираду аз тарбия дурмонда мехоҳанд амалҳои зишту ноҷавонмардонаи худро амалӣ намоянд, вале дур нест, ки тири онҳо хок хӯрад. Зеро кулли мардуми сайёра мақсади нопоки онҳоро маҳкум менамоянд. Миробид Сайидои Насафӣ дар ин росто мефармояд:
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Ба ҷавонони саодатманди мо зарур аст, ки пайи шукуфоию осудагии Ватани азизу маҳбуби худ бошанд. Ҷаҳд бар он намоем, ки сулҳу ваҳдат, ободонию созандагиро дар сиришти ҳар фарди кишвар бедор намуда, мамлакати тозаистиқлоли худро ба ҷаҳониён тавассути ақлу хиради воло, дониши пешрафта муаррифӣ карда тавонем. Ин аст, қарзи фарзандии ҳар як инсони худшиносу худогоҳ, бахусус ҷавонони баору номуси Тоҷикистони азизи мо.
Бобохон ҶӮРАЕВ,
устоди ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар