Асосӣ Мақолаҳо Ҳунари бостон дар кӯҳистон

Ҳунари бостон дар кӯҳистон

Ҳунари бостон дар кӯҳистон
2019-03-29
2010

Пешниҳоди Пешвои миллат ҷиҳати боз ҳам равнақи инфрасохтори деҳоту рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле бамаврид аст, зеро аксари аҳолии мамлакат дар деҳот ба сар бурда, таъмини зиндагии шоистаи мардум бе инкишоф додани инфрасохтори деҳот имконнопазир менамояд. Аз ҷониби дигар, иқдоми Президенти кишвар бисёр дурандешона ва саривақтӣ аст, зеро тибқи мушоҳидаҳо, то чанд сол пеш ҳунарҳои мардумӣ, ки як ҷузъи фарҳанги тоҷикон ба ҳисоб мераванд, дар ҳоли азбайнравӣ қарор доштанд. 
Сокинони деҳаи Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ки дурдасттарин мавзеи ноҳияи мазкур ба ҳисоб мераванд, бо истиқболи гарм аз Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар таҳкими корҳои ободонӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал саҳмгузоранд. Зидеҳ, инчунин, барои инкишофи сайёҳӣ бисёр мувофиқу тамошобоб аст. Оби зулолу дармонбахши чашмаҳо, кӯҳу пуштаҳои диданӣ, табиати биҳиштосо, фарҳангу русуми хоси мардуми бумӣ ҳамаи меҳмононро мафтун кардааст. 
Мардуми Зидеҳ аксаран ба чорводорию зироаткорӣ машғул мебошанд. Занону бонувонаш ба воситаи ҳунарҳои дастӣ, аз қабили ҷӯроббофӣ, гулдӯзӣ, шероздӯзӣ саҳми хешро дар таъмини иҷтимоии оилаи хеш мегузоранд. 
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб омӯзгорону хонандагон аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар муассиса маҳфили хосе таъсис дода шуд. Духтарони синфҳои 10 ва 11 ба ин маҳфил ҷалб шуда, ҳунари зардӯзӣ ва дӯхтани нақшу нигорҳои миллии қадимаро дар матоъҳои гуногун меомӯзанд. Ба духтарон ҳунари зардӯзиро омӯзгорони таҷрибадор Нигина Рустамова, Меҳринигор Шарифова  ва Зайнаб Саидова ёд медиҳанд. Тасвирҳои болои матоъҳоро омӯзгорон – Зафар Рустамов ва Нигина Рустамова меофаранд. Ин тадбир бо ибтикори маъмурияти муассиса пеш гирифта шуда, барои таъмини маводи зарурӣ соҳибкорони маҳаллӣ  кумак менамоянд. Мақсад ин аст, ки бояд ҳар як ҷавони деҳот дар баробари таҳсили хуб, инчунин, соҳиби ҳунар бошад, то дар рӯзгори минбаъдааш ба кор ояд ва дар таъмини зиндагии худу аҳли хонаводааш мусоидат кунад. 


Фарзод ПАҲЛАВОНОВ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар