Асосӣ Мақолаҳо ИНСОФ - МАҲАКИ ЗИНДАГӢ БОЯД БОШАД

ИНСОФ - МАҲАКИ ЗИНДАГӢ БОЯД БОШАД

ИНСОФ - МАҲАКИ ЗИНДАГӢ БОЯД БОШАД
2019-03-29
2639

Воқеаҳое, ки дар ҷомеа рух медиҳанд, инсонро ба натиҷаҳои илмиву ҳаётӣ мебарад ва аз рӯи ақлу заковат хулосаҳои дурусти худро ҳосил мекунад. Гоҳо аз дурӯягиву номардӣ ва фитнагариҳои ашхоси алоҳида ба ҳайрат меафтаду як бори дигар ангушти ҳайрат мегазад.

Қазияи рухдода бо Шарофиддин Гадоев ин гуфтаҳоро тасдиқ менамояд. Инсоне, ки ба Ватан баргашт ва тавбаву тазарруъ намуд ва мавриди афви миллату давлат қарор гирифт, боз роҳеро барои худ интихоб  кард, ки он баёнгари беинсофиву бевиҷдонӣ ва бедиёнативу беимонии ӯро ифода мекунад. Наход баъди ин қадар дуриҳо аз Ватан ва расидан ба дидори модари азизу дӯстон дар дили Шарофиддин Гадоев заррае муҳаббати инсонӣ бедор нашуд? Наход ӯ аз кардаҳои худ, туҳмату буҳтон ва дасисаву номардиҳои худ пушаймон нагардид? Наход муҳаббати хоҷаҳои бегона аз муҳаббати модар боло меистад? Наход ҳавои Ватан, хонадон, фазои ороми кишвар ба вуҷуди ӯ таъсир накард? Ин ҳама суолҳоеанд, ки ҳар як инсон баъди бозгашти Гадоев ба Аврупо ва садо баланд кардани ӯ хоҳад дод.  Бешак, ҳар як сокини бедордили диёр ба ин амали ношоистаи ӯ баҳои худро дод. Ба ин гуна инсонҳои беватан ва бе меҳри ватандорӣ гуфтаниам, ки дар зиндагӣ ва сиёсат инсоф маҳаки асосӣ бояд бошад. Вагарна чун имрӯз рӯсиёҳу бадном хоҳед буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон додаи ин дасисаҳо намешаванд ва дар ободии диёр дучанд заҳмат хоҳанд кашид. Зеро мо дар роҳи рост қарор дорем ва он моро ба манзили мурод мерасонад.


Ҳусайн МӮСОЗОДА, сархатиби вилояти Суғд

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар