Асосӣ Мақолаҳо Дар тарбияи фарзанд масъулем

Дар тарбияи фарзанд масъулем

Дар тарбияи фарзанд масъулем
2019-04-18
2543

Агар ба таърихи фарҳангу адаби миллат бо дидаи таҳқиқ назар афканем, дармеёбем, ки ниёкон ба таълим ва тарбияи инсон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд. Дар асрҳои миёна тарбияи инсон ва такомули ғановати маънавии он ба ҷойи аввал баромад. Ин аст, ки «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон» -и Ҷомӣ  саросар ба насиҳати фарзанд бахшида шуда, як қисмати муҳими таъмини тарбияи ахлоқиро фаро гирифтаанд.

Бо дарназардошти муҳим будани тарбия халқи кишвар дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор эълон намудааст. Моддаи 34 Конститутсия падару модарро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар уҳдадор мекунад ва муқаррароти он барои санадҳои  меъёрии ҳуқуқие, ки таълиму тарбияи фарзандонро танзим мекунад, сарчашмаи асосӣ ба шумор меравад.

Тарбияи фарзанд ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Тибқи талаботи моддаи 18 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак давлатҳои аъзо саъю кӯшишро ба он равона месозанд, ки принсипҳои умумиро  эътироф карда, масъулияти баробари волидайнро барои тарбия ва инкишофи кӯдак таъмин намоянд.

Бинобар ин, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила яке аз принсипҳои танзими муносибатҳои оилавӣ ба шумор меравад, ки он дар моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст.

Моддаи 63 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи афзалияти падару модарро дар тарбияи фарзандон нисбат ба ҳама шахс кафолат медиҳад ва ба зиммаи онҳо уҳдадории тарбия ва рушду камоли фарзандонро вогузор мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, тарбия намудани фарзанд, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро қабул намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қонуни зикршуда таъкид намуданд, он «қонунест, ки аз бисёр ҷиҳат хусусияти миллӣ дошта, ба имрӯзу оянда нигаронида шудааст».

Қонуни мазкур масъулияти падару модар ва шахсонеро, ки дар таълиму тарбияи фарзанд онҳоро иваз мекунанд, танзим менамояд ва шароити моддию молиявӣ, маънавӣ ва равониро барои таълиму тарбияи дурусти фарзанд фароҳам меорад.

Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» доираи муайяни субъектонеро низ муқаррар мекунад, ки дар дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия вазифадоранд.

Олуфтабону Аскарзода

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар