Асосӣ Мақолаҳо Аз дастовардҳо дар соҳаи дин то масъулият дар роҳи ҳифзи суботи ҷомеа

Аз дастовардҳо дар соҳаи дин то масъулият дар роҳи ҳифзи суботи ҷомеа

Аз дастовардҳо дар соҳаи дин то масъулият дар роҳи ҳифзи суботи ҷомеа
2019-04-18
1978

Ҷаҳонишавӣ бо суръати хеле тезу тундаш оламро фаро мегирад ва дар ин раванд бурду бохти ҳар як давлату миллат аз заҳмату талоши фарзандону ҷоннисоронаш алоқамандӣ дорад. Барои миллати тоҷик соҳиби истиқлолияту сарвари хирадманд гардидан  ноёбтарин неъмат буд. Ҳар як неъмате, ки насиб мегардад, албата бе заҳмату бе ранҷ ба даст намеояд. Истиқлолияти Тоҷикистон низ бо заҳмату ҷонфидоиҳои як зумра аз абармардони миллат ба даст омадаву ҳамакнун пешорӯи мо масъулияти ҳифзу нигаҳдошти он дучанд ба назар мерасад. Ҷои шукру ифтихори аст, ки имрӯз Тоҷикистон бо ҳудуди 200 кишвари олам ҳамкориҳои судманд дорад. Дар 27 соли соҳибистиқлолии худ кишвари мо ба як зумра дастовардҳое ноил гардид, ки онро дар тӯли садсолаҳо падару бобоёнамон орзу мекарданд. Махсусан, дастовардҳои кишвари азизи мо дар соҳаи дин қобили мулоҳиза аст. Кишвар мо сиёсати таҳаммулгарона дар солҳаи динро ба роҳ монда, ҳамкориҳои ташкилотҳои динӣ бо давлатро василаи таҳкими суботу амният дар ҷомеа медонад. Тавре ки Пешвои миллат  таъкид намуда буданд: «… ҳеҷ кас ҳаққи ба масъаллаи муносибати дину давлат яктарафа баҳо доданро надорад».

Дар Конститутсияи Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ҳуқуқ ва озодиҳои динии шаҳрвандон кафолат дода шудааст. Санадҳои қабулгардида дар соҳаи дин барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва арҷгузори ба эътиқоди шаҳрвандони кишвар мусоидат намуд.

Мувофиқи ҳисобҳои оморӣ дар  72 соли замони шуравӣ агар дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 масҷид мавҷуд бошад, имрӯз тақрибан 4000 масҷид 74 иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ, як донишкадаи исломӣ озодона дар кишвар фаъолият менамоянд. Ҳар як фарди масъулиятшиноси кишварро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари давлат дар шароити кунунии вазъи ҷаҳонӣ ҳамеша хушёру зирак бошад, нагузорад, ки ба вазъи сиёсӣ ва низоми сулҳу ваҳдати Тоҷикистони биҳиштосо халал ворид гардад.  

Нигинамо Ризоева,

сармутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар