Асосӣ Мақолаҳо Давлат ба арзишҳои миллию динӣ арҷ мегузорад

Давлат ба арзишҳои миллию динӣ арҷ мегузорад

Давлат ба арзишҳои миллию динӣ арҷ мегузорад
2019-04-18
2199

Расо як сол пеш, 4 апрели соли 2018 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул гардид.

Зарурияти қабули ин консепсия аз чӣ иборат аст, муносибати давлат ба дин бояд чӣ гуна сурат бигирад ва оё иттиҳодияҳои динӣ ба корҳои давлат метавонанд дахолат кунанд?

Ба ин саволҳо мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ ВАЛИЗОДА  дар мақолаи худ, ки ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намудааст, посух мегӯяд. 

Қабл аз ҳама бояд тазаккур дод, ки зарурати қабули Консепсия аз талабот ва омилҳои зерин бармеояд, ки дар худи ин санад низ номбар шудаанд:

— усул ва меъёрҳои муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гаштааст, вале дар рафти татбиқи амалии онҳо баъзе душвориву норавшаниҳои назариву амалӣ ҳанўз ҳам вуҷуд доранд. Ин вазъият, хусусан ба масъалаҳои таъмини фаҳмишу иҷрои якхелаи мафҳумҳо ва меъёрҳои муқарраршуда дар ин соҳа ҷой дошта,  боиси пеш омадани баъзе душвориҳо дар муносибати байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ ва шаҳрвандон мегардад;

— солҳои охир ба фазои динии кишвар ворид гаштани ғояву ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои исломии барои муҳити динии Тоҷикистон нораво, ки моҳияти сиёсии таблиғотӣ доранд, сабаби дар ҷомеа ривоҷ ёфтани дидгоҳҳои ифротию тундравона гаштааст, ки аз ин вазъият бахши муайяне аз аҳли илму фарҳанг ва дар маҷмўъ аҳли ҷомеа изҳори ташвиш ва нигаронӣ менамоянд. Густариши фаъолияти ин ҷараёну равияҳои навпайдо, ки арзишҳои аслии мазҳабӣ ва анъанавии мардуми Тоҷикистонро зери шубҳа ва хатар мегузорад, боиси пеш омадани таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботу оромиши ҷомеа мегарданд;

— дар ду даҳсолаи охир фаъолияти таблиғотии (миссионерии) равияҳои гуногуни хориҷии ғайриисломӣ дар фазои динии Тоҷикистон густариш ёфта истодааст. Бо вуҷуди аз сўи давлати Тоҷикистон таҳаммул гардидани фаъолияти озоди ҳамаи ин равияҳои навпайдо ва барои муҳити динии Тоҷикистон нораво, бахше аз онҳо аз мушкилоти муваққатии иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мардум сўиистифода намуда, бо пеш гирифтани фаъолияти таблиғотӣ (миссионерӣ) дар байни аҳолӣ сабабгори ба вуҷуд омадани заминаҳои хусумату низоъҳои динию мазҳабӣ мешаванд;

— воридшавии бенизоми адабиёти динию мазҳабӣ ва маводи электронӣ, видеоӣ ва шунавоии дорои хусусияти таблиғотӣ, ки дар солҳои охир аз ҷониби намояндагони равияву мазҳабҳои навпайдои исломӣ ва ғайриисломӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, нигаронии аҳли ҷомеа ва мақомоти давлатиро ба вуҷуд овардааст. Ҳолати мазкур метавонад сабаби пеш омадани бенизомии комил дар бозори адабиёти динӣ, паҳн гаштани таълимоти дорои хусусиёти ифротӣ дар байни наврасону ҷавонон ва барангехтани низоъ ва хусумати динӣ дар ҷомеа гардад. Ба танзим даровардани раванди воридот, табъу нашр, интишор, фурўш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин ашёву маводи таъиноти динӣ аз ҷумлаи муҳимтарин воситаҳои танзими вазъи шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад;

— дуруст танзим нагардидани раванди гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ба Ватан барнагаштани ҳамаи донишҷўёне, ки дар хориҷи кишвар ғайрирасмӣ ба таълими динӣ фаро гирифта шудаанд, боиси афзудани воридшавии ғояву ақидаҳои равияҳои исломии барои муҳити динии Тоҷикистон нораво гаштааст. Дар оянда ба Ватан баргаштан ва ба иттиҳодияҳои динӣ ворид гардидани онҳо мумкин аст душвории навро дар муҳити динии кишвар ба вуҷуд оварад ва фазои ороми ҷомеаро халалдор созад;

— дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангии Тоҷикистон паҳн шудани барномаҳои гуногуни диниву мазҳабӣ тавассути интернет ва шабакаҳои моҳворавӣ, ки барангезандаи мафкураву ғояҳои ифротӣ маҳсуб ёфта, ба муҳити динии мо мутобиқ нестанд, боиси нигаронии ҷомеа гардидааст;

— бинобар омилҳои таърихӣ рушд наёфтан ва хусусияти куҳнапарастӣ гирифтани тафаккури динии ҷомеа дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҷомеаро нигарон намудааст, ки дар хусусияти таассубӣ ва то ҳадде хурофотӣ гирифтани тафаккур ва маърифати динии мардум ба мушоҳида мерасад;

— дар пайи тавсеа ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ, воситаҳои иттилоотӣ ва доман паҳн кардани мухолифати ғояву ақидаҳои гуногуни динӣ, муҳити динии суннатии кишвар ба дастгирии давлат эҳтиёҷ пайдо кардааст.

Дар бораи муносибати давлат ба дин бояд ҳаминро хотинишон намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба дин ҳамчун як рукни асосии фарҳанги миллӣ муносибат карда, дар бахшҳои фарҳангӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ бо созмону иттиҳодияҳои динӣ ҳамкории наздик дорад.

Солҳои охир дар натиҷаи таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва геополитикӣ ба ҳаёти ҷамъиятӣ хусусиятҳои фазои динии кишвар ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтанд. Дар ин давра заминаи ҳуқуқии танзими муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гаштаанд.

Дар асоси талаботи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидоштаро манъ намудааст, ки ногузирии меъёри мазкурро дар масири таърих таҷрибаи давлатдории миллии муосири тоҷикон собит намудааст.

Соҳибихтиёрии давлатӣ дар баробари бунёди давлати миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба эҳёи арзишҳои динӣ ва ормонҳои таърихии миллат мусоидат кард.

Айни ҳол дар мамлакат 3952 иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла 3882 масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта, 2 кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ва 1 ҷамоатхона ба ҳайси иттиҳодияҳои динии исломӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар кишвар намояндагони даҳҳо дину мазҳабҳои гуногуни ғайриисломӣ озодона зиндагӣ мекунанд, ки 67 ташкилоти динии онҳо расман сабти ном шуда, фаъолият мебаранд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди инкишофи фарҳанги исломии ҷомеа як силсила тадбирҳо, аз ҷумла таҷлил намудани 1310 – солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангии миллати тоҷик, аз ҷумла Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Абуҳомид Муҳаммади Ғазолӣ, Имом Бухорӣ, эҳёи ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакенту Ҳисорро ба анҷом расонид.

Илова бар ин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, тарҷума ва нашри Қуръони маҷид, ба забони тоҷикӣ ҳамчун ҳадя ба ҳар хонадон, бунёди калонтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, таъсиси муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии қориёни Қуръон, ба тасвиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии «Таърихи дин» ва монанди инҳо далели равшани таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дин ва арзишҳои динӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳангу ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.

Ҳадафи асосии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад.

Дар Консепсия мафҳумҳои мазҳаб, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин,  маросими динӣ,  мафкураи динӣ, озодии пайравӣ ба дин,  таассуби динӣ, таҳаммулпазирӣ, тундгароии динӣ, фаъолияти таблиғотӣ (миссионерӣ), ходимони динӣ ва экстремизм истифода бурда шудаанд, ки ҳар яки он шарҳ дода шудаанд.

Назорати амалӣ намудани Консепсияи мазкур ба зиммаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд, ки корҳои тарғиботиро ҷиҳати фаҳмондани моҳият ва мақсади он дар байни ҷомеа ба роҳ монанд.

Баҳри амалӣ намудани Консепсияи мазкур Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дар он масъалаҳои омӯзиши мавзӯъҳои «Шарҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Шарҳи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм»–ро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Масъулони соҳа пайваста бо иштироки қишрҳои мухталифи ҷомеа конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, мизҳои мудаввар ва семинарҳо баргузор карда, моҳияти қабули Консепсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин арзишҳои диниро, ки ҳамчун арзишҳои олии умумиинсонӣ мақому манзалат касб намудаанд, мефаҳмонанд.

Вазорату идораҳо низ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар шинохти сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳамчун сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида ва василаи муассири тарбияи инсони комил ба роҳ мондаанд.

Дар амал татбиқ намудани Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо менамояд, бинобар ин ҳар яки мо — сокинони мамлакат, бояд намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро гирем ва таҳти сиёсати дурнамои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем.

Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар