Асосӣ Мақолаҳо Террористон ва ифротгароён исломро на ҳимоя, балки бадном месозанд

Террористон ва ифротгароён исломро на ҳимоя, балки бадном месозанд

Террористон ва ифротгароён исломро на ҳимоя, балки бадном месозанд
2019-04-18
2478

Солҳои охир терроризму экстремизм ҷаҳонро ба гирдоби ваҳшату низоъҳои хунбор рӯ ба рӯ намудаанд. Имрӯз аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳар гуна ҳаракати даҳшатафканию ифротгароӣ боиси нооромии ҷамъият мегардад ва мардуми кишваре, ки дар он сулҳу субот ҳукмфармо нест, зиндагии орому осоишта надоранд, ба таназзул, гуруснагӣ, зулму тааддӣ ва хонавайронию гурезагӣ рӯбарӯанд.

Воқеан, ҳар лаҳза аз таркишу хунрезиҳо дар масоҷиду бозор ё ҳамлаи ҷангиёни ба ном «муҳофизи ислом» ба мактабҳо, гаравгонгирии духтарони ноболиғи мактабхон, ғарқшавии гурезагон дар баҳрҳо хабардор мегардем, ғамгин мешавем. Маҳз террористон ва ифротгароён Афғонистон, Сурия, Яман, Либия, Ироқро ба кишварҳои ҷангзада табдил додаанд. Ваҳшонияти террористон ҳадду ҳудуд надорад.
Бузургтарин олимон ва донишмандони улуми ислом борҳо таъкид доштаанд, ки даҳшатафканию ҳаракатҳои террористии шахсиятҳои тундрав ба мардуми одӣ ва исломи воқеӣ ҳеҷ рабте надорад. Онҳо собит намудаанд, ки ҳар гуна куштор бо номи ҳимоят аз ислом ҷаҳолат аст ва ҳаргиз маънои онро надорад, ки онҳо исломро муҳофизат кардаанд ё мекунанд, зеро ислом ниёз ба ҳимояи мардуми террорист надорад. Куштани мусулмоне, ки Худоро ягона ва Муҳаммадро (с) пайғабари барҳақ медонад, гуноҳи азим аст. Исломи ҳақиқӣ хама гуна хунрезиро маҳкум мекунад. Дар ҳамин ҳол, террористон бештар масҷидҳоро метарконанд, ба ҳеҷ кас, ҳатто кӯдакон, занон ва пирсолон раҳм надоранд. Нияти онҳо ба вуҷуд овардани ваҳшату бесарусомонӣ ва бароварда сохтани мақсадҳои ифлос асту бас. Ҳар рӯз иттилоъ меёбем, ки аҳолии осоишта аз дасти гурӯҳҳои ифротию тундгаро ва шахсиятҳое, ки худро ҳомӣ ва сипари ислом тасаввур мекунанду дар асл мақсадашон дигар аст, ба ҳалокат мерасанд. Намунаи ваҳшатноки ин хунрезиро мо дар Афғонистон, Яман, Ироқ ва Сурия мушоҳида мекунем. 
Мутаассифона, баъзе ҷавонони гумроҳи Осиёи Марказӣ низ ба ҳаракатҳои ифротгароию террористӣ дониставу надониста ҳамроҳ мешаванд. Мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳар моҳ аз боздошт шудани чанд тан барои ҳамроҳ шудан ба ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ хабар медиҳад. Ба андешаи ман, аҳли ҷомеа, мактабу донишгоҳҳо, ходимони фарҳангу дин бояд дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ фаъол бошанд, то ки пеши роҳи ғояҳои ин даҳшатафканӣ гирифта шавад. Нуфузу талоши гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳое зиёд аст, ки донишу фарҳанги мардум дар сатҳи лозимӣ нест. Террористону ифротгароён аз ин фурсат, аз ин вазъ истифода мебаранд. Аслиҳаи тавоно бар зидди терроризму экстремизм яроқу аслиҳа нест, балки ақидаву андеша ва донишу фарҳанги волои ҷавонон аст. Пас, моро зарур аст, ки пеши роҳи гароиши ҷавононро ба ин гурӯҳҳои нохалаф бигирем, бо донишу ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсии худ парчамбардори кишвари хеш бошем, зеро осоиштагӣ, ки бузургтарин неъмат барои мардум мебошад, дар дасти худи мост.
Ёраҳмад ҚАЛАНДАРЗОДА, сардори шуъбаи таҷрибаомӯзии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино,  номзади илмҳои биология

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар