Асосӣ Мақолаҳо Шаъбон муқаддимаи рамазон

Шаъбон муқаддимаи рамазон

Шаъбон муқаддимаи рамазон
2019-04-19
2820

Шаъбон моҳи ҳаштуми солшумории ҳиҷрии қамарӣ мебошад ва 29 рӯз дорад. Номгузории ин моҳ монанди моҳҳои дигари солшумории қамарӣ пеш аз Ислом сурат гирифтааст. Ин моҳро ба хотире Шаъбон ном гузоштаанд, ки дар рӯзҳои он қабоили араб пас аз оромиҳо дар моҳи Раҷаб, ки дар он ҷанг кардан ҳаром дониста мешуд, шуъба-шуъба мешуданд.

Бештари фарҳангнигорон асли шаъбонро аз калимаи "ташаъаба" - интишор ёфтан медонанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар рӯзҳои ин моҳ арабҳо барои талаби об тӯда-тӯда меомаданд ва ин моҳро шаъбон ном ниҳоданд. Бархе калимаи шаъбонро аз "шаъаб" ба маънои миёна донистаанд, ки дар байни моҳҳои Раҷаб ва Рамазон қарор дорад. Моҳи Шаъбон имсол аз 6-уми апрел оғоз ёфт.

Феълан моҳи шаъбон идома дорад ва ин моҳест, ки дар бештари рӯзҳои он Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) рӯза мегирифт. Дар як ҳадис аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари акрам (с) на танҳо дар рӯзҳои бештари моњи шаъбон, балки дар ҳамаи рӯзҳои он рӯзадор буд.

Дар бораи фазилати ин моҳи муаззам ҳадисҳои зиёд бо санадҳои саҳеҳ, ҳасан, заиф ва мавзӯъ ворид шудаанд.

Дар ҳадисе ба ривояти Абӯмусои Ашъарӣ, ки исноди он ҳасан мебошад, омадааст: "Дар шаби нимаи шаъбон Худованд (ҳолати бандагонашро) аз назар мегузаронад ва ба ҷуз мушрикону бадкорон (гуноҳи) халоиқро меомурзад".

Дар "Саҳеҳайн" (дар Бухорӣ бо рақами 1971 ва дар Муслим бо раками 1157) аз Ибни Аббос ривоят шудааст: "Расули Худо (с) ба ҷуз Рамазон ҳеч моҳеро комилан рӯза намегирифт". Усома ибни Зайд мегӯяд: "Гуфтам ай Расули Худо (с), ҳеч моҳеро надидам, ки дар он мисли Шаъбон рузадор бошӣ. Паёмбар (с) гуфт: Шаъбон моҳест миёни Раҷабу Рамазон ва мардум дар он ғофил мемонанд. Моњест, ки дар он аъмол (-и бандагон) ба сӯйи Парвардигори оламиён бардошта мешаванд. Ман дӯст дорам, ки амали ман дар ҳоле бардошта шавад, ки рӯзадор бошам" (ин ҳадисро Насоӣ ва Абӯдовуд зикр кардаанд).

Донишмандони бузурги мусулмон сабаби зиёд рӯза доштани Паёмбари акрам (с) дар моҳи Шаъбонро ба таври зайл арзёбӣ кардаанд:

1.Паёмбар (с) се рӯзи аввали ҳар моҳро рӯза медошт ва ба сабаби сафар ё коре дигар он амал муяссар намешуд ва Паёмбар (с) ҳамаи онро дар моҳи Шаъбон қазо медошт. Зеро Паёмбар (с) чун нофилаеро пеш мегирифт, онро собит медошт ва агар муяссар намешуд, онро қазо медошт.

2.Гуфта шудааст, ки занони Паёмбар (с) рӯзаҳои қазоии худро дар моҳи Шаъбон мегирифтанд ва Расули Худо низ он айём рӯза медошт. Аммо ин баръакси ҳадиси воридшуда аз Оиша (р) дар боби таъхири қазои рӯзаи Рамазон то Шаъбон ба хотири рӯзадорӣ бо Расули Худо аст.

3.Зикр шудааст, ки дар моҳи Шаъбон мардум аз он ғофил мешаванд ва ба ҳамин сабаб рӯза доштан дар он ба таъкид расидааст.

Дар баробари фоидаҳои ҷисмонии рӯзадорӣ дар рӯзҳои моҳи Шаъбон, он ҳамчун омодагӣ ба моҳи мубораки Рамазон дониста мешавад. Зеро чун мусулмон бо иҷрои тамринҳои пешакӣ вориди як моҳи комили рӯзадорӣ мегардад, кулфату машаққати ташнагӣ ва гуруснагӣӯро азоб намедиҳад ва Рамазонро бо неруву нишот истиқбол мегирад. Ба таври дигар бигӯем он муқаддимаи моҳи шарифи Рамазон аст. Дар ин моҳи муаззам қориёни Қуръони Худо ба такрори каломи шариф мепардозанд ва аз ҳамин ҷост, ки мохи Шаъбонро моҳи қориён низ мегӯянд. Амр ибни Қайс ал-Муллоӣ аз ҳофизони машҳури Қуръон ҳамин ки моњи Шаъбон медаромад, дӯконашро баста ба қироати Қуръон саргарм мешуд.

Шаби барот ё нимаи моҳи Шаъбони муаззам

Шаби нимаи моҳи Шаъбонро, ки бо номи шаби Барот машҳур аст, бархе муаззаму муборак медонанд. Баъзе пешиниёни ислом аз қабили Холид ибни Маъадон ва Макҳул, Авзоӣ ва Ибни Роҳвайҳ дар ин рӯз, яъне нимаи моҳи шаъбон иҷтиҳод кардаанд ва бархе дар хона ва иддае дар масҷид ибодат кардан дар ин шабро накӯ донистаанд. Аммо салавотҳои махсуса ва азкори маълумае, ки дар шаби Барот хонда мешаванд дар китобу суннат ва амали мусулмонҳои нахустин асле надоранд.

Дар баъзе сарчашмаҳо омадааст, ки Қуръон аз осмони ҳафтум ба осмони дунё дар шаби Барот, яъне шаби нимаи моњи Шаъбон фуруд оварда шудааст.

Дар Қуръони карим сураи " Духон(Дуд)", оёти 3 ва 4 омадааст:

"Мо фуруд овардем ин китобро дар шаби муборак. Ҳаройина мо будем тарсонанда. Дар он шаб файсал карда мешавад ҳар кори устувор."

Дар тафсири "Ҷалолайн", ки дар байни донишмандони мусулмони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ шӯҳрат дорад, дар бораи ин шаби муборак гуфта шудааст, ки он шаби Ќадр ё шаби нимаи моҳи Шаъбон мебошад ва дар он Қуръон аз Уммулкитоб аз осмони ҳафтум ба осмони дунё нозил шудааст.

Моҳи Шаъбон дар бештари адабиёти динии форсӣ ҳамчун муқаддимаи вуруд ба "зиёфатуллоҳ", яъне меҳмонии Худо дар моҳи Рамазон дониста шудааст. Шаъбонро ҳамчунин моҳи дуову зикру ёду таваҷҷуҳ ва ибодату истиѓфор гуфтаанд. Ин моҳро бархе мансуб ба Њазрати Муҳаммад (с) медонанд ва ин ҳадисро зикр мекунанд: Шаъбон моҳи ман аст. Ҳар ки як рӯз аз моҳи маро рӯза бигирад, биҳишт барои вай воҷиб мешавад. 

 

Зоҳири  Давлат

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар