Асосӣ Мақолаҳо Ришва аз назари ислом

Ришва аз назари ислом

Ришва аз назари ислом
2019-04-19
3070

Худованд   дар   каломи   худ   фармудааст: “ وتعاونوا علي البر والتقوي ولاتعاونوا علي الاثم والعدوان “ Ба неки  ва   худотарсӣ   якдигарро  кумак  кунед  ва ба бадию  зулм бо  ҳамдигар  ҳамёрӣ   макунед. Ин  оят   асос  ва  бунёди   таовуну   ҳамбастагӣ, некию   худотарсӣ   аст.

Паёмбари  худо  (с) фармудаанд : “ انصر اخاك ظالما او مظلوما “ Яъне  ба бародарат кумак кун, чӣ золим бошад ва чӣ мазлум .Саҳобаи киром  бо таҳайюр пурсиданд , ки ё расулаллоҳ! Мо кумаки  бародари  мазлумро фаҳмидем, аммо  ғараз  аз  золим чист? Он ҳазрат (с) фармуданд: Ӯро аз зулм боздоштан .

Худованд   дар   каломи   худ  фармудааст:”ولا تأكلوا اموالكم بينكم بالباـطل” Яъне    амволи  якдигарро  ба  тариқи  ноҷоиз махўред  . Дар  инҷо  чанд масъала қобили таваҷҷуҳ аст.Аз ҷумла ин ки дар алфози Қурони Карим اموالكم омада ва маънои аслӣ он аст “молҳои шумо” ва  дар  ин  ишора  ба ин  шуда, ки  ҳар  навъ  тасарруфи  ноҷоизеро, ки  шумо  дар  амволи дигаре анҷом медиҳед , лозим аст ин тасаввурро ҳам дошта  бошед, ки ба ҳамон андоза, ки шумо ба амволи худ муҳаббат доред, он шахс ҳам ба  ҳамон  мизон  ба  амволи  худаш  алоқа  ва  иртибот  дорад  ва биандешед, агар  шахси  дигаре ҳаммонанди амали шумо дар амволатон тасарруф мекард, чи қадар мутаҳаммили зиён мешудед! Акнун ҳам тасаввур кунед,ки гӯё он амвол аз они шумо аст.

Илова бар ин, мумкин аст ба ин ҳақиқат ҳам ишора  дошта  бошад, ки  ҳаргоҳ  касе  дар  амволи  дигаре  тасарруфи   номашруъ   бикунад, натиҷаи табиии он ин аст, ки  агар  ин  расм  ривоҷ  пайдо  кунад,пас дигарон низ дар ҷойи дигар ба  ҳамин  шева  дар  амволи  ӯ  тасарруф мекунанд ва ба ин тартиб дар ҳақиқат  роҳе  барои  тасарруфи  ноҷоиз дар амволи  хеш  ҳамвор  мекунанд. Диққат  кунед, агар  тақаллуб  дар ашёи зарурӣ марсум гардад, масалан касе дар  равған  равғани  дигаре махлут кунад, то пули бештаре ба даст биёварад, ҳар гоҳ худи ӯ ниёз ба шир дошта  бошад, соҳиби  шир  низ  дар  он  об  изофа  намуда  ба  ӯ медиҳад ва  агар  ба  масолеҳи  дигар  ниёз  дошта  бошад  дар  он ҳам тақаллуб мешавд ва агар ба дору эҳтиёҷ дошта бошад  ҳамин  масъала пеш меояд. Пас ҳар миқдор пуле, ки  шахс  аз  роҳи  тақаллуб  ба  даст биёварад, шахси   дигаре   ҳамон  маблағро   бо   найранги  дигаре  аз ҷайби ӯ дар меоварад. Ҳамчунин   пули  он   шахси   дувумро   нафари савумӣ мегирад ва ин нодон ба   ин   гумон, ки   сармояи   худро   боло мебарад, хушҳол аст, аммо ба оқибаташ намеандешад,  ки   бо   амали мутақобил, ки бо худи ӯ сурат мегирад, чи миқдор аз сармояаш боқӣ мемонад.

Пас ҳар кас, ки бар моли дигаре ба тариқи ноҷоиз қобиз мешавад, ӯ роҳе барои тасарруфи ноҷоиз дар амволи хеш боз мекунад. 

Ҳар моле ,ки ба  василаи  дуздӣ, хиёнат, фиреб , ришват,  зулм, хариду фурӯши ноҷоиз ва монанди он ҳосил шавад, қатъан ҳаром ва ноҷоиз аст.

Дар ҳадисе Паёмбари Худо (с) се нафарро лаънат, яъне  дуои бад карданд:

1. Ришвадиҳандаро.

2. Ришвагирандаро

3. Байни ин ду миёнаравро

  Дар  ҳадис  омадааст: Дуои   касе,  ки моли ҳаром бихӯрад, пазируфта намешавад, бисёре аз мардум, ки   дар   ибодот  ва   ғайра машаққати зиёде таҳаммул мекунанд ва ба боргоҳи илоҳӣ даст ба  дуо бар медоранд  ва ё раб, ё раб мегӯянд; дар ҳоле, ки ғизои онон  ҳаром, нўшидани онон  ҳаром  ва  либоси  онон  ҳаром  мебошад ,  дуои  онҳо ҳаргиз мустаҷоб намешавад.

Дар ҳадиси дигар  омадааст,  ки  он  Ҳазрат (с)  ба  ҳазрати Абдуллоҳ писари Умар (р) фармуд: чаҳор  хислат  аст, ки  ҳар  гоҳ  дар вуҷуди ту  ҷамъ  гарданд, ки  агар  ҳеҷ  чизе  дигар  аз  дунё  назди  ту набошад, танҳо ҳамонҳо барои ту кофӣ хоҳанд шуд ва онҳо иборатанд аз: 1.Ҳифзи  амонат. 2. Ростгӯӣ. 3. Хулқи  ҳасан. 4. Кӯшиш  барои  касби ҳалол .

Зикрулло Ҳомидов,

имоми масҷиди панҷвақтаи ш. Душанбе

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар