Асосӣ Мақолаҳо Терроризм-вабои аср

Терроризм-вабои аср

Терроризм-вабои аср
2019-06-13
2500

Дар замони муосир башарият ба як зумра мушкилоте рӯ ба рӯ шудааст, ки аз хавфу хатар ва таззодҳои он ҷомеаи муслимини кишварҳои олам низ истисно нест. Агар бигӯем, ки ҷаҳони ислом дар рӯзгори кунунӣ буҳрони азимеро аз сар мегузаронад, иштибоҳу муболиғае нахоҳад буд. Кӯшиши абарқудратҳои олам ба тақсими бозорҳо ва минтақаҳо, амалкарди онҳо танҳо ба нафъи геополитикии хеш, ба сари мардумони гуногундину мазҳаб ва гуногунтамаддун бор кардани арзишҳои мамолики тавоно, аз сӯи дигар – хавфи аз байн рафтани арзишҳои миллии кишварҳои хурд дар натиҷаи ҷаҳонгароӣ боиси он шуда, ки имрӯз ҷаҳони ислом пора-пораву ба ҳам мухолиф шудааст. Дар харитаи олам пайдо шудани нуқтаи доғе бо ном «ДИИШ», дар ҳама манотиқи дунё, дар ҳама давлатҳо новобаста аз дину мазҳаб густариш ёфтани мафкураи зиддиинсонии ин гурӯҳи террористӣ ба дини мубини ислом бо ҳама шукӯҳу шаҳомати инсонпарвариаш зарбаи хеле қавӣ зад. Ҳоло дар аксар кишварҳои олам аз самараи бади фаъолияти ин гурӯҳи размҷӯву пурхатар аз вуҷуди мусулмонон ҳазар мекунанд, номи поки исломро бо падидаҳои нанговаре, чун тундгароиву терроризм пайванд медиҳанд.  

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Гурӯҳҳои террористон ҷавонони гумроҳу ҷоҳил ва камогоҳ аз асли исломро бо ҳар роҳу восита ба гурӯҳҳои тундрав ва инсонкуши террористӣ ҷалб менамоянд, ки ин ҳолат низ солҳои ахир хатарзо шудааст. Агар яке аз сабабҳои ин падидаи ногувор хурофотӣ будани мафкураи ҷавонон ва гумроҳии онҳо бошад, аз ҷониби дигар, ихтилофи худи кишварҳоест, ки ағлаби аҳолиашон мусулмононанд.

Пӯшида ҳам нест, ки имрӯз худи мамолики пешрафта ва тавонои исломӣ аз нигоҳи манфиатҳояшон ба ҳам ихтилоф меварзанд ва ситеза мекунанд, яъне дар худи ҷаҳони ислом мухолифатҳои шадид ва кинаварзиҳое ба мушоҳида мерасад, ки дар натиҷаи онҳо ҳазорон-ҳазор  мусулмонон ҷони хешро қурбон мекунанд. Моҷарои Шарқи Наздик гувоҳи ин андеша аст. Сухани ҷовидонаи Иқболи Лоҳурӣ ба хотир мерасад, ки фармудааст:

                         Ислом ба зоти худ надорад айбе,

      Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост…

Имрӯз кишварҳои исломӣ ба хотири манфиатҳои минтақавии хеш байни ҳам муноқиша карда, худашон ба девори маҳками ислом рахна мезананд ва табиист, ки абарқудратҳо аз ин ҷудоиву мухолифати байниҳамдигарии мусулмонон истифода мекунанд. Як омили асосии зуҳури «ДИИШ» низ ҳамин носозгории байниҳамдигарии мусулмонҳост. Ҳатто дар усулу тартиби мубориза бо ин падидаи пурхатар миёни мамолики исломӣ ҳусни тафоҳум нест. Маълум, ки ҳар кишвар манфиате дорад ва маҳз ҳамин ихтилофи манфиатҳо боиси сарсониву парокандагии ҳазорон-ҳазор мусулмонони бегуноҳ шудааст. Буҳронҳои азим дар ҷаҳони ислом то вақте боқӣ хоҳад монд, ки худи сарони кишварҳои исломӣманфиатҳои хешро бо ҳамдигар созиш надиҳанд, ба истиқлоли кишварҳо, озодиҳои эътиқодии мардумони он кишварҳо, таҷрибаи давлатдории таърихии онҳо, урфу одат, расму ойини диндориашон арҷва эҳтиром нагузоранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, мутаассифона, акси садои мухолифатҳо дар ҷаҳони ислом ба мушоҳида мерасад. Номутаносиб ва муташанниҷ будани вазъ дар Афғонистон бар асари даргириҳои дохилӣ ва аксаран ҷавонони муҳоҷири кориро дар Русия ба доми хеш ҷалб намудани мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгаро  ҳоло аз муаммоҳои ҷиддии кишвари мост. Аз ҷониби дигар, густариш ёфтани афкори пурхатари салафия, ҷараёнҳои тундрави такфирӣ масъалае ҳаст, ки ба иттиҳоди мусулмонони Тоҷикистон рахна заданӣ мешаванд.

Барои Тоҷикистон шакли дунявии давлатдорӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои эътиқоди ҳама намояндагони динҳо ва мазҳабҳоро ба таври комил таъмин мекунад, хеле созгор аст. Ҳозир аксарияти мардуми кишварро пайравони мазҳаби ҳанафӣ ташкил медиҳанд, аҳли насоро ва исмоилиҳо низ озодона фаъолият мекунанд.

Ниҳоятан, падидаҳои хавфноке чун терроризму экстремизми динӣ муборизаи муттаҳидаро тақозо мекунанд ва ин корро дар маслиҳату машварат бо ҳама кишварҳои мусулмоннишин метавон беҳтару муассиртар ба роҳ монд.

Ҳар як шахс бояд донад, ки дини мубини ислом дини зулму ситам, куштору ваҳшоният набуда, балки дини раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, некиву накӯкорист. Ислом динест, ки мардумро ба сӯи иттифоқу ваҳдат даъват намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа, ифрот, тафрит ва иғвогарӣ бозмедорад ва он корҳое, ки дар Ироқу Сурия, Либиёву Яман ва дигар минтақаҳо аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешаванд, ба ислом заррае ҳам робита надорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки террорист дин, миллат мазҳаб надорад. Ин падидаи нанговар мебошад ва ба дини мубини ислом ва ё динҳои дигар мутааллиқ нест.

Инсоният новобаста аз дину оину мазҳабу эътиқод, ирқу нажоду ранги пӯст, симои зоҳирӣ, макони зист ва ғайра бандаи Худованд аст ва дар назди Парвардигор амонатдор мебошад. Парвардигори олам дар ояти 72-и сураи «Аҳзоб» фармудааст: «Ба ростӣ, Мо амонатро бар осмонҳову замину кӯҳҳо арз кардем, пас, қабул накарданд, ки онро бардоранд ва аз он битарсиданд; ва одамӣ онро бардошт;…».

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ низ дар ин бобат гуфтаанд:

Осмон бори амонат натавонист кашид,

Қуръаи фол ба номи мани девона заданд.

Яъне, амонати тамоми ҳаёти рӯи замин бар дӯши ҳамаи инсонҳост, аммо имрӯз дар баъзе мамлакати дунё қатлу ғорат, хунрезӣ ва ҷангу ҷидол ҷой дошта, ҳатто вабои аср - экстремизм ва терроризм, рӯз то рӯз зиёдтар ба чашм мерасад.

Инсоният дар назди Парвардигораш амонатдор аст, ки худашро, танашро, обу хоки ҷои зисташро ҳифз намояд. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳаёти ҳар инсон аз ҷониби инсони дигар воҷиб аст.

Соли сипаришуда Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ хеле ғамхорона доир ба мубориза бо экстремизму терроризм суханронӣ намуда, ин корро яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ номиданд: “Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад. Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020-ро таҳия ва пешниҳод намояд”.

Дар ин сухани Пешвои миллат масъулияти бузурге дар назди миллат ва ғамхорӣ нисбат ба хурду калони ин сарзамин мушоҳида мешавад. Ин суханронии дилсӯзонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр ҳадиси Расули акрам Муҳаммад Мустафо (с)-ро ба хотир меорад, ки фармудаанд: “Куллукум роъин ва куллукум масъулун ъан раиятиҳи” (Ҳар кадоми шумо барои раияти худатон масъул ҳастед). Ин ҳадиси муборак ҳар як шахси масъулро вазифадор менамояд, ки дар назди тобеон ва мардум масъулияти зиёдро эҳсос намояд. Он чунон ки ҳар падар дар муҳити оила масъули аҳли хонаводааш аст. Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллатамон барои тинҷию амонии мамлакат ва тамоми сокинони он доимо ғамхорона саъю кӯшиш менамоянд.

Пӯшида нест, ки баъзе аз кишварҳо ба таври ошкоро ва ё пинҳонӣ  ташкилоту созмонҳои террористиро ҷонибдорӣ менамоянд. Ин ҳолат Сарвари давлатро водор сохт, то  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда, чунин ибрози андеша намоянд: “Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла, дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд”.

Муборизаи беамон бо экстремизм ва тероризм яке аз роҳҳои таъмин намудани оромӣ дар кишвар аст. То даме ҳар фарди ҷомеаи шаҳрвандии мо ақидаи солими меҳанпарастонаро дар ниҳодаш парвариш накунад, ободии кишвар ба мушкилӣ дучор хоҳад гашт.

Моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳарактҳои ба ном исломӣ ва хоинони миллат огоҳ созем. Бигзор ҳамагон бидонанд, ки дини мубини ислом василаи қаринсозандае байни Худованду бандагонаш мебошад, на омиле баҳри вайронсозии ҷомеаи ҷаҳон.  

Агар мо тавонем, ки ҳақиқатро ба ҳамагон расонем, ҷавонони тоҷик дигар ба доми ташкилотиифротиву террористӣ намеафтанд ва дигар касе наметавонад мардуми моро бо шиорҳои дурӯғини худ фирефта намуда, дар ҷомеаи навини тоҷикон тафриқа эҷод намояд. Сулҳи тоҷикон ба арзонӣ ба даст наомадааст, аз ин рӯ мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем то ин сулҳ ҷовидон пойдор бимонад ва мероси наслҳои ояндаи мо бигардад!

Абдулвоҳид Ҳомидов,

омӯзгори калони Донишкадаи исломии Тоҷикистон

ва мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии

Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар