Асосӣ Мақолаҳо ШУМО ПУРСИДЕД…Хурофот чист ва чӣ маънӣ дорад? Оё он бо дин тавъам аст?

ШУМО ПУРСИДЕД…Хурофот чист ва чӣ маънӣ дорад? Оё он бо дин тавъам аст?

ШУМО ПУРСИДЕД…Хурофот чист ва чӣ маънӣ дорад? Оё он бо дин тавъам аст?
2019-07-13
3677

ДУШАНБЕ, 08.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Инсон, ба қавли Суқрот, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи дониш, дар пайи донистану дарк кардани ашё ва ҳодисаҳо бошад, кӯшиш намояд, ки дар худ хислатҳои некро парвариш диҳад. Аз ин лиҳоз, агар инсон надонад, ки ин ё он чиро намедонад, айб аст. Вале агар донад, ки намедонад ва бипурсад, айбе нест.

САВОЛ: Хурофот чист ва чӣ маънӣ дорад? Оё он бо дин тавъам аст?

Хушанг ҶУМЪАЕВ, 
донишҷӯи курси чоруми факултети Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонба номи академик М.С. Осимӣ

 ҶАВОБ: Биёед аввал бубинем, ки «хурофот» чист. Дар китоби дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Нашриёти «Советская энсиклопедия, Москва, 1969), ки луғати тафсирии забони классики тоҷик аст ва тақрибан 45 ҳазор калимаю ибораро дар бар гирифта, дар вақташ аз тарафи Академияи илмҳои Тоҷикистон зери назари донишмандону адибони забардасти мо тартиб дода шудааст, дар мавриди мафҳуми «хурофот» чунин омадааст: «Сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос».

Албатта намешавад гуфт, ки хурофот ва дин як чизанд ё ба ҳам тавъаманд. Ҷанбаи муҳимтарини ҳамаи динҳо, аз ҷумла дини Ислом ахлоқ аст.Вақте ки аз Муҳаммад пайғамбар (с) мепурсанд, ки дин чист? Дар ҷавоб мегуяд: «Ахлоқи ҳамида аст». Ахлоқ аз масъалаҳои муҳими илм ба ҳисоб меравад ва бо сиёсат, ҳуқуқ, санъат, фалсафа, дин барин шаклҳои шуури ҷамъиятӣ зич алоқаманд аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо таъкид намудаанд, ки гузаштагони мо бо дастовардҳои арзишманди илмиву ахлоқии худ дар тӯли садсолаҳо ба рушди маънавии башарият саҳми беназир гузоштаанд.

«Дар ин самт, омӯзиши таълимоти асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам ва дигар фарзандони фарзонаи халқи тоҷик — Муҳаммад ал-Бухорӣ, Абӯҳафси Кабири Бухороӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯҳакими Самарқандӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мотуридии Самарқандӣ ва дигарон, ки дар рушди илму ирфон ва донишу фалсафаи башарӣ ҳиссаи арзишманду бебаҳс гузоштаанд, бисёр муҳим мебошад», — гуфтанд Сарвари давлат 12 майи соли 2018 дар мулоқот бо аҳли ҷомеи кишвар.

Вале хурофот аз боварии кӯркӯрона ба бофтаю сохтаҳо дар атрофи аҳкоми динӣ низ пайдо мешавад, ки онро хурофоти динӣ маноманд. Иддае аз аъзои ҷомеаи мо, мутаассифона, имрӯз гирифтори хамин гуна хурофот гардидаанд, ки ба рушди инсон, инкишофи илму техника ва пешрафти соҳаҳои гуногун таъсири манфӣ мерасонад.

Таваҷҷуҳ кунед ба порае аз мақолаи Ҷамолиддин АБДУКАРИМОВ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров. Муаллиф дар он баин савол посухмедиҳад:

«Хурофот дар аксари маврид мардумро гирифтори худ сохта,барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеъ мешавад. Аз нуқтаи назари таълимоти динӣ хурофот чизест, ки аз доираи дин ва аҳкоми он берун аст. Аз нигоҳи илмӣ бошад, хурофот чизест, ки исбот нашуда, бештар бофтаву сохта аст. Хурофот дар фарҳангномаҳо маҷмӯи асотиру қиссаҳо, ривоят, ақидаву тасаввурот ва расму анъанаҳои ботилу беасосеро ифода мекунад, ки ба ақл, донишу маърифат, мантиқ ва воқеият созгор нестанд. Аз ин лиҳоз, хурофотпарастӣ аз пайравии ақидаҳои ботил ва беасос иборат буда, ақоиду боварҳое, ки онҳоро шахси хурофотпараст пайравӣ мекунад, ба дараҷаи фарҳанг ва фаҳмишу дониши он ҷомеа, ки ин шахс фарди он мебошад, ҳеҷ қаробату иртиботе надоранд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ оид ба решаҳои таърихии пайдоиши мафҳуми «хурофот» маълумоти зиѐд мавҷуданд. Масалан, Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар «Муснад»-и хеш чунин овардааст, ки Бани Узро ном қабилаи араб дар давраи ҷоҳилият (пеш аз ислом- А.Ҷ.) офтобро парастиш менамудаанд. Рӯзе Хурофа ном шахсро аз қавми мазкур ҷинҳо ба манзили худ гирифта мебаранд. Чун ба манзили худ мерасад, Хурофа (Хурофот) дидаву мушоҳидаҳои хешро доир ба ҳаёти ҷинҳо ба мардум нақл мекунад. Аммо мардум ба гуфтаву бофтаҳои ӯ бовар намекарданд. Бинобар ҳамин мардум агар ягон сухани берун аз шуури инсонро шунаванд, мегуфтанд, ки «ин ба суханҳои Хурофа монанд аст», яъне хурофот аст.

Хурофот, нодонӣ, макру ҳиял, ҷаҳолатро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкоми аркони ислом, шариат ва Расули Акрам маҳкум менамоянд ва онро қабул надоранд.

Вале хурофот асосан аз нодонӣ, маҳдуд будани донишу маърифат,ҷоҳилии одамон сар мезанад. Он аз шавқу ҳаваси зиёд, хаёлпарастӣ ва боварӣ ба чизҳое, ки дарки онҳо аз доираи қудрати шуури инсон берун мебошад низ пайдо мешавад. Хурофот ин боварӣ ба чизи беасос ё ғайриилмӣ дар мавриди ашё ва нақши падидаҳо дар ҷаҳон аст, ки ин боварӣ дар асоси тақлид шакл гирифта, одатан бо манфиатҳо пайваста аст. Бинобар ин хурофот бо муъҷиза ва тилисм ҳамроҳ аст. Аз ин ҷо, хурофот боварӣ ба қувваи фавқулодаи сеҳромозест, ки аз олами тахайюлӣ сарчашма гирифта, бо фарҳанг омехта гардида, тавассути аъзои ҷомеа ҳамчун як амри табиӣ пазируфта шудааст…».

 Бознашр аз сомонаи Ховар

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар