Савол № 01027

Устод, калимаи шиъа дар Қуръону ҳадис зикр шудааст?

Савол:

Ассалому алайкум. Устод, калимаи шиъа дар Қуръону ҳадис зикр шудааст?

Саволдиҳанда: Самад

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, калимаи “шиъа”  дар луғат гурӯҳи алоҳида, ки барои амре ҷамъ шаванд ва ба маънои пайрав ва тарафдор меояд ва шакли ҷамъи он “шияъ” ва “ашёъ” мебошад. Дар Қуръони карим ин калима дар сураҳои “Марям”, 69, “Қасас”, 15, “Соффот”, 83, “Қамар”, 51 ва “Ҳиҷр”, 10 омадааст, ки фақат маънои қавму гурӯҳ ва пайравро ифода мекунад. Аммо маънои истилоҳии он ҳамчун гурӯҳи алоҳида, ки имрӯз бо номи “шиъа” ва “аҳли ташайюъ” маълум аст, дар Қуръон ва аҳодиси набавӣ ворид нашудааст.

2017-04-08
4249
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:14
Пешин12:40
Аср17:14
Шом19:13
Хуфтан20:44