Савол № 01044

Ҳангоми таҳорат кардан аз бинӣ ё дандон хун ҷорӣ шавад, бояд аз нав таҳорат кард?

Савол:

Ассалому алайкум домулло. Ҳангоми таҳорат кардан аз бинӣ ё дандон хун ҷорӣ шавад, бояд аз нав таҳорат кард?

Саволдиҳанда: Нодир

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз дидгоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ бо ҷорӣ шудани хун таҳорат мешиканад ва таҳорати нав лозим аст. Бинобар ин, агар дар аснои таҳорат хун ҷорӣ шавад, таҷдид ва аз нав гирифтани таҳорат ҳатмӣ мебошад. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Вузӯ (таҳорат) аз ҳар хуни ҷорӣ лозим мегардад”. (Ривояти Дорақутнӣ).

2017-04-15
4066
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53