Савол № 01141

Ман аз ватан хеле дур ҳастам ва мехоҳам оиладор шавам, аммо духтаре, ки бо вай издивоҷ кардан мехоҳам, католик аст. Ӯ мегӯяд, ки агар мусулмон шавам, падарам маро намебахшад. Оё ман метавонам, ки бо ин духтар оила бунёд кунам?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман аз ватан хеле дур ҳастам ва мехоҳам оиладор шавам, аммо духтаре, ки бо вай издивоҷ кардан мехоҳам, католик аст. Ӯ мегӯяд, ки агар мусулмон шавам, падарам маро намебахшад. Оё ман метавонам, ки бо ин духтар оила бунёд кунам?

Саволдиҳанда: Мартин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) никоҳи кофираи китобӣ (яҳудӣ ё насронӣ) саҳеҳ аст, ба шарте ки ба китоби муқаддасашон бовар дошта бошад, вагарна никоҳаш дуруст намешавад. Барои никоҳ мусулмон шудани ӯ шарт нест, агар пеш аз никоҳ мусулмон шавад, беҳтар аст ва аҷри бузург дорад. Агар шумо муносибати нек кунеду дар оянда мусулмон шавад, дар савоби тамоми ибодатҳояш баробар шарик мешавед. (“Мухтасару-виқоя”, с.49) 

2017-05-18
4532
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51